Агар қисмате аз сайёҳони хориҷӣ ба кишвари офтобрӯяи мо бо мақсади сайру саёҳат ва ҳаловат бурдан аз боду ҳавои мусоиди ҷумҳурӣ ташриф биёваранд, пас қисмати дигар бо ҳадафи барқарорсозии саломатии хеш ба Ватани аҷдодии мо сафар менамоянд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон осоишгоҳу табобатгоҳҳои зиёде мавҷуд аст, ки дар онҳо барои қабули беморон тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё мебошад. Яке аз чунин ҷойҳои зебоманзар ва барои табобату истироҳат муфид Осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм», воқеъ дар ноҳияи Варзоб мебошад, ки аз соли 1935 то инҷониб меҳмононро қабул менамояд. Ин осоишгоҳ дар баландии қариб 2000 метр аз сатҳи баҳр, дар нишебии қаторкӯҳҳои зебои Ҳисор ҷойгир буда, дар атрофи он ҷангалҳои боҳашамат ҷой гирифтаанд. Дар ин макон барои сайёҳон ва истироҳаткунандагон тамоми шароитҳои истироҳативу маишӣ фароҳам оварда шудааст.
Осоишгоҳи "Хоҷа Оби Гарм" ягона осоишгоҳест, ки дар он беморонро ба буғи радиоактивӣ муолиҷа мекунанд.
Бознашр аз ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа» №31(483) аз 02-08-2018
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>