Дар доираи 11-умин намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Интурмаркет-2016» дар шаҳри Маскави Федератсияи Россия бо ташаббуси ширкати «Экспотур» ҶДММ Сафеддара имкониятҳои сайёҳӣ ва хизматрасониҳои хешро муаррифӣ сохт. «Интурмаркет» ягона муаррификунандаи ширкатҳои сайёҳии Россия ва кишварҳои наздик ба он, аз қабили Испания, Миср, Марокаш, Булғористон, Чин ва аксари кишварҳои пасошуравӣ маҳсуб мешавад.
Нисбат ба дигар ширкатҳои сайёҳӣ, ки хориҷиёнро ба сайёҳати доманакӯҳҳо ва дигар мавзеъҳои зебои Тоҷикистон сафарбар мекунанд, ширкати Сафеддара аз он ҷиҳат дар маркази таваҷҷуҳи сайёҳон қарор гирифт, ки дар баробари дар баландии кӯҳҳо ҷойгир шуданаш шароити ҳамаҷиҳатаи зиндагонӣ, аз қабили меҳмонхона, тарабхона, маркази шабонаи дилхушӣ, ҷиҳози варзишиву дигар анвои истироҳатро дорост.
Сафеддара ягона машқгоҳи варзишии зимистона дар Тоҷикистон буда, солона ҳудуди 3 ҳазор нафар ба ин минтақа барои истироҳат мераванд. Маҷмааи мазкур ҳанӯз дар даҳаи 70-уми асри гузашта дар замони собиқ Шӯравӣ бунёд шуда, дар баландии 2300 метр ҷойгир шудааст. Иқлиму мавқеи ҷуғрофии ин минтақа дар дараи Такоби Варзоб имкон медиҳад, ки барф дар ин ҷой то моҳи май об нашавад. То охирҳои соли 2015 ин минтақа дар ихтиёри Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ буд ва аҳволи он қадар хуб надошт. Барои ҳамин Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амвол минтақаи Сафедоракро барои эҳё ва бозсозии дубора ба ихтиёри ширкати Сафеддара супорид.
Ин ширкат саъй дорад, ки дар давоми 5 соли оянда ба ин минтақа 45 миллион сомонӣ сармоягузорӣ карда, 120 ҷойи нави корӣ таъсис диҳад ва онро ба беҳтарин минтақаи сайёҳӣ ва варзишии зимистона табдил диҳад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>