Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Обанбори Норак

191

Обанбори Норак - дар дарёи Вахш, назди шаҳри Норак, вилояти Хатлон ҷойгир аст. Обанбори Норак барои таъмини Нерӯгоҳи барқии обии Норак бо об сохта шудааст.

Обанбори Норак чунин параметрҳо (сатҳу ҳаҷм)-ро дорост:
масоҳати обанбор – 98 км²;
дарозии обанбор дар сурати сатҳи максималӣ – 70 км;
чуқурии миёна - 107 м;
фаррохӣ - 5 км;
ҳаҷми умумии лоиҳавӣ – 10,5 км3;
ҳаҷми фоиданоки лоиҳавӣ – 4,5 км3;
баландии призмаи истифодашаванда – 53 м;
сатҳи максималии об – 910 м;
сатҳи минималии об - 857 м.
То 1 январи соли 2010 Нерӯгоҳи барқии обии Норак 353,6 млрд. кВт.соат нерўи барқ истеҳсол кардааст.
Обанбори Норак бо шабакаҳои НБО Норак пайваст аст. Обанбори Норак дар солҳои 70 - уми асри XX бо об пур карда шудааст. Оби обанбори Норак на танҳо барои истеҳсоли нерӯи барқ, инчунин ба воситаи нақбҳои махсус (нақби Данғара дарозиаш — 14 км.) барои обёрии заминҳои корам истифода бурда мешавад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

2909

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика