Лоињаи
ЌОНУНИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН
Дар бораи политсия
Ќонуни мазкур мафњумњои асосї, асосњои њуќуќии фаъолият, сохтори ташкиливу њуќуќї, самтњои асосї ва принсипњои фаъолият, сохтори политсияи Вазорати корњои дохилии Ҷумњурии Тоҷикистон, мавќеи он дар низоми маќомоти марказии њокимияти иљроияи ва тамоюли њамкории политсия бо ҷомеаро муайян намуда, тартиби ќабул ба хизмат, адои хизмат, таъмини кафолатњои давлатии њуќуќї ва иљтимої, инчунин тартиби таъминоти молиявї, моддию техникї ва назорати фаъолияти политсияро ба танзим медарорад.
БОБИ 1. МУЌАРРАРОТИ УМУМЇ
Моддаи 1. Мафњумњои асосї
Дар Ќонуни мазкур мафњумњои асосии зерин истифода мешаванд:
- политсия - дар Љумњурии Тољикистон маќоми иљроияи марказии њокимияти давлатї, маќомоти касбї ва мусаллањонаи њокимияти давлатї (сохтори таркибии маќомоти корњои дохилии Љумњурии Тољикистон) мебошад, ки ба низоми хизмати давлатии Ҷумњурии Тоҷикистон дохил мегардад.
Политсия њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, тартибот ва амнияти љамъиятї, манфиатњои љамъияту давлатро аз кирдорњои зиддињуќуќї муњофизат намуда, тибќи Ваколати пешбининамудаи Ќонуни мазкур истифодаи чорањои пешгирї, бурдани корњои профилактикї, тањќиќ, тафтиши љиноятњо (њуќуќвайронкунињо), иљроиши чорањои маљбурї ва дигар чорањои ќабулгардидаро таъмин менамояд.
Шахсоне, ки дар политсия фаъолият мебаранд, ба корманди политсия ва коргари политсия људо мегарданд.
- корманди политсия – шањрванди Љумњурии Тољикистон мебошад, ки њуќуќу уњдарорињои хизматии хешро оид ба адои хизмати давлатї дар маќомоти корњои дохилї бар дўш гирифтааст;
- коргари (хизматчии) политсия - хизматчиёни давлатии шањрвандї мебошанд, ки фаъолияти ёрирасониро (хизматрасонї) иљро менамояд;
- асосњои кофї - агар шахс дар лањзаи содир намудан ё бевосита пас аз содир намудани љиноят ё њуќуќвайронкунии маъмурї дастгир шуда бошад, агар шоњидон, ё љабрдида бевосита ба шахси мазкур њамчун шахси љиноят ё њуќуќвайронкунии маъмурї содирнамуда нишон дињанд, агар дар бадани шахси мазкур, сару либоси дар тан ва дар бари ў мављуд буда, дигар ашёњои аз љониби ў истифодашаванда, дар љойи содир шудани љиноят ё њуќуќвайронкунии маъмурї, љойи кор, дар манзил ё воситаи наќлиёти ў изњои аёне дарёфт шаванд, ки аз алоќамандии ў ба ќонуншиканї гувоњї медињанд;
- асосњои кофї – ин мављуд ва дастрас будани маълумоти воќеї ё њолате, ки барои баровардани ќарор ва ё анљом додани амал басанда мебошад.
- маълумоти кофї – ахборот, хабар, иттилоот ва маљмўи басандаи онњо вобаста ба воќеа, њодиса ва њолати кор, ки ба зиёдтар аз он эњтиёљ набошад;
- маќоми давлатї – воњиди сохтории дастгоњи давлатї, ки тибќи салоњият ва сохтори муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќї ваколати давлатию њокимиятиро дар шакли ташкилию њуќуќии ба худ хос, амалї менамояд;
- шахси мансабдори давлатї – шахсе, ки ба таври доимї, муваќќатї ё бо ваколати махсус мансабњои давлатии њокимияти давлатиро барои амалї намудани њокимияти давлатї ва салоњияти маќомоти давлатї, ишѓол менамояд;
- уњдадории мансабї – уњдадорињои пешбининамудаи мансаби мушаххаси давлатї, ки љавобгўи маќсад ва вазифањои маќомоти давлатї буда, хизматчии давлатї дар доираи меъёрњои муќарраркардаи ќонун ва санадњои меъёрии њуќуќї иљро мекунад.
- талаботи тахассусї – талаботе, ки бо маќсади майян кардани тайёрии касбї ва мувофиќат ба мансаби мушаххаси давлатии хизмати давлатї ба шањрвандон њангоми ќабул шудан ба хизмати давлатї ва хизматчиёни давлатї барои ишѓоли мансаби баландтари давлатии хизмати давлатї муќаррар карда мешавад;
- хешовандони наздик – падару модар, фарзандон, фарзандхондшуда, фарзандхондкарда, хоњару бародар, бобову бибї (модаркалон), инчунин њамсар.
Моддаи 2. Асосњои њуќуќии фаъолияти политсия
Асосњои њуќуќии фаъолияти политсияро Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, Ќонуни мазкур ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон, инчунин санадњои њуќуќии байналмилалие, ки Тољикистон онњоро эътироф намудааст, ташкил медињад.
Моддаи 3. Принсипњои фаъолияти политсия
Фаъолияти политсия дар асоси принсипњои зерин ба роњ монда мешавад:
- садоќат ба Ватан, беғаразона ва содиќона хизмат кардан ба халќи Љумњурии Тољикистон
- ќонуният;
- эњтироми њуќуќу озодињо, ќадр ва номуси инсон ва шањрванд;
- баробарии њама дар назди ќонун;
- адолати иљтимої;
- инсондўстї;
- касбият ва салоњиятнокии корманди политсия;
- устувории њайати шахсии политсия ва љоннисорї дар иљрои вазифањои хизматї;
- яккасардорї ва мутамарказии идоракунии он;
- њисоботдињї, мувофиќат, њамкорї ва њамдигарфањмї бо љомеа;
- шаффофияти фаъолият дар доираи муќаррарнамудаи ќонунгузорї;
- ғайрињизбї будани хизмат дар политсия;
- истифодаи дастовардњои илму техника ва системањои технологию иттилоотї.
Моддаи 4. Самтњои асосии фаъолияти политсия
Самтњои асосии фаъолияти политсия тибќи Ќонуни мазкур инњо мебошанд:
- таъмин намудани њимояи њаёт ва саломатї, њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд аз кирдорњои ѓайриќонунї;
- дар доираи муќаррарнамудаи ќонунгузорї амалї намудани таблиѓоти њуќуќї дар байни шахсони воќеї ва њуќуќї сарфи назар аз шакли моликият;
- њифзи тартиботи љамъиятї ва таъмини амнияти љамъиятї;
- пешгирии љиноятњо ва њуќуќвайронкунињои маъмурї;
- ошкор ва кушодани љиноятњо, кофтукови шахсони онњоро содиркарда, шахсони бе ному нишон ѓайбзада ва муайян кардани шахсияти љасадњои шинохтанашуда;
- амалї намудани фаъолияти оперативї-љустуљўї;
- тањќиќ ва тафтиши пешакии парвандањои љиноятї;
- огоњонидан, ошкор ва пешгирї намудани њолатњои терроризм, экстремизм, коррупсия, фурўши ѓайриќонунии силоњ, гардиши ѓайриќонунии маводи мухаддир, савдои одамон ва иштирок дар амалиётњои зиддитеррористї;
- њимояи њамагуна шаклњои моликият аз кирдорњои ѓайриќонунї;
- пешбурди парвандањои маъмурї ва иљроиши љазоњои маъмурї;
- таъмини бехатарии њаракат дар роњ;
- таъмини бехатарї ва роњбаладї дар хатсайр њангоми кашондани маводњои махсусан хатарнок;
- иљроиш ва бурдани назорат оид ба риояи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи силоњ;
- њимояи давлатии љабрдидагон, шоњидон ва дигар иштирокчиёни мурофиаи судии љиноятї ва дигар шахсони њифзшаванда;
- расонидани кўмак ба шахсони воќеї ва њуќуќї дар њифзи њуќуќ ва манфиатњои онњо.
-амалї намудани фаъолияти ташхисї (экспертї) ва ташхиси (экспертизаи) криминалистї;
- амалї намудани фаъолияти шиносномавї, баќайдгирї ва назорати будубоши шањрвандони хориљї, масъалањои шањрвандї ва гурезањо.
Моддаи 5. Таъмини њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд дар фаъолияти политсия
1. Политсия њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрвандро ќатъи назар аз миллат, нажод, љинс, шањрвандї, забон, эътиќоди динї, мавќеи сиёсї, тањсилот, вазъи иљтимої ва молумулкї њимоя мекунад.
2. Мањдуд кардани њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд, ба истиснои њолатњои пешбининамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, манъ аст.
3. Корманди политсия дар њолатњои мањдудкунии њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд вазифадор аст, ба ў асос ва сабабњои чунин мањдудият, инчунин њуќуќ ва уњдадорињои ўро вобаста ба ин њолатњо фањмонад ва барои шинос шудан бо маводе, ки ба мањдуд кардани њуќуќ ва озодињои шахс асос шудаанд, имконият дињад.
4. Ба корманди политсия истифодаи муносибати берањмона ё паст задани шаъну шарафи инсон ва шањрванд манъ аст. Корманди политсия безарурият набояд амалњоеро анљом дињад, ки дар натиља метавонад ба инсон ва шањрванд зарари љисмонї, молумулкї ва маънавї расонида шавад.
5. Политсия бе розигии инсон ва шањрванд дар бораи њаёти шахсї ва оилавии ў, њуќуќи љамъ овардан, нигоњ доштан, истифода бурдан ё пањн кардани маълумотро надорад, ба истиснои њолатњои пешбининамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон.
6. Ба корманди политсия ифшо намудани маълумотњое, ки сирри давлатї ва хизматї, инчунин дигар маълумотњои аз љониби ќонун њифзшавандаро ташкил медињанд, манъ аст.
7. Амали корманди политсия, ки њуќуќу озодињои инсон ва шањрвандро мањдуд месозад, фавран ќатъ карда мешавад, агар маќсади ќонунї ба даст омада бошад ё муайян карда шавад, ки ин маќсад наметавонад ё набояд бо роњи мањдуд кардани њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд ба даст оварда шавад.
8. Корманди политсия њуќуќњои шахсони дастгиршуда ва њабсгардидаро (аз љумла, њуќуќуи шоњидї надодан нисбати худ ва хешовандони наздик, истифода бурдан аз њимоятгар ва ѓайра) эълон ва таъмин менамояд, дар давоми се соат баъди воќеан дастгиршавии шахс протоколи дастгиркуниро тартиб дода, як нусхаи онро бо дастхат ба дастгиршуда ё намояндаи ќонунии ў месупорад, дар њолатњои зарурї бо дархости дастгиршуда муоинаи тиббии ўро мегузаронад, дар давоми 12 соат аз лањзаи дастгиркунии воќеї дар бораи дастгир намудан ва љои нигоњ доштани дастгиршуда, аъзои болиѓи оила ё хешовандони наздики ўро хабардор мекунад ё ба худи дастгиршуда имконияти чунин хабардор карданро медињад ва дар муддати 24 соат аз лањзаи дастгиркунї ба прокурор хабар медињад, дар мавриди зарурат барои расонидани кўмаки аввалияи тиббї тадбирњо меандешад, инчунин хатареро, ки ба њаёт, саломатї ё молу мулк дар натиљаи дастгиркунї ё ба њабс гирифтани шахс тањдид мекунад, бартараф менамояд.
9. Аз њаракати (бењаракатии) корманди политсия, ки њуќуќ ва манфиатњои ќонунии шањрванд, маќомоти давлатї, иттињодияи љамъиятї, ташкилоти динї ва ё ташкилотњои дигарро поймол мекунад, ба роњбарияти болоии политсия ё Комиссияи махсуси назди Вазорати корњои дохилї, маќомоти прокуратура ё суд шикоят овардан мумкин аст.
Моддаи 6. Њамкории политсия бо маќомоти давлатї, иттињодияњои љамъиятї ва ташкилотњо
1. Политсия дар иљрои вазифањои ба зимма доштаи худ бо маќомоти њокимияти давлатї, иттињодияњои љамъиятї, ташкилотњо ва шањрвандон њамкорї менамояд.
2. Њар як корманди политсия барои дар рўњияи боварї, њамдигарфањмї ва хайрхоњї нигоњ доштани робитаи ќавї бо љомеа, масъул аст.
3. Иттињодияњои љамъиятї, гурўњњои ташаббусї, дружиначии ихтиёрї, ташкилотњо, шахсони њуќуќї ва дигар шањрвандон метавонанд ба таври ихтиёрї, барои њалли вазифањои дар назди политсия гузошташуда, иштирок намоянд.
4. Бо маќсади таъмин намудани иштироки љомеа дар ислоњоту рушди фаъолияти политсия ва мустањакам намудани боварии ањолї ба политсия:
1) дар назди Вазорати корњои дохилї ва раёсатњои минтаќавии он Шӯрои љамъиятї оид ба мусоидати љомеаи шањрвандї ба ислоњоти милитсия таъсис дода мешавад, ки дар асоси Низомномаи тасдиќнамудаи Вазири корњои дохилии Љумњурии Тољикистон фаъолият мебарад.
2) дар назди маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї Шўрои љамъиятї оид ба мусоидати љомеаи шањрвандї дар таъмини тартиботи љамъиятї таъсис дода мешавад, ки Низомномаи он аз љониби Вазири корњои дохилии Љумњурии Тољикистон тасдиќ карда мешавад.
5. Шўроњои љамъиятї дар асоси иштироки ихтиёрии шањрвандони фаъоли Љумњурии Тољикистон, намояндагони ташкилотњо ва иттињодияњои љамъиятї таъсис дода мешаванд.
1) Шӯрои ҷамъиятї оид ба мусоидати љомеаи шањрвандї дар таъмини тартиботи ҷамъиятиро раиси маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї роњбарї мекунад ва ба њайати он намояндаи политсия дар сатњи сардори Шўъба, шўъбача ва ё муовинони онњо, инчунин сокинони фаъоли мањалањо ва дигар намояндагони љомеаи шањрвандї шомил шуда метавонанд.
2) дар њайати Шўрои љамъиятии мазкур мансаби нозир оид ба кор бо ноболиғон ва мансаби нозир оид ба пешгирии зўроварї дар оила таъсис дода мешавад. Ин нозирон ба муовини раиси маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї, ки самти фаъолияти мазкурро роњбарї мекунад, тобеъ мебошад. Мансаби нозир оид ба кор бо ноболиғон ва мансаби нозир оид ба пешгирии зўроварї дар оила аз њисоби буљети мањаллї маблаѓгузорї карда мешавад.
6. Бо маќсади пешгирї, ошкор ва кушодани љиноятњо ва њуќуќвайронкунињо, шањрвандон бо розигии худ метавонанд ба маќомоти политсия дар асоси принсипњои ихтиёрї, ошкоро ва ѓайриошкоро мусоидат ва њамкорї намоянд. Маљбуран љалб кардани шањрвандон барои њамкорї бо политсия манъ аст.
Тартиб ва намудњои мусоидат ва њамкории шањрвандон ба полиция, њимояи иљтимоии онњо бо Ќонуни Ҷумњурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативї-љустуљўї», Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи њимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии љиноятї» ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад.
7. Шахсоне, ки бо маќомоти политсия мусоидат менамоянд, тањти њимояи давлат ќарор доранд. Маълумот дар бораи шахсоне, ки ба политсия махфиёна мусоидат менамоянд ё мусоидат намудаанд, танњо бо розигии хаттии онњо, ба истиснои њолатњои аз љониби онњо содир кардани љиноят, ифшо карда мешавад. Њангоми ворид шудани маълумоти кофї дар бораи вуљуд доштани хатар ба ин гуна шахсон, инчунин хешовандони наздики онњо, политсия уњдадор аст, барои њифзи њаёт, саломатї, ќадру номус ва молу мулки онњо, инчунин барои муќаррар кардани сарчашмањои тањдид ва ба љавобгарї кашидани шахсони гунањкор чорањои амниятї андешад.
8. Фаъолияти политсия барои ҷомеа бояд то дараҷае ошкоро бошад, ки он ба талаботи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон оид ба мурофиаи судии љиноятї, фаъолияти оперативї – љустуљўї, њифзи сирри давлатї ва дигар сирри бо ќонун њифзшаванда, инчунин ба њуќуќу озодињои инсон ва шањрвандон, манфиатњои ќонунии иттињодияњои љамъиятї ва ташкилотњо мухолифат накунад.
9. Шањрвандон, иттињодияњои љамъиятї ва ташкилотњо дар доираи њуќуќ ва Ваколати худ, ба истиснои маълумотњое, ки дастрасї ба он тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон «Дар бораи сирри давлатї» мањдуд аст, метавонанд дар бораи фаъолияти политсия маълумоти эътимоднок гиранд.
10. Политсия аз фаъолияти худ мунтазам ба шањрвандон ва маќомоти ваколатдори давлатї ахборот пешнињод менамояд, ки он тавассути воситањои ахбори омма, шабакањои иттилоотии Интернетї ва њисоботдињии шахсони мансабдор (на камтар аз як маротиба дар се моњ) сурат мегирад.
11. Тартиби њисоботдињї оид ба фаъолияти политсия ва кормандони ваколатдори њисоботдињанда ба ањолї аз тарафи Вазири корњои дохилї муайян карда мешавад.
12. Политсия дар доираи ваколаташ уњдадор аст, тибќи дархости расмї ба васоити ахбори омма ва шањрвандон иттилоот пешнињод намояд.
13. Афкори умум яке аз меъёрњои асосии бањогузории фаъолияти политсия мебошад, ки тартиби онро Вазири корњои дохилї муайян мекунад. Бо ин маќсад, Вазорати корњои дохилї дар њамкорї бо институтњои љомеаи шањрвандї, васоити ахбори омма ва марказњои тадќиќотї, мунтазам мониторинги афкори ҷомеаро мегузаронад. Натиҷаи мониторингњо ба самъи маќомоти марказии њокимияти давлатї, мањаллї ва шањрвандон ба таври хаттї, тавассути васоити ахбори омма ва шабакањои иттилоотии Интернет расонида мешавад.
Моддаи 7. Љалби дигар кормандони маќомоти корњои дохилї ва хизматчиёни њарбї, инчунин кормандони дигар вазорату идорањо ва маќомоти њифзи њуќуќ ба иљрои вазифањои политсия
1. Бо маќсади иљрои вазифањои политсия оид ба њифзи тартиботи љамъиятї ва таъмини амнияти љамъиятї, мубориза бар зидди љинояткорї, бо фармони Вазири корњои дохилї дигар кормандони маќомоти корњои дохилї, курсантњо ва шунавандагони муассисањои таълимии он, кормандони дигар вазорату идорањо љалб карда мешаванд.
2. Иштироки курсантњо, шунавандагон, адюнктњо, роњбарият ва њайати омўзгорию профессории муассисањои таълимии Вазорати корњои дохилї дар њифзи тартиботи љамъиятї ва таъмини амнияти љамъиятї, аз љониби онњо амалї намудани дигар вазифањо, ки иљрои онњо ба зиммаи политсия вогузор гардидааст, љузъи тайёрии касбии онњо ба шумор меравад ва дар барномањои таълимии дахлдор ворид карда мешавад. Барои иштирок дар чорабинї ва вазифањои зикргардида курсантон ва шунавандагони ба синни 18 солагї нарасида роњ дода намешавад.
3. Дар ин њолат нисбат ба онњо њуќуќу вазифањо, кафолатњои њимояи њуќуќї ва иљтимої, инчунин љавобгарии пешбинишуда барои кормандони политсия пањн мегардад.
БОБИ 2. СОХТОР ВА ТАШКИЛИ ПОЛИТСИЯ
Моддаи 8. Сохтори политсия
1. Политсия сохтори таркибии маќомоти корњои дохилии Љумњурии Тољикистон буда, шахсоне, ки дар политсия фаъолият мебаранд, ба корманди политсия ва коргари политсия људо мегарданд.
2. Сохтори ташкилї, шумораи воњидњои корї, тартиби таъсис, азнавташкилдињї ва барњамдињии воњидњои сохтории политсия ва љойгиршавии политсия аз тарафи Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян карда мешаванд. Воњидњои политсия, ки аз њисоби буљети мањаллї, маблағузорї карда мешаванд, дар мувофиќа бо Вазири корњои дохилии Љумњурии Тољикистон таъсис дода мешавад.
Барои таъмини тартиботи њуќуќї дар объектњои махсусан муњим ва минтаќањои тартиботи рељавидошта, инчунин дигар маќсадњо бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон метавонад воњидњои махсуси политсия таъсис дода шаванд.
3. Дар њайати политсия барои иҷрои вазифањои ба зиммаи он вогузоршуда, дигар воњидњо, муассисањо, ташкилотњо ва хадамотњо таъсис дода мешаванд.
4. Меъёрњо ва њадди нињоии шумораи воњидњои кории љузъу томњои сохтории политсия дар доираи шумораи воњидњои кории умумии маќомоти корњои дохилї, аз љониби Вазири корњои дохилии Љумњурии Тољикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 9. Роњбарии политсия
1. Роњбарии политсияро Вазири корњои дохилии Љумњурии Тољикистон, ки аз тарафи Президенти Љумњурии Тољикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад, амалї менамояд.
2. Дар вилоятњо, шањрњо ва ноњияњо роњбарии политсияро сардорони раёсат ва шўъбањои политсия амалї менамоянд.
3. Ба мансаб таъин ва аз мансаб озод кардани сардорони Сарраёсат, Академия, Сармарказ, Раёсат, Марказ ва Хадамотњои политсия, Раёсатњои политсияи Вазорати корњои дохилї дар вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, Суѓд, Хатлон, шањри Душанбе, ноњия ва минтаќаи Рашт, Ќисми минтаќавї оид ба гурўњи ноњияњои Кўлоб, Шўъбањои политсия дар шањру ноњияњо ва дар наќлиёт аз тарафи Вазири корњои дохилии Љумњурии Тољикистон дар мувофиќа бо Президенти Љумњурии Тољикистон амалї карда мешавад.
Сардорони политсияи дар объектњои махсусан муњим ва минтаќањои тартиботи рељавидошта, бо тартиби муайянкардаи Вазири корњои дохилии Љумњурии Тољикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд.
4. Барои њар як мансаб ва вазифаи мутахассис дар политсия дастурамалњои мансабие, ки њуќуќу уњдадорињо, масъулият, донишу малакаи заруриро муайян мекунанд, пешбинї карда мешаванд.
5. Роњбарии политсия ва сохтори таркибии он тибќи салоњияти сатњи идоракунии зерин амалї карда мешавад:
- сатњи аввал – дорои салоњияти стратегї (Роњбарият ва мушовараи Вазорати корњои дохилї);
- сатњи дуюм – њамоњангсозї ва идоракунии оперативї (Сарраёсати политсия, раёсатњои дастгоњи марказї ва раёсатњои минтаќавии он);
- сатњи сеюм – сатњи фаъолияти оперативї - хизматии амалї ва иљро (раёсатњо, шўъбањо ва шўъбачањои шањрию ноњиявї ва дењотии политсия).
Роњбарони ин маќомот ва зерсохторњои он барои иҷроиши Ваколати ба зиммаи политсия гузошташуда масъул мебошанд.
6. Вазорати корњои дохилї дар робита ба фаъолияти политсия дорои Ваколати зерин мебошад:
- банаќшагирї, истифода ва назорати харољоти маблаѓњои аз буљет људошуда, аз љумла харољоти сармоягузорї, инчунин хароҷоти воњидњои сохторї;
- дар асоси озмун таъин намудани роњбарони воњидњои сохтории дастгоњи мазказї ва минтаќавї;
- тањияи стратегия ва барномањои миллї оид ба њифзи тартиботи љамъиятї ва таъмини амнияти љамъиятї, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, коррупсия, љиноятњои муташаккилона ва махсусан хавфнок, гардиши ѓайриќонунии маводи мухаддир, савдои одамон ва дигар масъалањои амнияти љамъиятї дар мутобиќат бо афзалиятњои давлатї дар сатњи марказї ва мањаллї;
- рушди њамкории минтаќавї ва байналмилалї дар мубориза бар зидди њама шаклњои терроризм ва экстремизм, ҷиноятњои муташаккилона ва трансмиллї, савдои одамон, инчунин баррасии масъалањои марбут ба политсия;
- ќабул намудани дастурамалњо оид ба масъалањои рушд, ташкилї, кадрї ва дигар самтњои асосии фаъолияти политсия.
7. Роњбарони политсия дар доираи Ваколати худ бо тартиби муќаррарнамудаи Вазири корњои дохилї оид ба фаъолияти политсия ва дигар масъалањои самти фаъолияти он њисобот медињанд.
Моддаи 10. Сарнозироти политсия
1. Сарнозироти политсия аз љониби Вазири корњои дохилї таъсис дода мешавад ва дар асоси Дастурамали тасдиќнамудаи Вазири корњои дохилї фаъолият мебарад.
2. Сарнозироти политсия ба Вазири корњои дохилї тобеъ ва њисоботдињанда мебошад. Сарнозироти политсия ба таври касбї ва холисона, бо риояи пурраи ќонунњои Љумњурии Тољикистон ва стандартњои байналмилалии њуќуќи инсон, ба манфиати тамоми љомеа ва давлати Тољикистон фаъолият мебарад.
3. Вазифањои Сарнозироти политсия инњо мебошанд:
а) гузаронидани санљишњои нозиротии фаъолияти маќомоти политсия ва пешнињоди њисобот оид ба натиљагирї ва самаранокии политсия дар расидан ба маќсадњои муќаррарнамудаи Ќонуни мазкур;
б) санљиши аризањо дар бораи аз тарафи кормандони политсия содир кардани вайронкунињои љиддии интизомї ва пешнињод кардани тавсияњо ба Вазири корњои дохилї барои андешидани чорањо;
в) таъмини њимояи њуќуќї, љисмонї ва иљтимоии кормандони политсия аз тањдидњои поймол гардидани њуќуќњои бо ќонун њифзшаванда, тањдид ба њаёт ва саломатии онњо, аъзои оила ва молу мулки онњо;
г) таъмини њимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии љиноятї ва дигар вазифањое, ки бо санадњои меъёрии њуќуќї ба зиммаи политсия вогузор карда мешаванд.
БОБИ 3. ВАЗИФАЊОИ ПОЛИТСИЯ
Моддаи 11. Вазифањои политсия оид ба таъмини амнияти инсон, њимояи њуќуќ ва озодињои ў
Политсия вазифадор аст:
1) њаёт, саломатї, амният, њуќуќ ва озодињои инсонро аз кирдорњои ғайриќонунї ё тањдиди хатар њифз намояд;
2) њаёт ва саломатии љабрдидагон, шоњидон ва дигар иштирокчиёни мурофиаи судии љиноятї ё шахсоне, ки бо маќомоти политсия њамкорї менамоянд, њамчунин аъзоёни оилањои онњоро њифз намояд;
3) ба шахсоне, ки аз љинояту њуќуќвайронкунињо, офатњои табии ва техногенї зарар дидаанд, инчунин дар њолати ољизї, ё ин ки дигар њолати барои саломатї ва њаёт хатарнок ќарор доранд ёрии таъљилї расонад;
4) ба маќомоти тандурустї дар ошкор намудан ва ба муассисањои табобатї овардани шахсони гирифтори беморињои рўњї, майзадагї, нашъамандї, зуњравї, вируси норасоии масунияти бадани инсон (ВИЧ) ё аломати норасогии масунияти бадан (СПИД), ки нисбати онњо асосњои бо њуљљат тасдиќшуда мављуд аст, мусоидат намояд;
5) дар доираи салоњияти худ дар таъмини амнияти авиатсияи гражданї иштирок намояд, фурудгоњњо ва иншоотњои зерсохтории онњоро њифз намояд, барои иљозат додан ба кор дар хадамоти амнияти авиатсионї, ки он ба объектњои ба њаёт ва саломатии шањрвандон, инчунин муњити атроф хатари калон доранд, хулоса пешнињод намояд.
Моддаи 12. Вазифањои политсия оид ба муњофизати молу мулки шахсони воќеї ва њуќуќї
Политсия вазифадор аст:
1) молу мулки шахсони воќеї ва њуќуќиро аз амалњои ѓайриќонунї, муњофизат намояд, инчунин дар асоси шартнома тибќи тартиби муќаррарнамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон ;
2) нигоњдории њуљљатњо, ашёњо, молњои арзишнок, хазина ва дигар молу мулки дарёфтшударо, ки ба политсия супорида шудаанд, таъмин намояд ва то ба ихтиёри маќомоти давлатї ва шахсони мансабдори дахлдор супоридан, инчунин барои ба соњибони ќонуниашон баргардонидан тадбирњо меандешад;
3) фаъолияти муњофизатиро назорат намояд, дар сурати мављуд будани асосњои ќофї барои амалї намудани фаъолияти муњофизатї иљозатнома дињад, барои тасдиќи вазъи њуќуќии муњофиз шањодатномае, ки намунаи он аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон муќаррар шудааст, дињад, аз муњофизон ва кормандони шахсони њуќуќие, ки дорои вазифањои махсус мебошанд, имтињонаи тахассусиро оид ба муайян кардани коршоямї барои истифодаи воситањои махсуси муњофизавї ќабул намояд, њамчунин назоратбарии фаъолияти онњоро амалї намояд;
4) ташкилотњое, ки фаъолияти муњофизатиро амалї менамояд, назорат намояд;
5) воњидњои муњофизатии ташкилотњоро бозрасї намояд, доир ба ислоњи камбудињои дар мустањкамкунии техникии объектњо љойдошта, оид ба таъмини амнияти моликияти давлатї ва моликияти дигар дастур дињад, инчунин ба наќшањои сохтмонию васлкуние, ки дар онњо истифодаи воситањои махсуси техникии огоњкунанда ва мушоњидавї ба наќша гирифта шудааст, иљозат дињад. Тартиби бозрасї намудани воњидњои муњофизатии ташкилотњоро Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян мекунад.
Моддаи 13. Вазифањои политсия дар мубориза бар зидди љинояткорї ва њуќуќвайронкунињо
Политсия вазифадор аст:
1) ариза, хабар ва дигар маълумотњоро (аз љумла, дар шакли электронї) дар бораи љинояту њуќуќвайронкунињо ва шахсони онњоро содиркарда ќабул намуда, ба ќайд гирад, талон-огоњинома дода, санљиш гузаронад ва аз натиљаи баррасии аризаю мурољиатњо дар муњлатњои муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба мурољиаткунандагон хабар дињад;
2) љиноятњо ва њуќуќвайронкунињои маъмуриро пешгирї ва ошкор намояд;
3) љазои маъмуриро таъин ва иљро намояд;
4) дар сурати мављуд будани асосњои кофї тибќи тобеияти тафтишотї, ки Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон муќаррар намудааст, парвандаи љиноятї оғоз намояд, оѓоз намудани парвандаи љиноятиро рад кунад, ё ин ки аз рўи тобеияти тафтишотї ирсол намояд, тањќиќ ва тафтиши пешакї гузаронад, омодасозии босуръати маводњоро барои баррасии судї амалї намояд, дар тарбияи њуќуќии шањрвандон иштирок намояд;
5) пешбурди баќайдгирї ва бањисобгирии ягонаи љиноятњо, шахсони љиноят содирнамударо амалї намояд, ки тартиби он аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян карда мешавад;
6) шахсони љиноят содиркардаи аз тањќиќ, тафтишоти пешакї ва суд пинњоншуда, аз иљрои љазои љиноятї саркашинамуда, бедарак гумшударо љустуљў намояд, шахсияти љасадњои шинохтанашуда ва љойи молу мулки аз љониби суд мусодирашавандаро муайян намояд;
7) љойи ќарор доштани шахсони рабудашуда ва ба гарав гирифташударо муайян карда, барои озод намудани онњо тадбирњо андешад;
8) доир ба муайян ва ошкор намудани муомилоти ѓайриќонунии воситањои нашъадор, моддањои психотропї, прекурсорњо ва мусодира намудани онњо чорањо андешад, нигоњдорї ва нобудсозии онњоро амалї намояд;
9) дар доираи салоњият пешбурди парвандањоро оид ба њуќуќвайронкунињои маъмурї амалї намояд;
10) шахсони дастгиршуда, њабсшуда ва шахсонеро, ки нисбати онњо љазои маъмурї дар намуди њабси маъмурї татбиќ шудааст, посбонї, нигањдорї ва муњофизат намояд;
11) дар доираи салоњияти худ оид ба парвандањои љиноятї, гражданї, иќтисодї ва маъмурї экспертизањои судии давлатї, инчунин аз рӯи маводи фаъолияти оперативї-љустуљўї тадќиќоти илмї-техникї гузаронад;
12) фаъолияти экспертї ва ташхисї-криминалистиро амалї намояд;
13) фаъолияти баќайдгирии давлатии њатмї ва ихтиёрии дактилоскопї, аз ҷумла љасадњои шахсияташон номаълум ва баќайдгирии геномиро (ирсиро) амалї намояд;
14) нисбати шахсоне, ки бинобар њолати саломатї, синну сол ё дигар сабабњо дар бораи худ маълумот дода наметавонанд ва барои муайян намудани љасадњои шахсияташтон номаълум, тадбирњои њаммонандкунї андешад;
15) амалњои терроризм, экстремизм, савдои одамон, муомилоти ѓайриќонунии силоњ ва лавозимоти љангиро огоњ, пешгирї ва ошкор намояд;
16) дар амалиётњои зиддитеррористї ва зиддиэкстремистї иштирок намояд.
Моддаи 14. Вазифањои политсия оид ба њифзи тартиботи љамъиятї ва таъмини амнияти љамъиятї
Политсия вазифадор аст:
1) тартиботи љамъиятиро њифз ва амнияти љамъиятиро таъмин намояд;
2) њангоми баргузории чорабинињои сиёсї, оммавї, варзишї, фарњангї ва дигар чорабинињо якљоя бо намояндагони маќомоти иљроияи њокимияти давлатї, маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот амният ва тартиботи љамъиятиро таъмин намояд;
3) дар доираи салоњияти худ назорати рафтори шахсони аз муассисањои иљрои љазо озод шударо амалї намояд, дар назоратбарии рафтори мањкумшудагоне, ки нисбати онњо љазои бе мањрум сохтан аз озодї таъин гардидааст ё мавќуф гузоштани адои ҷазо татбиќ шудааст, иштирок намояд.
Моддаи 15. Вазифањои политсия оид ба таъмини бехатарии њаракат дар роњ
Политсия вазифадор аст:
1) бехатарии њаракатро дар роњњо ба танзим дарорад ва назорати давлатиро таъмин намояд, воситањои наќлиёти автомобилї ва дигар наќлиёти муњаррикдорро ба ќайд гирад, ќабули имтињонот ва додани шањодатномањои ронандагї, аз љумла байналмилалиро амалї намояд, муоинаи њатмии давлатии техникии воситањои наќлиётиро гузаронад, санљиши њолати техникии воситањои наќлиёти шахсони воќеї ва њуќуќиро гузаронад, назорати онро амалї намояд ва бо тартиби муќарраргардида воситањои наќлиётиро роњбаладї намояд;
2) њодисањои роњу наќлиётро баќайд гирифта, пешбурди њисоботи омории онро ба роњ монад;
3) барои интиќоли борњои махсус иљозатнома дињад, хатсайрњои интиќоли борњои хатарнок, калонњаљм ва гаронвазнро мувофиќа намояд, барои истифодабарии воситањои наќлиёти автомобилии сиёњшиша иљозат дињад, рафти фаъолияти муассисањои таълимї, ки барои тайёр ва бозомўзии (баланд бардоштани савияи касбии) ронандагон машѓуланд назорат барад, барои тайёр кардани кортњои шањодатномањои ронандагї, аз љумла шањодатномањои ронандагии байналмилалї, талон ба онњо, иҷозатномаи муваќќатї, гувоњнома дар бораи хатми курсњои таълимии ронандагони воситањои наќлиёт, аломатњои баќайдгирии давлатї, маълумотнома - њисобњо ва дигар мањсулоти махсусе, ки барои иљозат додан ба њаракат дар роњ, бурдани корњои ташвиќотию тарѓиботї оид ба таъмини бехатарии њаракат дар роњ тариќи васоити ахбори омма, бланкањои њисоботњои оморї ва протоколњои њуќуќвайронкунии маъмурї, инчунин дар корњои васлкунї ва истифодабарии воситањои техникии ташкили њаракат дар роњ зарур аст, њамчун фармоишгари давлатї баромад намояд;
4) кофтукови воситањои наќлиёти дуздиву рабудашуда, воситањои наќлиёте, ки ронандагонашон аз љойи содиршавии њодисаи роњу наќлиётї ѓайб задаанд, ташкил намуда, бањисобгирии автоматикунонии воситањои наќлиёти баќайдгирифташаванда, дар кофтуков ва бесоњиб, њуљљатњои ронандагї, шањодатномаи баќайдгирии воситањои наќлиёт, раќамњои ќайди давлатии гумшуда ё дуздидашударо ташкил намуда, бо тартиби муайяншудаи иттилоотї љамъбаст ва тањлил намояд.
Моддаи 16. Вазифањои политсия оид ба амалї намудани назорати нигоњдорї ва истифодаи силоњ
Политсия вазифадор аст:
1) риояи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи силоњро назорат барад, барои ба даст овардани силоњи ғайринизомї ё хизматї ва лавозимоти љангии он, нигоњдорї, гирифта гаштан, њамлу наќл, ворид намудан ба њудуди Љумњурии Тољикистон ё аз њудуди Љумњурии Тољикистон баровардани силоњи мазкур ва лавозимоти он рухсатнома дињад, барои хариду фурўши силоњи ѓайринизомї ё хизматї, нигоњдорї ва интиќоли моддањои таркандаи таъиноти саноатї тавассути наќлиёти автомобилї иљозат дињад, муњлати онро тамдид намояд, аз нав ба расмият дарорад, боздорад ва бекор кунад;
2) љойњои нигоњдорї ва истифодаи силоњ, лавозимоти љангии он, моддањои тарканда, њамчунин объектњоеро, ки дар он љо гардиши силоњ амалї мегардад, бо роњи азназаргузаронї назорат намояд, дар сурати ошкор гардидани вайронкунии ќоидањои муќарраргардида ба шањрвандон ва шахсони мансабдор дар хусуси бартараф намудани чунин камбудињо амрнома дињад, ашёњои зикргардидаро гирад, фаъолияти объектњои дахлдорро манъ намояд, иљозатномањои додашударо бекор намояд.
Тамоми намудњои силоњи дар Љумњурии Тољикистон аз љумла, дар маќомоти њифзи њуќуќ, ташкилоту идорањо ва дар соњибияти шањрвандон бударо бо роњи тирпаронї ба ќайди ягонаи тиру гилзадонии Вазорати корњои дохилї ворид намояд;
3) ќабул, нигоњдорї ва нобудсозии силоњи оташфишон, газї, сард, дигар силоњ ва лавозимоти љангии онњо, дастгоњњо ва моддањои таркандаи ихтиёран супоридашуда, дарёфтгардида ва мусодирашударо амалї намояд.
Моддаи 17. Вазифањои политсия дар шароити њолати фавќулодда
Политсия вазифадор аст:
1) њангоми љорї гардидани вазъияти фавќулода тартибот ва амнияти љамъиятиро таъмин намояд;
2) дар чорабинињо оид ба рафъи оќибати садамањо, сўхтору офатњои табиї ва дигар њодисањои фавќулода, наљот додани одамон ва расонидани кўмак ба онњо, њифзи молу мулки беназоратмонда, дар сурати љорї намудани вазъияти фавќулода ё њолати љанг дар тамоми ќаламрави Љумњурии Тољикистон ё њудуди алоњидаи он, дар таъмини низом, инчунин дар њолати эпидемия ва эпизоотияњо дар гузаронидани чорабинињои карантинї иштирок намояд.
Моддаи 18. Вазифањои политсия оид ба амалисозии чорањои маљбуркунї
Политсия вазифадор аст:
1) супоришњои хаттии роњбари маќоми тафтишот, муфаттиш, маќоми тањќиќро дар бораи пешбурди амалњои тафтишотии алоњида, гузаронидани чорабинињои оперативї-љустуљўї, дастгир кардани шахсони дар содир кардани љиноят гумонбар ва айбдоршаванда, дар бораи пешбурди дигар амалњои мурофиавї, овардани шањрвандон барои гузаронидани ташхисњои судї - равонпизишкї (психиатрї) дар доираи парвандањои љиноятї ва гражданї амалї намояд;
2) ќарорњои (таъиноти) судиро (судяро) дар бораи њабси маъмурї, мањрум кардан аз њуќуќи идораи воситањои наќлиёт, ба подош гирифтан ё мусодира намудани силоњ ва лавозимоти љангии онро, иљро намояд;
3) таъиноти судї (судя) ва ќарорњои прокурорњо, тањќиќбарандагон ва муфаттишон, ќарорњои Комиссияи њифзи њуќуќи кўдакро дар бораи маљбуран овардани ноболиғон, падару модарон ва шахсони онњоро ивазкунанда, ки аз њозир шудан бо даъвати онњо саркашї менамоянд, иљро намояд.
Моддаи 19. Вазифањои политсия оид ба амалї намудани фаъолияти шиносномавї, баќайдгирї ва назорати будубоши шањрвандони хориљї, масъалањои шањрвандї ва гурезањо
Политсия вазифадор аст:
1) додани шиносномаи шањрванди Љумњурии Тољикистон, ба ќайди зист гузоштан, бањисобгирї ва аз ќайди зист баровардани шањрвандони Љумњурии Тољикистон, шањрвандони хориљї ва шахсони бешањрвандї, ки дар Љумњурии Тољикистон истиќомати маваќќатї ё доимї доранд, амалї намудани фаъолияти суроѓавї-маълумотдињї, назорати риояи Ќоидањои рељаи шиносномавї аз љониби шањрвандон ва шахсони мансабдорро ба роњ монад;
2) аризаи шањрвандони Љумњурии Тољикистонро оид ба гирифтани шиносномаи шањрванди Љумњурии Тољикистон ва хориљии умумишањрвандї баррасї намояд;
3) аризаи шањрвандони Љумњурии Тољикистон, шањрвандони хориљї ва шахсони бешањрвандї оид ба даъват намудани шањрвандони хориљї аз хориљаро баррасї намояд;
4) аризаи шањрвандон оид ба ќабул ба шањрвандии Љумњурии Тољикистон ё хориљ шудан аз шањрвандии Љумњурии Тољикистонро баррасї намояд, оид ба муайян намудани мансубият ба шањрвандии Љумњурии Тољикистон ва дигар масъалањои вобаста ба шањрвандии Љумњурии Тољикистон њуљљатњои дахлдорро дињад;
5) шиносномањои шањрвандони хориљї ва шахсони бешањрвандиро ба ќайд гирад, аризаи онњоро оид ба истиќоматї доимї ва ба ќайди зист гузоштан баррасї намояд;
6) ба шањрвандони хориљї ва шахсони бешањрвандї барои ворид шудан ба минтаќањои наздисарњадии Љумњурии Тољикистон рухсатнома дињад;
7) ба шањрвандони хориљї ва шахсони бешањрвандї барои истиќоматї доимї дар Љумњурии Тољикистон санади зист дињад ва барои баромадан ва ворид шудан ба Љумњурии Тољикистон ба шахсони бешањрвандї њуљљатњоро барасмият дарорад;
8) ба шањрвандони хориљї ва шахсони бешањрвандї маќоми гуреза дињад ва ба шахсони паноњљўянда њуљљатњои лозимї дињад, Марказњои муваќќатии нигоњдории шахсони паноњљўяндаро таъсис дињад;
9) риояи Ќоидањои будубоши шањрвандони хориљї ва шахсони бешањрвандро дар Љумњурии Тољикистон, инчунин ба тариќи транзитї убур намудани онњоро аз њудуди Љумњурии Тољикистон назорат барад, барои нигоњдории муваќќатии шањрвандони хориљї ва шахсони бешањрвандї дар давраи муайян кардани шахсият, инчунин барои онњое, ки аз Љумњурии Тољикистон берун карда мешаванд, Марказњо таъсис дињад, инчунин дар доираи Ваколати худ нисбати шањрвандони хориљї ва шахсони бешањрвандї чорањои маъмурї андешад.
Моддаи 20. Вазифаи политсия оид ба амалисозии фаъолияти оперативї-љустуљўї
Политсия вазифадор аст:
Бо маќсади огоњонидан, пешгирї намудан, ошкор кардан ва кушодани љиноятњо, таъмини амнияти шахсї, инчунин бо дигар маќсадњои пешбининамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон чорабинињои оперативї-љустуљўї гузаронад.
Моддаи 21. Вазифањои политсия оид ба пешгирии њуќуќвайронкунї дар байни ноболиѓон ва љавонон
Политсия вазифадор аст:
1) дар доираи Ваколати худ якљоя бо дигар маќомоти дахлдори давлатї ва иттињодияњои љамъиятї беназоратї ва њуќуќвайронкунии кўдаконро пешгирї намояд;
2) шахсони ба синни 18 солагї нарасидаи шахсияташон муайян набуда ва љинояти начандон вазнин содир кардаро, инчунин ноболиғоне, ки љиноят содир кардаанд, вале ба синну соле, ки аз он љавобгарии љиноятї фаро мерасад, нарасидаанд, ба ќабулгоњ-тањвилгоњи ноболиғон љойгир намояд;
3) ноболиѓонеро, ки њуќуќвайронкунї содир кардаанд, ба Шўъбањои шањрию ноњиявии нозироти политсия тањвил намояд, барои аз тарафи ноболиғон содир намудани њуќуќвайронкунї нисбат ба падар ё модар ва ё шахсони онњоро ивазкунанда маводи дахлдор тартиб дињад;
4) аз болои ноболиғоне, ки аз љазо озод гардидаанд, бо татбиќи чорањои маљбуркунонии таъсиррасонии тарбиявї аз љавобгарии љиноятї озод шудаанд, аз иљрои љазо шартан пеш аз муњлат озод шудаанд, ё нисбати онњо ќарор дар бораи шартан татбиќ накардани љазо ќабул шудааст, дар њамбастагї бо маќомоти дахлдор назорат барад.
Моддаи 22. Вазифањои политсия нисбат ба љабрдидагони љиноят
Политсия вазифадор аст:
1. Нисбат ба љабрдидагони љиноят ва дигар шахсоне, ки њуќуќњояшон поймол шудаанд, муносибати хайрхоњона ва эњтиромона зоњир намояд, љињати амалї намудани чорабинињои зерин мусоидат ва кўмак намояд:
- њимояи давлатии љабрдидагони мурофиаи судии љиноятиро таъмин намояд;
- дастрасии љабрдидагонро ба адолати судї, њуќуќи љуброни зарар ба онњоро бо роњи ќабул, баќайдгирї ва њаллу фасли мурољиати онњо амалї намояд;
- љабрдидагонро аз њуќуќи талаб кардани љуброни зарар ва њимояи њуќуќї воќиф намояд;
- дар бораи имконияти гирифтани кўмаки њуќуќї, моддї, тиббї, равонї (психологї) ва иљтимої љабрдидагонро огоњ намояд;
- дар сурати мављуд набудани имконияти расонидани кўмаки тиббї дар мањал, фиристонидани љабрдидаро ба муассисањои тиббї амалї намояд;
- њангоми зарурат ба љойи истиќомат фиристодани љабрдидаро таъмин намояд;
- бо дархости љабрдида, санљиши бехатарии манзили ўро гузаронад, муњофизати мањал ва манзили ўро ташкил намояд, дар сурати мављуд будани хавфи асосноки такроршавии сўйиќасд ё таъсиррасонї аз тарафи гумонбарон ё айбдоршавандагон, муњофизати љисмонии ўро таъмин намояд;
- љабрдидагонро аз наќши онњо дар давраи тафтиши пешакї ва мурофиаи судї, инчунин њуќуќи гирифтани иттилоот дар бораи муњлатњо огоњ намояд.
2. Њифзи иттилоотро нисбати љабрдида таъмин намояд ва дар ин бора ба ў хабар дињад.
3. Пас аз иљрои расмиёт њама молу мулки љабрдидаро аз рўйи мансубият бо тартиби пешбининамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон пас гардонад.
Моддаи 23. Вазифањои политсия дар дигар самтњои фаъолият:
Политсия вазифадор аст:
а) дар фаъолияти худ њифзи сирри давлатї ва хизматиро таъмин намояд;
б) љињати такмил додани усулњои идоракунї, тайёрии ибтидої, бозомўзї ва такмили ихтисоси кормандон, фаъолияти илмї ва омўзгорї барад;
в) татбиќи чорањои пешбининамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон оид ба њифзи табиат ва бехатарии экологиро таъмин намояд;
г) фаъолияти иљозатномадињиродар асоси Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи иљозатномадињї ба баъзе намудњои фаъолият дар Љумњурии Тољикистон»ва иљозатдињиро дар асоси Ќонун Љумњурии Тољикистон «Дар бораи силоњ»амалї намояд.
БОБИ 4. ВАКОЛАТИ ПОЛИТСИЯ
Моддаи 24. Ваколати политсия њангоми пешгирии њуќуќвайронкунињо ва љиноятњо
Политсия ваколатдор аст:
1) аз шањрвандон ва шахсони мансабдор риоя намудани тартиботи љамъиятї, ќоидањои њаракат дар роњ, ќатъ кардани њуќуќвайронкунї ва кирдорњоеро, ки ба амалї намудани Ваколати политсия мамоният мекунанд, талаб намояд ва дар сурати иљро накардани чунин талабот аз чорањои маљбуркунонии пешбининамудаи Ќонуни мазкур истифода барад;
2) барои бартарафсозии сабабу омилњои содиршавии ќонуншиканињо ва сабабу шароитњои ба он мусоидаткунанда, ба маќомоти њокимияти давлатї, худидоракунии мањаллї, шахсони мансабдор ва ташкилотњо оид ба зарурати андешидани тадбирњо бо зикри муњлати бартарафсозї ва хабар додан аз иљрои он пешнињод манзур намояд, њангоми сариваќт иљро накардани талаботи пешнињодот, масъалаи бо тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузорї ба љавобгарї кашидани шахсони масъулро андешад;
3) шахсони љиноят ва њуќуќвайронкунии маъмурї содирнамударо маљбуран ба политсия тањвил дињад ва нисбати онњо маводњои зарурї тартиб дињад;
4) дар сурати мављуд будани асосњои кофї барои гумонбар донистани шахс дар содир намудани љиноят ё њуќуќвайронкунии маъмурї, њуљљатњои тасдиќкунандаи шахсияти онњоро мавриди санљиш ќарор дињад, инчунин дигар њуљљатњои заруриро, ки барои риояи ќоидањои назоратбарии чунин шахсон ба зиммаи политсия вогузор шудаанд, талаб намояд;
5) дар азназаргузаронии бор ва баѓољи мусофирони наќлиёти роњи оњан, њавої ва обї иштирок намояд;
6) дар доираи салоњияти худ дар гузаронидани муоинаи пеш аз парвоз ва пас аз парвози сарнишинон (аъзои экипаж), дигар кормандони авиатсияи гражданї, захирањои дохили њавопаймоњо, борњо ва почта иштирок намояд;
7) боздоштшудагонеро, ки шахсияташон маълум нест, бо иљозати суд (прокурор) барои муайян намудан ба Ќабулгоњи оворагардону гадоёни Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон љойгир намояд. Муњлати амалї намудани ин чорабинї то як моњ, дар њолатњои истисної аз тарафи суд (прокурор) ин муњлат то ду моњ тамдид карда мешавад;
8) шахсони воќеї, њуќуќї, ашё ва дигар далелњоро ба ќайд гирад ва ин маълумотњоро барои иљрои вазифањои хизматї истифода барад;
9) системањои иттилоотї, техникаи сабти видеої ва овоз, дастгоњњои аксбардорї, инчунин дигар воситањои техникї ва махсусеро, ки ба њаёт ва саломатии шањрвандон, њамчунин ба муњити атроф зараровар нестанд, дар фаъолияти хизматї истифода барад, пешбурди махзани видео ва видеотекањои шахсони бо парвандањо ва маводи санљишњои политсия дахлдоштаро амалї намояд, махзани маълумоти оперативї - маълумотдињї, криминалистї, оперативї - љустуљўї ва иттилооти дигарро дар бораи шахсони воќеї, њуќуќї, ашёњо ва далелњо таъсис дода, истифода барад, махзани маълумоти дигар маќомот ва ташкилотњои давлатї, аз љумла маълумоти шахсии шањрвандонро тибќи муќаррароти ќонунгузории амалкунандаи Љумњурии Тољикистон истифода намояд;
10) дар байни шањрвандон, шахсони мансабдор, ташкилотњо новобаста аз шакли ташкилию њуќуќиашон ташфиќоту тарғиботи њуќуќї барад;
11) корманди политсия баъд аз гузаштани тайёрии дахлдор њуќуќ дорад силоњи хизматї ва воситањои махсусро бо худ нигоњ дорад ва истифода барад;
12) корманди политсия барои таъмини амнияти шахсї ва дигар шахсон метавонад аз силоњи хизматї, тоскулоњ, сипар, гази ашковар, нимтанањои зирењдор ва воситањои дигари муњофизатї истифода барад;
13) њангоми иљрои вазифањои хизматї ва зарурияти воќеї, корманди политсия ќувваеро, ки ба дараљаи ќувваи ба муќобили ў ва шахсони дигар истифодашаванда мутаносибро асоснок истифода барад.
Моддаи 25. Ваколати политсия оид ба муайян ва ошкор намудани љиноят
Политсия ваколатдор аст:
1) шахсони дар содир намудани љиноят гумонбаршуда ва нисбаташон чораи пешгирї дар намуди ба њабс гирифтан татбиќ шударо дастгир намояд ва то тањвил додан ба љойи нигањдорї, дар њабс нигоњ дорад;
2) шањрвандон ва шахсони мансабдорро вобаста ба парвандањо ва маводњое, ки дар пешбурди политсия ќарор доранд, тариќи шифоњї ё бо истифода аз каналњои техникии алоќа ё ин ки, хаттї даъват намояд, дар сурати саркашї кардан онњоро маљбуран оварад;
3) барои муайян намудани далели истеъмоли машруботи спиртї, воситањои нашъадор, моддањои психотропї ва дигар воситањои мадњушкунанда гумонбаронро аз шањодаткунонї ва муоина тиббї гузаронад;
4) шахсоне, ки дар содир намудани љиноят гумонбар шудаанд, ё њуќуќвайронкунии маъмурї содир кардаанд, ғайриќонунї воситањои нашъадор, моддањои психотропї, мадњушкунанда ва зањролудро истеъмол мекунанд, барои оворагардї, гадої ва фоњишагарї дастгир шуда, ба њабси маъмурї гирифта шуда, шахсияташон муайян набошад, аксбардорї, сабти аудио-видеої ва баќайдгирии дактилоскопии онњоро гузаронад;
5) дар доираи салоњияти худ ташхисњои судии давлатї ва тадќиќоти криминалистї гузаронад;
6) бо маќсади огоњонидан, пешгирї намудан ва ошкор кардани љиноятњо, љустуљўи љинояткорони пинњоншуда, шахсони бедарак гумшуда ва муайян намудани љасадњои шахсияташон номаълум фаъолияти оперативї-љустуљўиро амалї намояд, маълумотњоро, аз љумла бо истифода аз воситањои техникї ба даст овардашударо, истифода барад;
7) барои пешгирии бетартибињои оммавї ва вайронкунии тартиботи љамъиятї, њангоми таъќиб ва дастгир кардани мањкумшудагони фирорнамуда ва шахсони ба њабс гирифташуда, љустуљўи љинояткорон ва шахсоне, ки дар содир намудани љиноят гумонбар дониста шудаанд, инчунин њангоми њолатњои дигари фавќулода, ки ба амнияти љамъиятї тањдид мекунанд, минтаќањои мањал, иншоот, иморати алоњида ва воситањои наќлиётро ињота карда, азназаргузаронии онњоро амалї намояд; 8) њангоми бевосита пешгирї намудани љиноятњо, таъќиби шахсоне, ки дар содир кардани љиноят гумонбар дониста шудаанд ва дар њолатњои фавќулодае, ки ба амнияти љамъиятї тањдид мекунанд, ба хонањои истиќоматї, њудуд ва бинои ташкилотњо, ќитъањои замини шахсони алоњида дохил шавад (ба истиснои намояндагињои дипломатї, муассисањои консулгарї ва намояндагињои ташкилотњои байналмилалии дар Љумњурии Тољикистон ќарор дошта), чорабинињои оперативї - тафтишотї гузаронад, вобаста ба тафтиши парвандањои љиноятї ё маводи санљишї бо пешнињод кардани шањодатномаи хизматї, бе мамоният ба маќомоти давлатї, ташкилотњо ва иттињодияњои љамъиятї ташриф оварад, бо њуљљатњои лозимї шинос шавад ва дар њолатњои зарурї, онњоро гирад;
9) њангоми мављуд будани маълумоти даќиќ дар бораи љинояти содиршуда ва шахсони онро содир намуда, дар соњаи фаъолияти молиявї (бонкї ва хазинадории буљетї), хољагидорї, соњибкорї ва савдо ба биноњои ташкилотњо сарфи назар аз шакли моликият ва ташкилию њуќуќиашон (ба истисно аз намояндагињои дипломатї, муассисањои консулгарї ва намояндагињои ташкилотњои байналмилалии дар Љумњурии Тољикистон ќарор дошта) ворид шавад, бо иштироки соњибмулк ё намояндаи ваколатдори ў азназаргузаронии биноњои истењсолї, савдо ва дигар биноњои хизматї, воситањои наќлиёт, љойњои нигоњдорї ва истифодаи моликиятро анљом дода, дар доираи салоњияти худ њуљљатњои заруриро тартиб дињад;
Моддаи 26. Ваколати политсия оид ба огоњонидан, пешгирї кардан, ошкор кардани њуќуќвайронкунии маъмурї
Политсия ваколатдор аст:
1) њангоми содир намудани њуќуќвайронкунї шахсро ба љавобгарии маъмурї кашад ё дар ин бобат маводи заруриро тартиб дода, барои баррасї ба суд (судя) ирсол намояд;
2) шањрвандонро аз рафтори ғайриќонунї ба таври расмї огоњ намояд ва онњоро ба ќайд гирад;
3) аз шањрвандон ва шахсони мансабдор њуљљатњои аломатњои сохтакорї дошта, мол, ашё ва моддањои дар муомилоти шањрвандї манъбуда ё аз муомилот баровардашуда ва ё муњлати истифодабариашон ба охир расидаро мусодира намояд, моликияти бесоњибро нигоњ дорад ва масъалаи мансубияти минбаъдаи онро њал намояд;
4) њангоми мављуд будани маълумоти даќиќ дар бораи мол ва ашёе, ки муомилоташон манъ ё мањдуд мебошад, бо азназаргузаронии шахсї, бори дастї ва бағољи мусофирони њавопаймоњои гражданї, њарбї, киштињо, ќаторањои роњи оњан ва воситањои наќлиётро анљом дињад.
Моддаи 27. Ваколати политсия оид ба њифзи тартиботи љамъиятї ва амнияти шањрвандон
Политсия ваколатдор аст:
1) шахсони дар љойњои љамъиятї дар њолати мастї ќарордошта, ки намуди зоњирии онњо шаъну шарафи инсонї ва ахлоќии љомеаро тањќир мекунанд ва ќобилияти мустаќилона роњ рафтанро надоранд ё ин ки метавонанд ба атрофиён ва худашон зарар расонанд, инчунин шахсони дар манзилњояшон дар њолати мастї ќарордоштаро, ки агар рафтори онњо боиси хавфу зарар ба њаёт, саломатї, молу мулки шуморида шавад, дар асоси аризаи шифоњї ё хаттии сокини он манзилњо, чунин шахсонро барои нигоњ доштан, ба муассисањои махсусгардонидашудаи маќомоти тандурустї (њушёрхонаи тиббї) тањвил дињад;
2) бо маќсади таъмини тартибот ва амнияти љамъиятї, њифзи њаёт ва саломатии шањрвандон, инчунин барои гузаронидани њаракатњои тафтишотии алоњида, њуќуќи даромадани шањрвандонро ба минтаќањои алоњидаи мањал ва иншоот, њаракати воситањои наќлиёт, рафтуомади пиёдагардонро дар кўчаю роњњо ва гузаргоњњои роњи оњан, муваќќатан мањдуд ё манъ намояд;
3) бо маќсади таъмини тартиботи љамъиятї ва амнияти шањрвандон якљоя бо ташкилкунандагони чорабинињои оммавї азназаргузаронии шахсии шањрвандон, амволу ашёи бо худ доштаи онњоро њангоми ворид шудан ба њудуди иншоот, ќитъањои мањал ё љойњои љамъиятие, ки дар он љойњо чорабинињои оммавї баргузор мегарданд, њангоми зарурат бо истифода аз воситањои техникї, сагњои хизматї ва дигар ќувваю воситањо амалї намояд, дар сурати даст кашидани шањрванд аз азназаргузаронии шахсї ўро ба чунин љойњои љамъиятї роњ надињад;
Моддаи 28. Ваколати политсия оид ба амалисозии назорати нигоњдорї ва истифодаи силоњ
Политсия ваколатдор аст:
1) ба ташкилотњо, сарфи назар аз шакли моликият ва ташкилию њуќуќиашон, инчунин шањрвандон ва шахсони њуќуќї барои ба даст овардан, нигоњ доштан ва интиќол додани силоњи оташфишон, лавозимоти љангии он, ашё ва маводи тарканда, моддањои сахттаъсири кимиёвї, зањрнок, нашъадор ва масолењи дигар ва ба шањрвандон барои ба даст овардан, гирифта гаштан ва нигоњ доштани силоњи оташфишон ва лавозимоти љангии он иљозат дињад, чунин иљозатро бекор кунад, аз ташкилотњо сарфи назар аз шакли ташкилию њуќуќї ва аз шањрвандон њангоми риоя накардани ќоидањои гардиши силоњ, силоњ ва лавозимоти љангии онро пас гирад, барои фаъолият оид ба фурўши силоњи ғайринизомї ва хизматї, лавозимоти љангии он иљозат дињад, барои кушодани корхонањои таъмири силоњ, муњрсозию зарробї, мағозањои силоњфурўшї ва тир, љойњои тирандозї, иљозат дињад;
2) санљиши љойњои истењсол, нигоњдорї, фурўш, љамъоварии коллексия ва ба намоиш гузоштани силоњ, ќисмњои асосии силоњи оташфишон, истењсоли тири силоњ ва ќисмњои асосии он, истењсол, нигоњдорї, истифода ва пањн намудани маводи таркандаи таъиноти саноатї ва мањсулоти тарфгарї, инчунин љойњои партовтозакунии лавозимоти љангиро гузаронад, агар шароити љойгиркунонї, истифодабарї ва интиќоли маводи таркандаи таъиноти саноатї, њама намуди мањсулоти тарфгарї ба њаёт, саломатї ё амнияти шањрвандон тањдид намояд, ё ин ки талаботи муќарраргардидаи бањисобгирї, нигоњдории маводи таркандаи таъиноти саноатї ва таъмини амнияти корњои таркишгарї иљро нашаванд, то бартараф намудани камбудињои ошкоргардида, амалї иљозатномањоро барои нигоњдорї, истифодабарї ва интиќоли маводи таркандаи таъиноти саноатї, њама намуди мањсулоти тарфгариро боздорад.
Моддаи 29. Ваколати политсия оид ба таъмини бехатарии њаракат дар роњ
Политсия ваколатдор аст:
1) воситањои наќлиётро манъ намуда, њуќуќи истифода ва идора кардани онњо, њамчунин њуљљатњои мансуб ба воситаи наќлиёт ва борњои интиќолшавандаро санљад, муоинаи воситањои наќлиётро дар сурати гумонбар шудан аз истифода бо маќсадњои ғайриќонуниро гузаронад;
2) истифодаи воситањои наќлиётеро, ки бар асари нуќсонњои техникї ба бехатарии њаракат дар роњ тањдид мекунанд, инчунин аз муоинаи техникии њатмї нагузаштаанд, ќисм ва агрегатњои пинњонї, ќалбакї ва тағйирдодашуда, ё ин ки аломатњои баќайдгирии давлатии ќалбакї, тағйирдодашуда, њамчунин тамғаи ба маълумоти дар њуљљатњои баќайдгирї номувофиќ доранд ва аз тарафи соњибони онњо уњдадории муќарраргардида оид ба суғуртаи љавобгарии шањрвандї иљро нашудааст, манъ намояд;
3) воситањои наќлиётро боздошт ва ронандаро аз њуќуќи идораи воситаи наќлиёт барканор намояд, воситањои наќлиёти дар љустуљў ќарордоштаро боздошт ва дар таваќќуфгоњњои махсус љойгир намояд;
4) дар сурати риоя накардани талабот оид ба таъмини амнияти љамъиятї гузаронидани корњои таъмиру сохтмонро дар кўчаю роњњо мањдуд ё манъ намояд, барои ба воситањои наќлиёт насб кардани дастгоњњои равшанидињанда ва садодињанда, аломатњои тафриќавии шартї, сиёњ кардани шишањо иљозат дињад, аз маќомоти давлатї ва иттињодияњои љамъиятї гузаронидани чорабинињоро оид ба бехатарии њаракат дар роњро талаб намояд.
Моддаи 30. Ваколати политсия дар шароити њолатњои фавќулода ва њангоми амалисозии чорабинињои махсус
Политсия ваколатдор аст:
1) њангоми иљрои вазифањои хизматї аз њама намуди наќлиёти љамъиятии шањрї, наздишањрї ва мањаллї (ба истиснои таксї), инчунин аз роњњои пулакї, аз љумла аз воситањои наќлиёт сарфи назар аз шакли моликияташон ройгон истифода барад. Кормандони воњидњои политсияи дар наќлиёт буда, њуќуќ доранд дар минтаќањои хизматрасонї, дар ќаторањо ва њавопаймоњо бо маќсади хизматї ройгон сафар намоянд;
2) дар њолатњои таъхирнопазир, њангоми иљрои вазифањои хизматї аз воситањои наќлиёте, ки ба ташкилотњо сарфи назар аз шакли ташкилию њуќуќї ё шањрвандон тааллуќ доранд (ба ғайр аз воситањои наќлиёти намояндагињои дипломатї, муассисањои консулии кишварњои хориљї ва созмонњои байналмилалии ба онњо баробар кардашуда), бе мамоният истифода барад, бо талаби соњибони воситањои наќлиёт маблағи харољот ва товони зарари расонидашуда аз њисоби махсуси Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон пардохт карда мешавад;
3) бо маќсади хизматї, аз воситањои алоќае, ки ба ташкилотњо сарфи назар аз шакли ташкилию њуќуќї таъаллуќ доранд, (ба ғайр аз воситањои наќлиёти намояндагињои дипломатї, муассисањои консулии кишварњои хориљї ва созмонњои байналмилалии ба онњо баробар кардашуда) ва дар њолатњои таъхирнопазир аз воситањои алоќаи ба шањрвандон тааллуќдошта, бо љуброни харољот аз њисоби махсуси Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон, бе мамоният истифода барад;
4) дар давраи амали вазъияти фавќулода, њолати љанг ва гузаронидани амалиёти зиддитеррористї чорањо ва мањдудиятњои муваќќатиро татбиќ намояд.
Моддаи 31. Ваколати политсия њангоми дастгиркунии шахсоне, ки аз адои љазо саркашї менамоянд
Политсия ваколат дорад шахсонеро, ки аз адои љазо дар намуди мањрумият аз озодї саркашї мекунанд, аз љойњои мањрумият аз озодї ё њабси пешакї ва љойњои нигоњдории дастгиршудагон фирор намудаанд дастгир намояд, дар политсия нигоњ дорад ва онњоро ба маќомот ё муассисањои дахлдор супорад.
Моддаи 32. Ваколати политсия дар мубориза бар зидди њуќуќвайронкунињои маъмурии ва љиноятњо аз љониби хизматчиёни њарбї содиршуда
Хизматчиёни њарбиеро, ки дар содир намудани љиноятњо гумонбар дониста шудаанд дастгир намояд, нисбати онњо парвандаи љиноятї оғоз намояд, њаракатњои тафтишотии таъхирнопазирро гузаронад ва дар муњлати муќаррар намудаи Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон аз рўи тобеияти тафтишотї супорад, инчунин хизматчиёни њарбиеро, ки њуќуќвайронкунии маъмурї содир кардаанд, то ба патрулњои њарбї, коменданти њарбї, командирони ќисмњои њарбї ё комиссарони њарбї супоридан, нигоњ дорад.
Моддаи 33. Ваколати политсия оид ба љалбсозии шањрвандон, шахсони мансабдор ва воситањои ахбори омма дар мубориза бар зидди љинояткорї ва њуќуќвайронкунињо
Политсия ваколатдор аст:
1) бо маќсади огоњонидан, пешгирї ва ошкор кардани љиноятњо, њуќуќвайронкунињо, муайян намудани њолатњои љиноят ва шахсони онро содирнамуда, љустуљўи љинояткорони пинњоншуда, шахсони беному нишон ѓайбзада, инчунин шахсоне, ки бо хешовандонашон алоќаро гум кардаанд, аз воситањои ахбори омма ва алоќа истифода барад;
2) шахсонеро, ки дар ошкор кардани љиноятњо, дастгир кардани шахсони онњоро содирнамуда ва иљрои дигар вазифањои ба зиммаи политсия гузошташуда кўмак расонидаанд, њавасманд гардонад ва ба онњо мукофотпулї дињад.
Моддаи 34. Ваколати политсия оид ба пешгирии њуќуќвайронкунињои маъмурї ва љинояткорї дар байни ноболиѓон ва љавонон
Политсия ваколатдор аст:
1) дар якљоягї бо маќомоти дахлдор ноболиғонеро, ки аз љойњои мањрумї аз озодї шартан озод шудаанд ё мањкумшудагоне, ки нисбати онњо иљрои њукми мањрум сохтан аз озодї мавќуф гузошта шудааст, зери назорат ќарор дињанд;
2) ноболиғонеро, ки кирдори зиддиљамъиятї ё њуќуќвайронкунї содир кардаанд, бе назорат ва бепарастор мондаанд, ба Ќабулгоњ-тањвилгоњи ноболиѓони Вазорати корњои дохилї ё муассисањои махсусгардонидашуда барои ноболиғоне, ки ба кўмаки иљтимої эњтиёљ доранд, бо асосњо ва тартиби пешбининамудаи ќонунгузорї ба утоќњои махсусгардонидашудаи политсия барои ноболиғон тањвил намояд, нисбати падар ё модар ва ё шахсони онњоро ивазкунанда, маводи дахлдор тартиб дињад;
3) ноболиғоне, ки амалњои хатарноки зиддиљамъиятї содир карда, шахсияташон муайян карда нашудааст дастгир намуда, ба Ќабулгоњ-тањвилгоњи ноболиѓони Вазорати корњои дохилї ва ноболиѓони бесаробон мондаро ба муассисањои махсуси таълимию тарбиявї тањвил дињад.
Моддаи 35. Ваколати политсия њангоми амалї намудани фаъолияти оперативї - љустуљўї ва истифодаи таљњизоту техникањои махсус
Политсия Ваколати худро њангоми амалї намудани фаъолияти оперативї-љустуљўї, истифодаи таљњизотњо ва техникаи махсус дар доираи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи фаъолияти оперативї - љустуљўї» ва дигар санадњои меъёрию њуќуќии Љумњурии Тољикистон амалї менамояд.
БОБИ 5. ИСТИФОДАИ ЌУВВАИ ЉИСМОНЇ, ВОСИТАЊОИ
МАХСУС ВА СИЛОЊИ ОТАШФИШОН
Моддаи 36. Шартњо ва доираи истифодаи ќувваи љисмонї, воситањои махсус ва силоњи оташфишон
1. Корманди политсия дар њолатњои пешбининамудаи Ќонуни мазкур, бо салоњдиди худ, ќувваи љисмонї, воситањои махсус ва силоњи оташфишонро бо назардошти вазъияти ба миёномада, њамчун чорањои нињої истифода мебарад.
2. Корманди политсия њуќуќ дорад барои пешгирї намудани љиноятњо ва дигар њуќуќвайронкунињо, дастгир кардани шахсони онњоро содирнамуда, рафъ намудани муќовимат ба талаботи ќонунии корманди политсия аз ќувваи љисмонї, усулњои љангии гўштин, воситањои худмуњофизатї ва дастрас истифода барад, агар усулњои ғайримаљбурии иљрои вазифањои ба зиммаи корманди политсия вогузоршуда, натиљаи лозимї надињанд.
3. Корманди политсия пеш аз истифодаи ќувваи љисмонї, воситањои махсус ва силоњи оташфишон дар бораи нияти истифодаи он, огоњ мекунад.
4. Корманди политсия њуќуќ дорад танњо дар мавриди тањдид ба њаёт ва саломатии шањрванд ё корманди политсия ё тавонад сабабгори оќибатњои вазнин шудан бидуни огоњї ќувваи љисмонї, воситањои махсус ё силоњи оташфишонро мавриди истифода ќарор дињад.
5. Дар њама њолатњо, агар худдорї намудан аз истифодаи ќувваи љисмонї, воситањои махсус ва силоњи оташфишон ғайриимкон бошад, корманди политсия бояд кўшиш намояд, ки то њадди имкон зарари нисбатан камтари љисмонї, маънавї ва моддї расонад.
6. Њангоми истифодаи ќувваи љисмонї, воситањои махсус ё силоњи оташфишон ва расонидани зарари љисмонї ё љароњат, корманди политсия вазифадор аст ба зарардидагон кўмаки тиббии аввалия расонад.
7. Дар бораи расонидани зарар ба саломатї ва ё зарари моддї ба шањрванд дар натиљаи истифодаи ќувваи љисмонї, воситањои махсус ва силоњи оташфишон корманди политсия вазифадор аст, ба сардори бевоситаи худ ва ё ба ќисми навбатдории маќомоти политсияи њудудї хабар дињад.
8. Њангоми аз тарафи корманди политсия истифода бурдани ќувваи љисмонї, воситањои махсус ё силоњи оташфишон, ки дар натиља ба шањрванд зарари љисмонї расонида шудааст, политсия аз он дар муњлати кўтоњтарин, вале на дертар аз 24 соат прокурор, хешовандон ё шахсони наздики зарардидаро огоњ менамояд.
9. Берун аз њадди ваколат истифода бурдани ќувваи љисмонї, воситањои махсус ё силоњи оташфишон боиси љавобгарии муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон мегардад.
10. Кормандони политсия, кормандони дигар вазорату идорањои њифзи њуќуќ, курсантњо ва хизматчиёни њарбие, ки дар мубориза бар зидди љинояткорї иштирок мекунанд, барои расонидани зарари маънавї, моддї ва љисмонї ба шахс љавобгар нестанд, агар онњо ќувваи љисмонї, воситањои махсус ва силоњи оташфишонро бо асосњо ва тартиби пешбининамудаи Ќонуни мазкур истифода бурда бошанд.
11. Корманди политсия вазифадор аст, барои коршоямї ба амалиётњо дар шароити истифодаи ќувваи љисмонї, воситањои махсус ва силоњи оташфишон алоќаманд, мунтазам аз тайёрии махсус ва санљишњо гузарад.
12. Барои истифодаи корманди политсия номгўи воситањои махсус, намудњои силоњи оташфишон ва лавозимоти љангии онро Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян менамояд.
13. Гузаронидани амалиётњои љангї, зиддитеррористї, фаъолияти оперативї - љустуљўї бар зидди љинояткории муташаккилона, њолатњои фавќулода, аз ќабили номуътадилии сиёсии дохилї ё њама гуна зуњуроти хавфноки љамъиятї, барои риоя накардани ќоидањои истифодабарии ќувваи љисмонї, воситањои махсус ва силоњи оташфишон асос шуда наметавонанд.
Моддаи 37. Истифодаи воситањои махсус
1. Корманди политсия дар мавридњои зерин њуќуќ дорад шахсан ва ё дар њайати гурўњ (љузъу том) воситањои махсусро истифода барад:
1) барои бартараф намудани њамла ба инсон ва шањрванд;
2) барои бартараф намудани муќобилият ба корманди политсия;
3) барои дастгир намудани шахсе, ки њангоми содир кардани њуќуќвайронкунї ё љиноят ба чашм афтода, кўшиши пинњон шуданро дорад;
4) барои дастгир намудани шахсоне, ки оид ба нишон додани муќобилияти мусаллањона аз љониби онњо асосњои кофии зерин мављуд аст:
а) њангоми аз масофаи муќаррарнамудаи корманди политсия наздик шудани љинояткор ба корманди политсия;
б) дар сурати ба силоњи корманди политсия даст расонидан ва кўшиши онро гирифтани шахсони дигар;
в) њангоми бо корд ё силоњи оташфишон мусаллањ будани љинояткор;
г) њангоми љинояти вазнин ва махсусан вазнин содир кардани шахс;
д) дар сурати аз љињати љисмонї бартарият доштани љинояткор;
е) њангоми тањдиди бевосита ба њаёти шањрвандони зиёд, бо маќсади истифодаи норинљак, маводи тарканда (миёнбанди шањид) ва дигар ашёњои хатарнок;
ж) њангоми њуљуми мусаллањона ба шањрвандон ва корманди политсия.
5) барои ба политсия тањвил додани шахсони дастгиршуда, посбонї намудани дастгиршудагон, њабсшудагон ва ба њабси маъмурї гирифташудагоне, ки бо рафтори худ маќсади фирор кардан, расонидани зарар ба атрофиён ё ба худ, ё ин ки муќобилият нишон додан ба корманди политсияро доранд;
6) барои рафъї њуљум ба бино, иморат, иншоот ва воситаи наќлиёте, ки ба шањрвандон, маќомоти давлатї ва љамъиятї, ташкилотњо тааллуќ доранд;
7) барои озод кардани шахсоне, ки бо истифодаи зўроварї дар бино, иморат, иншоот, воситањои наќлиёт ва ќитъањои замин аз тарафи љинояткорон ғасбшуда, нигоњ дошта мешаванд
8) барои пешгирии бетартибињои оммавї ва њаракатњои гурўњї, ки кори наќлиёт, алоќа ва ташкилотњоро халалдор месозанд;
9) боздоштани воситаи наќлиёте, ки ронандааш талаботи ќонунии корманди политсияро оид ба боздоштани воситаи наќлиёт иљро намекунад.
2. Ба сифати воситањои махсус истифода мешаванд:
- калтакњои махсус – дар мавридњои дар бандњои 1, 2 ва 7 ќисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;
- воситањои газии махсус - дар мавридњои дар бандњои 1, 2, 4, 6 ва 7 ќисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;
- дастбанд (дар мавриди набудани дастбанд корманди политсия њуќуќ дорад, воситањои зердастро барои бастан истифода барад) – дар мавридњои дар бандњои 2, 3, 4 ва 5 ќисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;
- воситањои нурафкану садодињандаи љароњатрасон - дар мавридњои дар бандњои 4, 6, ва 7 ќисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;
- воситањои боздорандаи наќлиёт – дар мавридњои дар банди 8-и, ќисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;
- обпошакњои махсус - дар мавридњои дар бандњои 6 ва 7 ќисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;
- мошинњои зирењпўш (танњо бо супориши сардори политсия бо минбаъд хабардор намудани прокурор дар давоми 24 соат аз лањзаи истифода бурдан) – дар мавридњои дар бандњои 4, 6 ва 7 ќисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;
- сагњои хизматї– дар мавридњои дар бандњои 1, 2, 3, 4, 5, 6 ва 7 ќисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;
- дастгоњњои барќї (электрошокер) – дар мавридњои дар бандњои 1, 2, 3, 4 ва 7 ќисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;
- воситањои нобудкунандаи монеањо – дар мавридњои дар бандњои 6 ва 7 ќисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;
- воситањои махсуси рангкунанда – дар мавридњои дар бандњои 3, 7 ва 9 ќисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;
- аспњо – дар мавридњои дар бандњои 3 ва 7-и ќисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;
- тирњои резинї – дар мавридњои дар бандњои 1, 2, 3 ва 7-и ќисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда
- лавозимотњои љангии љароњатрасон, инчунин њамшабењи силоњи оташфишон ё сард, норинљакњои дастї, таљњизотњои таркандаи худсохт ва штатї (минањо).
Њама намуди воситањои махсус метавонад дар њолатњои пешбининамудаи ќисми 3 моддаи 38 Конуни мазкур низ, истифода шаванд.
3. Нисбат ба занњои њомиладориашон аён, шахсони нишони аниќи маъюбидошта ва хурдсолон, истифодаи воситањои махсус манъ аст, ба истиснои мавридњое, ки онњо муќобилияти мусаллањона нишон медињанд, њуљуми гурўњї ё дигар њаракатњои ба њаёт ва саломатии одамон тањдидкунандаро содир мекунанд ва баръало дар чунин ќонуншиканињо фаъолона шарикї мекунанд.
4. Њангоми гузаронидани гирдињамої, роњпаймої, намоишњо, пикетњо ва маљлисњои ғайриќонунї, ки тартиботи љамъиятї вайрон мегардад, истифодаи воситањои махсус иљозат дода мешавад.
5. Корманди политсия њангоми мудофиаи зарурї ё зарурати нињої ва набудани воситањои махсус ё силоњи оташфишон њуќуќ дорад аз њама гуна воситањои дастрас ва ашёњо бо шартњо ва мањдудятњои муќаррарнамудаи Ќонуни мазкур истифода барад.
- пеш аз он ки корманди политсия воситаи махсусро истифода барад, бояд огоњ намояд.
Моддаи 38. Истифодаи силоњи оташфишон
1. Истифодаи силоњи оташфишон ин чораи нињої мебошад.
2. Истифодаи силоњи оташфишон ин паррондани тир барои безарар гардонидани шахс мебошад, ки њаракати хавфнокаш бартараф карда шавад.
Корманди политсия њуќуќ дорад, дар њолатњои зарурї, дигар намудњои силоњро низ истифода барад, ки боиси марги инсон намегарданд.
3. Корманди политсия њуќуќ дорад дар њолатњои зерин шахсан ва ё дар њайати гурўњ силоњи оташфишонро ба сифати чораи нињої бакор барад:
1) барои њимояи шахс аз њуљуми ба њаёт ва саломатии ў хавфнок;
2) барои озод кардани гаравгонњо;
3) барои зада гардонидани њуљум, њуљуми гурўњї ё мусаллањона, аз љумла бо истифода аз моддањои тарканда ва оташангез ба корманди политсия, шахсони дигаре, ки вазифаи давлатї ва ё љамъиятиро оид ба њифзи тартиботи љамъиятї иљро мекунанд;
4) барои зада гардонидани њуљум, њуљуми гурўњї ё мусаллањона, аз љумла бо истифода аз моддањои тарканда ва оташангез ба манзилњои истиќоматии шањрвандон, иншооти муњим ва муњофизатшаванда, биноњои маќомоти давлатї ва љамъиятї, ташкилотњо сарфи назар аз шакли ташкилию њуќуќї, зада гардонидани њуљум ба дастањои (нарядњои) њарбї ва хизматии политсия;
5) барои дастгир кардани шахсе, ки:
а) муќобилияти мусаллањона нишон медињад;
б) дар кирдораш аломатњои љинояти вазнин ё махсусан вазнини ба муќобили њаёт, саломатї ё моликият дошта, кўшиши ғайб заданро дорад;
в) дар содир намудани љиноят гумонбар ё айбдор дониста шудааст, ё аз озодї мањрум шуда, дар љойњои нигањдории њабсшудагон зери посбонї ќарор дошта, ки њаракати фирор намуданро дорад ё амалњои бо роњи зўроварї озод намудани чунин шахсро дорад;
д) мусаллањ аст ва аз иљрои талаби ќонунии корманди политсия дар бораи супурдани силоњи оташфишон, лавозимоти љангї, воситањои тарканда, моддањои оташангез ва дигар маводи хатарнок саркашї мекунад;
6) барои барњам задании кўшиши ба даст овардани силоњи оташфишон, воситаи наќлиёт, техникаи махсус ва љангие, ки дар ихтиёри политсия мебошад;
7) барои рафъи њуљум ба шањрвандон ва кормандоне, ки барои таъмини тартиботи љамъиятї сафарбар шудаанд, инчунин ба иншооти муњим ва њифзшаванда, биноњои маќомоти давлатї ва љамъиятї, ташкилотњо сарфи назар аз шакли молкият ва ташкилию њуќуќї, инчунин барои рафъи њаракатњои фаъолонаи шахсоне, ки даъвати оммавии зидди њуќуќї мекунанд;
8) барои вайрон намудани воситањои ќулфшаванда, њамчунин ќисмњо ва таркибњое, ки барои ворид шудан ба манзил, бино, њуљра, ќитъањои мањал ва воситањои наќлиёт монеа эљод мекунанд;
9) барои боздоштани воситаи наќлиёт бо роњи вайрон кардани ќисми он, агар њаракатњои ронанда њаёт ва саломатии шањрвандонро зери хатари воќеї гузошта, худи ў ба талаботи ќонунии такрории корманди политсия оид ба боздоштани воситаи наќлиёт итоат накунад;
10) барои безарар гардонидани њайвоноте, ки ба њаёт ва саломатии шањрвандон ё худи корманди политсия тањдид мекунад;
11) барои тирпаронии огоњикунанда, додани бонги хатар ё даъват ба ёрї бо роњи тирпаронии ба боло ё самти бехатар.
4. Пеш аз истифодаи силоњи оташфишон, ба истиснои њолатњои пешбининамудаи Ќонуни мазкур, дар бораи нияти истифодаи он шифоњи ё бо роњи тиркушодан огоњї дода мешавад.
5. Дар њолатњои зерин силоњи оташфишон бе огоњї истифода бурда мешавад:
- њангоми њуљуми ногањонї ё мусаллањона;
- њангоми њуљум бо истифода аз моддањои оташангез, техникаи љангї, воситањои наќлиёт, дастгоњњои парвозкунанда, киштињои дарёї ва дигар ашёи хатарнок;
- њангоми бо силоњи оташфишон ва ё бо истифода аз воситаи наќлиёт аз мањбас фирор намудан;
- њангоми њаракат аз воситањои наќлиёт фирор намудани шахсони ба њабс гирифташуда;
- барои озод кардани гаравгонњо.
6. Нисбат ба занон, шахсони нишони аниќи маъюбї дошта ва ноболиғон, агар синну соли онњо бараъло аён бошад, истифода намудани силоњи оташфишон манъ аст, ба ѓайр аз њолатњои аз љониби чунин шахсон нишон додани муќобилияти мусаллањона, анљом додани њуљуми гурўњї ё мусаллањона.
Истифода намудани силоњи оташфишон њангоми љамъ омадани шумораи зиёди одамон, ки аз ин амал метавонанд шахсони дигар зарар бинанд, манъ аст.
7. Дар њама њолатњои истифодаи силоњи оташфишон корманди политсия вазифадор аст, ки барои таъмини амнияти шањрвандони гирду атроф, расонидани ёрии таъљилии тиббї ба зарардидагон, инчунин хабардор намудани хешовандон ва ё намояндагони ќонунии онњо, тадбирњои зарурї андешад.
8. Корманди политсия аз њар њолати истифодаи силоњи оташфишон дар давоми 24 соат аз лањза ва мањалли истифодаи он ба сардори бевоситаи худ гузориш медињад ва дар њолати њалок шудани одамон фавран прокурорро огоњ намояд.
9. Корманди политсия дар рафти иљрои Вазифањои хизматї ва риоя кардани талаботњои истифодаи силоњ тибќи Ќонуни мазкур ба љавобгарї кашида намешавад.
Моддаи 39. Кафолати амнияти шахсии корманди мусаллањи политсия
1. Корманди политсия агар чунин шуморад, ки дар вазъияти баамаломада мумкин аст асосњои истифодабарии силоњи оташфишон, ки дар моддаи 38 Ќонуни мазкур пешбинї шудаанд, ба миён оянд, њуќуќи намудор ва омода намудани силоњи оташфишонро дорад.
2. Кўшиши шахси дастгиршаванда, ки дар даст силоњи оташфишон, сард ё предмет дошта, бо он ба саломатї зарар расонида метавонад, њангоми наздик шудан ба корманди политсия ё кўтоњ намудани масофаи аз љониби корманди ў муќаррарнамуда, њамчунин кўшиши даст расонидан ба силоњи корманди политсия ё анљом додани њаракатњои ногањонї ва дигар њаракатњои хавфнок, инчунин бе дастури корманди политсия аз либосњои худ кўшиши гирифтани кадом чизеро дорад, ин амалњоро корманди политсия метавонад њамчун тањдиди зўроварї ва хатари воќеї барои њаёт ва саломатї арзёбї намояд ва њуќуќ дорад мутобиќи Ќонуни мазкур силоњи оташфишонро истифода барад.
БОБИ 6. ХИЗМАТ ДАР ПОЛИТСИЯ
Моддаи 40. Корманди политсия
1. Корманди политсия дар Љумњурии Тољикистон шањрванди Љумњурии Тољикистон мебошад, ки дар мансаби њайати ќаторї ё роњбарикунанда фаъолият карда, ба ў бо тартиби муќарраргардида, рутбаи махсуси њайати ќаторї ё роњбарикунандаи политсия дода шудааст.
2. Рутбањои махсус барои кормандони политсия аз љониби Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон муќаррар карда мешаванд. Рутбањои махсуси њайати роњбарикунандаи политсия якумра мебошанд ва бо дигар рутбањои маќомоти њифзи њуќуќ ва сохторњои ќудратии Љумњурии Тољикистон баробар эътироф карда мешаванд. Њангоми ќатъ шудани хизмат дар политсия ба рутбањои махсуси мављуда, калимаи «мустаъфї» илова карда мешавад.
3. Тартиби додани рутбањои махсуси политсия тибќи Низомномаи дахлдор, ки аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон тасдиќ карда мешавад, муайян карда мешавад.
4. Корманди политсия либоси ягонаи расмї дорад, ки намунаи онро Њукумати Љумњурии Тољикистон муќаррар мекунад ва он ройгон дода мешавад.
5. Барои айнияткунонии корманди политсия дар либоси расмии ў нишони сарисинагї бо ќайди раќами шахсї љойгир карда мешавад.
6. Ба корманди политсия шањодатномаи хизматї ва нишонаи махсус (жетон) бо раќами шахсї дода мешавад, ки намунаи онро Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон муайян менамояд.
Моддаи 41. Уњдадорињои хизматї ва њуќуќњои корманди политсия
1. Корманди политсия мувофиќи мансаби ишғолнамуда, дар доираи ваколати худ аз њуќуќ ва уњдадорињои дар Ќонуни мазкур пешбинишуда истифода мебарад.
2. Корманди политсия уњдадор аст:
- Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, ќонунњо ва дигар санадњои меъёрии њуќуќие, ки фаъолияти политсияро ба танзим медароранд, донад ва иљроиши онњоро таъмин намояд, инчунин бо тартиби муайяннамудаи Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон аз санљишњо гузарад;
- уњдадорињои хизматиро мутобиќи оинномањои идоравї, дастурамалњои мансабї иљро намояд;
- фармоиш ва супоришоти ќонунии роњбаронро иљро намояд;
- оид ба масъалањои хизматї ба сардори бевоситаи худ ва дигар роњбарон мурољиат намояд;
- њар сол на дертар аз 30 апрел ба воњиди сохтории кадрї ва маќомоти андози љои истиќоматаш дар бораи даромадњо ва молу мулки худ эъломия пешнињод намояд;
- дар бораи њар як њолати ба ў мурољиат кардани шахсон бо маќсади моил намудан ба содир кардани ќонуншиканињои коррупсионї, ба сардори бевосита ва сардори болої хабар дињад.
Агар муайян карда шавад, ки дигар корманди политсия оид ба њаракатњои хусусиятњои корррупсионидоштаи ин корманди политсия огоњ шуда, дар ин бора сохтори дахлдори политсияро воќиф накардааст, ин њаракатњои корманди политсия њамчун шарикї ба ќонуншикании коррупсионї арзёбї карда мешавад;
- тибќи Ќонуни мазкур мањдудиятњоеро, ки ба хизмат дар политсия алоќаманд мебошанд ва нисбат ба рафтори корманди политсия дахлдоранд, риоя намояд;
- њангоми иљрои вазифањои хизматї њуќуќу озодї ва манфиатњои ќонунии шањрвандон, иттињодияњои љамъиятї ва ташкилотњоро риоя намояд.
3. Корманди политсия сарфи назар аз мансаби ишғолкардааш дар тамоми ќаламрави Љумњурии Тољикистон уњдадор аст:
- ба шањрвандоне, ки дар натиљаи содиршавии љиноят, њуќуќвайронкунињои маъмурї ва њодисањои нохуш зарар дидаанд, инчунин ба онњое, ки дар њолати ољизї ё дигар њолати барои њаёт ва саломатии онњо хатарнок ќарор доранд, кўмак расонад;
- њангоми дар бораи тањдид ба амнияти шахсї ва љамъиятї ба ў мурољиат кардани шањрвандон ё бевосита аз тарафи корманди политсия ошкор намудани чунин кирдорњо, барои наљот додани одамон љиноят ва њуќуќвайронкуниро пешгирї ва огоњ намояд, шахсони дар содир кардани љиноят ва њуќуќвайронкунї гумонбарро дастгир намояд, оид ба муњофизати љойи њодиса тадбирњо андешад ва дар ин хусус ба воњиди наздиктарини политсия хабар дињад;
- њангоми мурољиат кардан ба шањрванд мансаб, рутба ва ному насаби худро муаррифї карда, бо талаби шањрванд шањодатномаи хизматиашро пешнињод кунад, асоси њуќуќии мурољиат карданашро иброз карда, сипас сабаб ва маќсади мурољиатро баён намояд;
- њангоми ба корманди политсия мурољиат кардани шањрванд, корманди политсия мансаб, рутба ва ному насаби худро муаррифї карда, ўро бодиќќат гўш кунад, дар доираи Ваколати худ чорањои дахлдор андешад ё фањмонад, ки њалли масъалаи гузошташуда ба ваколати кадом маќомот ё шахси мансабдор мансуб аст.
4. Корманди политсия уњдадор аст забони давлатиро донад, арзишњои миллиро эњтиром ва арљгузорї намояд.
5. Корманди политсия дар рафти иљрои уњдадорињои хизматии худ дорои њуќуќњои зерин мебошад:
- аз шањрвандон ва шахсони мансабдор ќатъ кардани њаракатњои зиддињуќуќиро талаб намояд, њуљљатњое, ки шахсият ва ё Ваколати онњоро тасдиќ мекунанд, мавриди санљиш ќарор дињад;
- тибќи ќарорњои ќабулнамудаи маќомоте, ки барои муњофизат аз офатњои табиї ва дигар офатњо ваколатдор шудаанд, дар хусуси њифзи њаёт, саломатї ва молу мулк аз зарар, нобудшавї, дуздї ва риоя накардани дигар шаклњои тартиботи љамъиятї, ё ин ки барои пешгирї намудани зараре, ки дар натиљаи офатњои табиї ё дигар офатњо расонида шудааст, ба шањрвандон, маќомоти давлатї, маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот, ташкилотњо оид ба андешидани чораљўињо супориш дињад;
- бо дастурамалњои мансабї, њуљљатњои дигаре, ки њуќуќ ва уњдадорињои корманди политсия, меъёрњои бањодињии уњдадорињои хизматї, нишондињандањои фаъолияти хизматї ва шартњои болоравии мансабї дар политсияро муайян мекунанд, шинос шавад;
- бо тартиби муќарраргардида аз тайёрии касбї, коромўзї, бозомўзї, ва такмили ихтисос гузарад;
- дар мавриди поймол гардидани њуќуќу озодињо ва манфиатњои ќонунии худ ба суд мурољиат намояд;
- гузаронидани санљиши хизматиро ба таври хаттї талаб намояд.
6. Корманди политсия дар рафти иљрои уњдадорињои хизматї сарфи назар аз мансаби ишғолнамуда ва мањали ќарор доштааш њуќуќ дорад:
- аз шањрвандон ва шахсони мансабдор ќатъ кардани њаракатњои ғайриќонуниро талаб намояд;
- њуљљатњои тасдиќкунандаи шахсияти шањрвандон ё Ваколати шахсони мансабдорро санљад;
- дар њолатњои таъхирнопазир барои расидан ба љойи содиршавии љиноят ва њуќуќвайронкунии маъмурї, ё пешгирї намудани чунин кирдорњо, таъќиб намудани шахсони љиноят содиркарда ё дар содир кардани он гумонбаршуда, ба муассисањои тиббї расонидани шањрвандоне, ки ба ёрии таъљилии тиббї эњтиёљ доранд, барои аз љойи садама бартараф намудани воситањои наќлиёти зарардида, аз воситањои наќлиёти ташкилотњо, новобаста аз шакли ташкилию њуќуќї ва моликияташон (ба истисно аз воситањои наќлиёте, ки ба намояндагињои дипломатї, муассисањои консулии кишварњои хориљї ва созмонњои байналмилалии ба онњо баробаркардашуда тааллуќ доранд) ва дар њолатњои истисної аз воситањои наќлиёти шањрвандон истифода барад;
- шахсони дар содир намудани љиноят ё њуќуќвайронкунии маъмурї гумонбар шударо, то омада расидани намояндагони воњиди њудудии политсия ё намояндагони дигар маќомоти њифзи њуќуќ дастгир намояд, чунин шахсонро ба бинои хизматї, воњиди њудудии политсия ё дигар бинои хизматї тањвил намояд.
Моддаи 42. Хизмат дар политсия
1. Ба хизмат дар политсия шањрванди Љумњурии Тољикистон, ки синнаш на кам аз 20 (барои занон на кам аз 18) ва на зиёда аз 30 сола мебошад, забони давлатиро медонад, тањсилоти на кам аз миёнаи умумї дорад, аз рўи сифатњои шахсї, ахлоќї, кордонї, тайёрии љисмонї ва вазъи саломатї аз уњдаи иљрои вазифањои ба зиммаи политсия вогузоршуда мебарояд, хизмати њарбиро адо кардааст (ба истисно аз занон ва курсантњои муассисањои таълимии Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон), сарфи назар аз љои истиќомат, љинс, миллат, нажод, забон, эътиќоди динї, мавќеи сиёсї, вазъи иљтимої, дар асоси ихтиёрї ќабул карда мешавад.
Сиёсати кадрии Вазорати корњои дохилї ба љалби занон ва мардон аз њамаи табаќањои љамъият, аз љумла аќаллиятњои этникї равона карда мешавад, ки маќсади асосї - ин расидан ба њадафњои умумї, таъсиси хадамоти политсияи љавобгў ба талаботи љомеа мебошад.
2. Ба муассисањои таълимии Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон шањрванди Љумњурии Тољикистон, ки синнаш на кам аз 15 сола мебошад ва тањсилоти миёнаи њатмии асосї ва умумї дорад, ќабул карда мешавад.
3. Шахси ба хизмат дар политсия ќабулшаванда аз ќайди њатмии давлатии дактилоскопї гузаронида мешавад.
4. Ба хизмат дар политсия шањрвандоне, ки доғи судї доранд сарфи назар аз муњлати адои љазо, (ба истиснои онњое, ки нисбаташон њукми сафедкунї ќабул шудааст), аз љумла онњое, ки бо асосњои ғайрисафедкунї аз љавобгарии љиноятї озод шудаанд, инчунин агар хешовандони наздикашон дар содир намудани љиноятњои ќасдона гунањкор эътироф шуда бошанд ва ин њолат ба обрўю нуфузи шахсе, ки политсияро намояндагї мекунад таъсир расонад, ќабул карда намешаванд.
5. Ишғол кардани мансабњои холї дар политсия дар асоси озмун, бо роњи бастани шартнома сурат мегирад.
Маќсади асосии озмун ин бањодињии сатњи касбии довталабон ва мутобиќатии онњо ба талаботњои тахассусии муќарраргардидаи мансабњои роњбарикунандаи политсия мебошад.
6. Политсия бо кормандони барои хизмат кирояшуда шартномањои муњлатнок ва бемуњлат мебандад. Муњлати шартномаи муњлатнок то 5 сол муќаррар гардида, сипас бо розигии тарафайн шартнома метавонад њар 5 сол тамдид карда шавад. Шартнома барои хизмат бояд уњдадорињои њар ду тараф ва кафолатњои таъмини њуќуќњои корманд ва коргари политсияро пурра дарбар гирад. Бо шахсоне, ки ба муассисањои таълимии Вазорати корњои дохилї ва дар хориљи кишвар ба таълими асосии ройгон фаро гирифта мешаванд, бастани шартномаи њатмї ба муњлати на кам аз 5 сол муќаррар карда мешавад. Дар сурати иљро накардани шартњои шартнома дар давоми тањсил ё баъд аз хатми он, маблаѓњои барои таълим сарфшуда аз њисоби волидайн ё намояндагони ќонунии кафилшудаашон ситонида мешаванд.
7. Њангоми ќабул шудан ба хизмат корманди политсия Савганд ёд мекунад, ки матни онро Президенти Љумњурии Тољикистон тасдиќ мекунад. Дар баробари ин корманди политсия уњдадорињо ва мањдудиятњоеро, ки бо хизмат дар политсия алоќаманд мебошанд, ба зимма мегирад.
8. Уњдадорони њарбї, ки ба хизмат дар политсия ќабул шудаанд ва курсантњои муассисањои таълимии махсуси Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон бо тартиби муќарраргардида аз ќайди њарбї бароварда шуда, дар ќайди махсуси Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон гузошта мешаванд. Масъалаи додани рутбањои махсуси политсия ба уњдадорони њарбї, ки рутбањои њарбї доранд, бо тартиби аттестатсионї баррасї карда мешавад.
9. Корманди политсия њангоми ба маќоми олии ќонунгузории Љумњурии Тољикистон интихоб шудан, то ба итмом расидани муњлати ваколаташ дар њайати эњтиётии Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон мемонад.
10. Корманди политсия дар асоси фармони Президенти Љумњурии Тољикистон ва ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон метавонад барои иљрои вазифањои махсус ба маќомоти њокимияти давлатї, вазорату идорањо ё ташкилотњои тобеи он бо монондан дар захираи кадрии Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон фиристода шавад. Ба шахси мазкур тамоми њуќуќу имтиёзњо ва кафолатњои иљтимоии барои кормандони политсия муќарраргардида, нигоњ дошта мешавад.
11. Муњлати фаъолияти корманди политсия дар вазифањои дар ќисмњои 8 ва 9-и њамин модда зикргардида, ба муњлати хизмат барои гирифтани рутбаи навбатї, иловапулї барои давомнокии хизмат, рухсатии мењнатї ва баромадан ба нафаќа аз рўи собиќаи корї њисоб карда мешавад.
12. Баъд аз ба охир расидани муњлати ваколат ва вазифањои дар банди 8 ва 9 њамин модда зикргардида, бо хоњиши корманди политсия ўро ба вазифаи пешинааш ва агар он вазифа вуљуд надошта бошад, ба дигар вазифаи баробар таъин карда мешавад.
13. Муносибатњои мењнатии корманди политсия, ба истиснои њолатњои дар Ќонуни мазкур пешбинишуда, мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи мењнат ба танзим дароварда мешаванд.
Моддаи 43. Озмоиш њангоми ќабул шудан ба хизмат дар политсия
1. Бо маќсади омўзиши сатњи омодагї ва мутобиќати шањрванде, ки барои хизмат дар политсия ќабул карда мешавад ва ба мансабе, ки довталаб мебошад, шаш моњ муњлати озмоишї муќаррар карда мешавад. Шањрванди мазкур дар марњилаи озмоиш ба мансаби дахлдор, ба сифати коромўз таъин карда мешавад.
2. Хатмкунандагони муассисањои таълимии Вазорати корњои дохилї дар курси нињої аз рўи ихтисос дар воњиди политсияе, ки ўро ба тањсил фиристодааст, коромўзї менамояд ва барои ишѓоли мансаб аз рўи касб, аз тарафи роњбари он аз аттестатсия гузаронида мешавад.
3. Ба коромўз муќаррароти ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи мењнат пањн мегардад.
4. Муњлати коромўзї њамчун хизмат дар политсия њисоб карда мешавад.
Моддаи 44. Тартиб ва шартњои адои хизмат дар политсия
1. Давомнокии умумии ваќти кории кормандони политсия дар як њафта панљ рўзи кории њаштсоата, ё ин ки 40 соати кориро дар бар мегирад.
2. Њангоми зарурат корманди политсия метавонад ба иљрои уњдадорињои хизматї зиёда аз ваќти муќарраргардида, инчунин шабона, дар рўзњои истироњат (як соат ба ду соати корї) ва ид (як соат ба се соати корї) љалб карда шавад, ки бо маблаѓи пулї љуброн карда мешавад. Корњои зиёда аз меъёр набояд бештар аз чор соат дар давоми ду рўз пайњам бошанд ва бояд њатман маблаѓ пардохт карда шавад. Миќдори умумии соатњо барои кори зиёда аз меъёр дар як сол бояд аз 120 соат зиёд набошад.
3. Ба корманди политсия рухсатии мењнатии пардохтшавандаи њарсола ба муддати аз 30 то 45 рўзи таќвимї, бо назардошти собиќаи корї дар политсия, бе њисоб кардани ваќти рафтан ба љои истиќомат ё истироњат ва бозгашт, бо пардохти арзиши роњкиро, дода мешавад.
4. Ба корманди политсия, ки дар мањалњои шароити иќлимашон душвор ва номусоид адои хизмат менамоянд, сарфи назар аз собиќаи хизматї рухсати мењнатии асосии пардохтшавандаи њарсола ба муддати 45 рўзи таќвимї, дода мешавад.
5. Ба корманди политсия рухсатии пардохтшавандаи иловагї ба муддати зерин дода мешавад:
- баъди 10 соли хизмат – 5 рўзи таќвимї;
- баъди 15 соли хизмат – 10 рўзи таќвимї;
- баъди 20 соли хизмат – 15 рўзи таќвимї.
6. Њангоми ба рухсатии мењнатї баромадани корманди политсия, ба ў ёрдампулии якдафъаина дар њаљми се маоши моњона пардохт карда мешавад.
7. Ба корманди политсия ташкил ва иштирок намудан дар корпартоињо гирдињамоињо, намоишњо, пикетгузорињо, роњпаймоињо манъ аст.
8. Дар политсия таъсис додан ва фаъолият намудани њизбњои сиёсї, дигар иттињодияњои љамъиятие, ки њадафњои сиёсї доранд, бурдани таблиѓот ба манфиати њизби сиёсї, инчунин аъзогии корманди политсия дар фаъолияти иттињодияњои мазкур, манъ аст.
9. Тартиб, муњлат ва дигар шартњои хизмат дар политсия бо Низомномаи адои хизмат дар маќомоти корњои дохилии Љумњурии Тољикистон, ки аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон тасдиќ карда мешавад, ба танзим дароварда мешавад.
10. Барои кормандоне, ки вазифањоро оид ба њифзи тартиботи љамъиятї ва таъмини амнияти љамъиятї дар шароити вазъияти њарбї ё вазъияти фавќулода, низои мусаллањона, гузаронидани амалиётњои зиддитеррористї, бартарафсозии оќибати садамаю офатњои хусусияти табиї ва техногенидошта ва дар шароитњои дигаре, ки бо хавфи калон ба њаёт ва саломатї, ба тағйирёбии низомї, рељаи ваќти хизматї ва љорї намудани мањдудиятњои иловагї алоќамандро иљро менамоянд, собиќаи хизмати як моњ ба се моњ баробар њисоб карда мешавад.
Моддаи 45. Озод кардани корманди политсия аз хизмат
Кормандони политсия бо асосњои зерин (бо истодан дар ќайди њарбї) аз хизмат ба эњтиёт озод карда мешавад:
а) бо хоњиши худ;
б) бо расидан ба њадди синну соле, ки Низомномаи адои хизмат аз тарафи њайати ќаторї ва роњбарикунандаи маќомоти корњои дохилї муайян намудааст;
в) бо расидани муњлати собиќаи хизматї, ки ба нафаќа њуќуќ медињад (бо ташаббуси корманди политсия ё бо розигии ў);
г) баъд аз тамом шудани муњлати хизмат, ки дар шартнома нишон дода шудааст;
д) бо сабаби вайрон намудани шартњои шартнома;
е) бо ихтисори штатњо (љойњои корї);
ж) аз сабаби беморї - дар асоси хулосаи комиссияи тиббии њарбї дар бораи корношоями барои хизмат дар политсия;
з) аз сабаби мањдудияти вазъи саломатї - дар асоси хулосаи комиссияи тиббии њарбї оид ба мањдудияти коршоямї ба хизмат ва иљро карда натавонистани вазифањои хизматї аз рўи вазъи саломатї мувофиќи мансаби ишѓолкарда њангоми набудани имконияти љойивазкунї дар хизмат;
и) аз рўи натиљаи аттестатсия маълум намудани нокифоягии тахассусї ва мувофиќат накардан бо мансаби ишѓолкарда;
к) њангоми мунтазам вайрон намудани интизоми хизматї;
л) барои содир намудани амале, ки ба шаъну эътибори корманди политсия доѓ меорад;
м) њангоми аз љониби корманди политсия пас аз як моњи ба охир расидани ваколати хизматї дар вазифањои дар ќисмњои 8 ва 9 моддаи 42 зикргардида, огоњ насохтани маќомоти корњои дохилї;
н) њангоми эътибори ќонунї пайдо намудани њукми суд.
Корманди политсия, ки љиноят содир намудааст, баъди эътибори ќонуни пайдо намудани њукми суд оид ба мањкум шуданаш барои содир кардани љиноят, аз хизмат озод карда мешавад.
Курсанте (љинси мард), ки барои аќибмонї ва беинтизомї аз муассисањои таълимии Вазорати корњои дохилї хориљ карда шудааст, бо тартиби муќаррарнамудаи Вазири мудофиаи Љумњурии Тољикистон барои адои хизмати њарбї фиристода мешавад, ба шарте, ки агар њангоми хориљ шудан муњлати муќаррарии хизмати њарбиро мувофиќи даъват адо накарда бошад ё барои хондан барќарор карда нашуда бошад.
Муддати тањсил дар муассисаи таълимї бо њисоби як моњи хониш баробар ба як моњи хизмати њарбї бо даъват њисоб карда мешавад.
БОБИ 7. БОЛОРАВИИ МАНСАБИИ КОРМАНДОНИ ПОЛИТСИЯ ДАР ХИЗМАТ
Моддаи 46. Болоравии мансабии кормандони политсия дар хизмат
1. Дар политсия болоравии мансабии кормандон дар хизмат тибќи низоми зина ба зина ба роњ монда мешавад.
2. Интихоб, таъин намудан ба мансаби роњбарикунанда, пешбарии номзад ба мансаби болої дар асоси дастовардњои хизматї, донишу малакаи касбї, интизоми хизматї, ташаббускорї, ахлоќи намунавї, аќидаронии солим ба роњ монда мешавад.
3. Талаботи тахассусї ба захираи кадрї чунин мебошад:
1) барои њар як мансаби њайати политсия талаботњои тахассусї тањия карда мешавад, ки он аз меъёрњо вобаста ба сатњи тањсилоти касбї, собиќаи хизматї дар маќомоти политсия ё хизмати давлатї, собиќаи хизматї (таљрибаи корї) ихтисосї, донишњои касбї ва малакаи зарурї барои иљрои вазифањои хизматї, сатњи тайёрии љисмонї иборат мебошанд.
Талаботи тахассусї бо Фармоиши Вазири корњои дохилї дар мувофиќа бо маќоми ваколатдори соњаи хизмати давлатї тасдиќ карда шуда, дар Фењристи ягонаи давлатии санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта мешавад;
2) дар Вазорати корњои дохилї ва Раёсатњои минтаќавии он Комиссияњои махсуси озмунї таъсис дода мешавад, ки дар њайати он на камтар аз ду аъзои Шӯрои љамъиятї оид ба мусоидати љомеаи шањрвандї ба ислоњоти милитсия шомил карда мешаванд. Комиссия њамасола гузаронидани санљиши кормандони политсияро оид ба мутобиќ гардонидан ба талаботи тахассусии мансаби ишѓолнамудаашон ба роњ мемонад;
3) пас аз муайян гардидани натиљаи санљиш рўйхати захирањои кадрии пешбаришаванда ба мансабњои роњбарикунанда тањия карда мешавад. Зимнан банаќшагирии барномаи рушди захирањои кадрї, аз љумла гузаронидани корњои инфиродї, азнавтайёркунї, иваз кардан дар давраи рухсатї ва коромўзї бо кадрњои дар захира ќарордошта, таъмин карда мешавад.
Моддаи 47. Тибќи озмун интихоб ва таъин кардани корманди политсия ба мансаб
1. Вазорати корњои дохилї рўйхати мансабњои њайати роњбарикунандаи дар асоси озмун таъиншавандаро тањия мекунад, ки тартиби дар асоси озмун ба мансаб таъин шуданро Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян менамояд.
2. Озмун барои ишѓоли мансабњои холї аз љониби Комиссияи озмунї дар асоси талаботњои тахассусї, ки мутобиќи моддаи 46 Ќонуни мазкур тасдиќ карда шудааст, гузаронида мешавад. Дар рафти озмун санљиши савияи дониши ќонунњои Љумњурии Тољикистон ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї истифода мешавад, ки ба усулњои бањодињии сифатњои касбї ва шахсии номзад, аз љумла озмоишњои санљишї, саволнома, суњбатњои инфиродї, муњокимањои гурўњї ва навиштани иншо оид ба масъалањои вобаста ба иљрои вазифањои хизматии минбаъда, истифода шаванд.
3. Њангоми бањодињии номзад Комиссияи озмун бояд талаботи тахассусии мансаби дахлдор, дониш ва мањорату малакаи касбиро ба роњбарї гирад.
4. Маълумот дар бораи ваќт ва мањалли гузаронидани озмун барои ишғоли мансабњои холї дар сомонањои Вазорати корњои дохилї, Сарраёсати политсия ва раёсатњои минтаќавї нашр карда мешавад.
Њар як корманди Вазорати корњои дохилї, ки ба талаботњои тахассусї љавобгўй мебошад, њуќуќи иштирок дар озмунро дорад.
5. Ќарори Комиссия оид ба натиљањои озмун бе иштироки номзад бо роњи овоздињии пинњонї ё ошкоро бо тарафдории аксарияти аъзоёни дар љаласа иштирокдоштаи Комиссия ќабул карда мешавад ва он аз љониби њамаи аъзоёни дар љаласаи Комиссия иштирокдошта ба имзо расонида мешавад
6. Ќарори Комиссия барои таъин намудани довталаб ба мансаби холибудаи њайати роњбарикунандаи политсия ё рад намудани таъиноти довталабе, ки дар озмун маѓлуб гардидааст, асос мегардад.
Моддаи 48. Аттестатсияи кормандон. Љойивазкунии (ротатсияи) кадрњо
1. Бо маќсади љорї намудани тарзу усулњои нави корбарї ва механизми самараноки пешгирии кирдорњои хусусияти коррупсионидошта, бархўрди манфиатњои шахсї ва давлатї, инчунин баланд бардоштани натиљањои корї дар политсия, аттестацияи кормандон ва љойивазкунии (ротатсияи) њайати роњбарикунанда гузаронида мешавад.
2. Љойивазкунии (ротатсияи) њайати роњбарикунанда дар политсия, дар се сол як маротиба амалї карда мешавад. Њангоми љойивазкунї (ротатсия), дар байни ањолии минтаќаи хизматї пурсиши сотсиологї гузаронида мешавад, ки тартиби онро Вазири корњои дохилии Љумњурии Тољикистон муайян мекунад.
3. Аттестатсия бо маќсади муайян намудани мутобиќатии кормандони политсия ба мансабњои ишѓолнамудаашон гузаронида мешавад, ки он дар се сол як маротиба гузаронида мешавад. Дар сурати таъин шудани корманди политсия ба мансаби дигар аттестатсияи ў баъд аз як соли таъин шуданаш гузаронида мешавад.
Кормандони љинси зан, ки дар рухсатии њомиладорї ё таваллуд, инчунин кормандоне, ки дар рухсатии нигоњубини кўдаки то синни сесола буданд, аз аттестатсия баъд аз як соли ба кор баромаданашон мегузаранд.
3. Аттестатсияи кормандони политсия аз љониби Комиссияи марказии аттестатсионии Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон дар њолатњои зерин гузаронида мешавад:
а) њангоми ба мансабњои њайати роњбарикунандаи олї таъин шудани довталаб;
б) њангоми таъин шудани довталаб барои ишѓоли мансабе, ки он аз љониби Вазири корњои дохилї анљом дода мешавад;
в) њангоми ишѓоли мансабњои роњбарикунандаи воњидњои сохторї, ки бо маќсади иљрои уњдадорињои ба зиммаи политсия гузошташуда, таъсис дода шудааст, аз љониби муовини Вазири корњои дохилї сурат мегирад;
г) таъинот ба мансабњои воњидњои сохтории Дастгоњи марказии Сарраёсати политсия;
д) њангоми таъинот ба мансабњои воњидњои сохтории маќомоти политсия дар вилоятњо ва шањру ноњияњо ба истиснои кормандони дар бандњои б) ва в) ќисми 3 моддаи мазкур оварда шуда.
4. Бо маќсади баланд бардоштани самаранокии хизмат дар политсия, таъмин намудани болоравии мансабии кормандони дар захирањои кадрии он ќарордошта ва бо маќсади пешгирии омилњои коррупсионї дар хизмат љойивазкунии (ротатсияи) кормандон тариќи таъин намудан ба дигар вазифањои роњбарикунандаи политсия амалї карда мешавад.
5. Љойивазкунии (ротатсияи) кормандон дар доираи як гурўњи мансабњое, ки њаљми маоши онњо аз њаљми маоши мансабњои пеш ишѓолнамудаашон кам нест, инчунин бо дарназардошти сатњи тахассусї, тањсилоти касбї ва собиќаи хизмат дар политсия гузаронида мешавад.
6. Мансабњои њайати роњбарикунандаи политсия тибќи тартиби гузаронидани љойивазкунї (ротатсия), ки аз љониби Вазири корњои дохилї муайян карда шудааст, амалї карда мешаванд.
БОБИ 8. КАФОЛАТЊОИ ЊИМОЯИ ИЉТИМОЇ ВА ЊУЌУЌИИ ПОЛИТСИЯ
Моддаи 49. Пардохти музди мењнати корманди политсия
1. Таъминоти пулии кормандони политсия аз маоши моњонаи мансабї, маоши моњона барои рутбаи махсус, иловапулї барои собиќаи хизмат ва дараљавї иборат мебошад, ки дар якљоягї маоши моњонаи кормандони политсияро ташкил медињанд. Андоза ва тартиби пардохти таъминоти пулии кормандони политсия аз тарафи Президенти Љумњурии Тољикистон муќаррар карда мешавад.
2. Ба корманди политсия бар ивази озуќаворї љубронпулї пардохт карда мешавад, ки њаљми он њар сол вобаста ба сатњи таваррум ва андозаи сабади истеъмолї, бо Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Буљети давлатии Љумњурии Тољикистон» муќаррар карда мешавад.
3. Музди мењнати кормандони политсия, ки зиёда аз ваќти кории муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар хизмат мебошанд, пардохт карда мешавад.
4. Њукумати Љумњурии Тољикистон метавонад ба маоши моњонаи муќарраргардидаи кормандони политсия пардохтњои иловагї пешбинї намояд.
Моддаи 50. Таъминоти молиявї, моддї ва техникии политсия
1. Маблаѓгузорї молиявї, таъминоти моддї, техникї, иљтимої ва маишии политсия аз њисоби маблаѓњои буљети љумњуриявї ва мањаллї, инчунин аз њисоби дигар манбаъњое, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон манъ накардааст, пардохт карда мешавад.
2. Политсия аз тарафи Њукумати Љумњурии Тољикистон бо бино ва иншоотњои зарурї таъмин карда мешавад.
3. Маблаѓгузории дигар ташкилотњо (давлатї, љамъиятї ва байналмилалї) барои муљањњазгардонии политсия бо техникаву технологияњои муосир, сохтмон, тармиму таљдиди биноњо манъ нест.
Моддаи 51. Њавасмандгардонии кормандони политсия ва шахсони дигар
1. Барои нишон додани корнамої дар мубориза бо љинояткорї, ноил гаштан ба комёбињои назаррас ва љасорату фидокорї кормандони политсия тибќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи мукофотњои давлатии Љумњурии Тољикистон» бо мукофотњои давлатї сарфароз гардонида мешаванд.
2. Кормандони политсия барои хизмати бенуќсон, пурмањсул, намунавии давомнок бо медалњо ва нишонњои сарисинагии идоравї, ки тавсиф ва тартиби онњоро Вазири корњои дохилии Љумњурии Тољикистон муайян мекунад, њавасманд гардонида мешаванд.
3. Кормандони маќомоти давлатї, дигар маќомоти њифзи њуќуќ, иттињодияњои љамъиятї, ташкилотњо ва шањрвандон низ барои њамкорї бо политсия дар амалї намудани њифзи тартиботи љамъиятї ва мубориза бо љинояткорї, бо медал ва нишонњои сарисинагии Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон њавасманд гардонида мешаванд.
4. Ба њайати ќаторї ва роњбарикунандаи политсия бо роњи санљиш ва бањодињї оид ба иљрои уњдадорињои мансабї, аз рўи сатњи дониш, малака, тайёрии касбї ва таљрибаи корї дараљањои ихтисоси касбї дода шуда, маблаѓи иловагї ба маоши њармоња илова карда мешавад, ки тартиби онро Вазири корњои дохилии Љумњурии Тољикистон муќаррар менамояд.
Моддаи 52. Суѓуртаи давлатї ва љуброни зарар дар њолати вафот ва ё маъюб шудани корманди политсия
1. Кормандони политсия, аъзои оила ва молу мулки онњо бо суѓуртаи њатмии давлатии шахсї фаро гирифта мешаванд.
2. Кўмакпулии якдафъаина дар њаљми 120 маоши моњонаи корманди политсия, ки дар рўзи пардохти љуброн муайян карда шудааст, ба оилаи корманди вафотгардида ва ё шахсони тањти саробонии ў ќарордошта, бо њиссањои баробар, дар чунин њолатњо дода мешавад:
1) вафоти корманди политсия, ки њангоми иљрои уњдадорињои хизматї, ё дар натиљаи бемории дар давраи адои хизмат дар политсия гирифтааст;
2) вафоти шањрванди Љумњурии Тољикистон то интињої як сол пас рухсатшавї аз хизмат дар политсия, дар натиљаи маъюбии њангоми иљрои уњдадорињои хизматї гирифта, ё дар натиљаи бемории дар давраи адои хизмат дар политсия, ки имконияти минбаъд хизмат намудани ўро дар политсия истисно кардааст.
3. Аъзои оила ва шахсони тањти саробонии корманди вафоткардаи политсия ќарор доштанд, (шањрванди Љумњурии Тољикистон, ки аз хизмат дар политсия озод карда шудааст), мутобиќи ќисми 2 моддаи мазкур њуќуќи гирифтани кўмакпулии якдафъаинаро доранд, инњо мањсуб меёбанд:
- њамсаре, ки то рўзи вафот бо корманди вафоткарда дар аќди никоњи баќайдгирифта ќарор дошт;
- падару модари корманди вафоткарда;
- фарзандони ноболиѓи корманди вафоткарда, фарзандони аз 18 сола боло, ки то ба синни 18 сола расидан маъюб шудаанд, фарзандони то 23 сола, ки дар шўъбањои рўзонаи муассисањои таълимї тањсил мекунанд;
- шахсоне, ки дар таъминоти пурраи корманди вафоткарда ќарор доштанд ё аз ў кўмакеро мегирифтанд, ки барояшон манбаи даромади доимї ва асосии зист буд, инчунин шахсони дигаре, ки бо тартиби муќаррарнамудаи Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон њамчун шахсони тањти саробонї ќарордошта эътироф шудаанд.
4. Дар сурати маъюб шудан ё расидани зарари дигар ба саломатии корманди политсия њангоми иљрои уњдадорињои хизматї, ки имконияти минбаъд адои хизмат намудани ўро дар политсия истисно менамояд, ба ў кўмакпулии якдафъаина ба њаљми 60 маоши моњона дар лањзаи пардохт муайян карда мешавад.
5. Дар сурати озод шудани корманди политсия аз хизмат дар натиљаи бемории дар рафти адои хизмат пайдонамуда, ба ў кўмакпулии якдафъаина ба њаљми 24 маоши моњона, ки дар рўзи пардохти кўмакпулї муќаррар шудааст, пардохт карда мешавад.
6. Њангоми иљрои уњдадорињои хизматї бардоштани зарари љисмонї ва муваќќатан корношоям гаштани корманди политсия, ба ў вобаста ба дараљаи зарари љисмонии бардоштааш кўмакпулии якдафъаина дар њаљми аз шаш то дувоздањ маоши моњона, ки дар рўзи пардохти кўмакпулї муќаррар шудааст, пардохт карда мешавад.
7. Зараре, ки ба моликияти корманди политсия, аъзои оила ё хешовандони наздики ў вобаста ба фаъолияти хизматиаш расонида шудааст, дар њаљми пурра, аз љумла фоидаи аз дастрафта љуброн карда мешавад, ки минбаъд ин маблаѓ аз шахсони гунањкор рўёнида мешавад.
8. Барои дафни корманд ва нафаќахўри политсия (маќомоти корњои дохилї), хешовандони наздик (падару модар, зан, фарзанд, фарзандхондшуда ва фарзандхондкарда) ва шахсоне, ки тањти саробони ў ќарор доштанд, кўмакпулии якдафъаина дар њаљми 10 маоши моњонаи охирин, пардохт карда мешавад. Муќаррароти мазкур нисбати шахсони ба фаъолияти оперативї-љустуљўии политсия тибќи шартнома њамкорї намудаанд, пањн мегардад.
9. Суғуртаи давлатии њатмии њаёт ва саломатии корманди политсия ва аъзои оилаи ў аз љониби маќомоти корњои дохилї амалї карда мешавад.
10. Таъмини нафаќаи давлатии корманди политсия мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон амалї карда мешавад.
11. Њангоми дар натиљаи иштирок дар гузаронидани чорабинињои оперативї-љустуљўї ба њалокат расидани шахсе, ки мутобиќи ќарордод бо политсия њамкорї менамуд, ба оила ва шахсони тањти саробонии ў ќарордошта, аз њисоби маблағњои дахлдори буљетї ёрдампулии якдафъаина ба андозаи маоши панљсолаи шахси њалокшуда пардохт карда мешавад ва мувофиќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон бо сабаби аз даст додани саробон нафаќа таъин карда мешавад.
12. Дар њолати вобаста ба иштирок дар гузаронидани чорабинињои оперативї-љустуљўї осеб дидан, захм бардоштан, контузия гирифтан ё маъюб шудани шахси мутобиќи ќарордод бо политсия њамкорикунанда, ки њамкории минбаъдаи ўро бо маќомоти политсия ѓайриимкон мегардонад, ба шахси мазкур аз маблаѓњои дахлдори буљетї ёрдампулии якдафъаина ба андозаи маоши сесола пардохт карда мешавад ва ба ў нафаќаи маъюбї таъин мегардад.
Моддаи 53. Таъминоти иљтимоии корманди политсия
1. Ба корманди политсия мувофиќи тартиби муќарраргардида:
- аз фонди давлатї манзили истиќоматї дода мешавад;
- барои бењтар намудани шароити манзили зист, сохтмони манзили шахсї ќитъаи замин људо карда мешавад;
- аз њисоби маблағњои буљетї барои харидан ва ё сохтмони манзили истиќоматї, инчунин бењтар намудани шароити манзил, ќарзи бефоиз ба муњлати 20 сол дода мешавад, ки 50 фоизи он аз њисоби маблаѓи буљетњои дахлдор пардохт карда мешавад;
- манзили истиќоматї аз фондњои манзили давлатї ва љамъиятї таъмин карда мешавад.
2. Корманд ва нафаќахўри политсия, ки дар маќомот зиёда аз дањ сол фаъолият намудааст, њамчунин аъзои оилаи корманди вафот кардаи политсия бе додани манзили дигар аз манзили хизматї бароварда намешавад.
3. Политсия њуќуќ дорад аз њисоби манбањои молиявии худ барои кормандоне, ки ба бењтар намудани шароити манзил эњтиёљ доранд, манзили истиќоматї харида дињад.
4. Маќомоти њокимияти иљроияи давлатї ва мањаллї манзили кормандони политсия, ки фонди манзили давлатиро ташкил менамояд, њангоми собиќаи хизматии на кам аз понздањ сол доштан, инчунин ба аъзои оилаи онњое, ки њангоми иљрои вазифањои хизматї њалок гардидаанд, ба таври ройгон медињад.
5. Ба нозирони минтаќавии политсия дар давоми шаш моњ аз рўзи ба вазифа таъин шудан, аз тарафи маќомоти мањаллии њокимияти давлатї манзили истиќоматии хизматї дода мешавад.
6. Дар сурати њалок гардидани корманди политсия њангоми иљрои фаъолияти хизматї, ба оилаи ў манзил бо њамон асосњое, ки то вафоти вай мављуд буд, на дертар аз шаш моњ баъди њалок шудани корманди политсия аз тарафи маќомоти њокимияти иљроияи давлатї ва мањаллї ё маќомоти политсия дода мешавад.
7. Ба корманди политсия ва аъзои оилаи он, аз љумла оилаи корманди њалокгардида, пардохти хонапулї ва хизматрасонињои коммуналї, об, андози замини наздињавлигї ва пули истифодаи телефон, новобаста аз навъи фонди манзилї, панљоњ фоиз кам карда мешавад.
9. Фарзандони корманди политсия ба муассисањои томактабї ва муассисањои тањсилоти миёнаи умумї бенавбат ќабул карда мешаванд. Фарзандони кормандон ва нафаќахўрони политсия дар муассисањои тањсилоти олии љумњурї ба тариќи ройгон та тањсил фаро гирифта мешавад.
10. Њукумати Љумњурии Тољикистон ва маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї барои кормандони политсия, метавонанд кафолатњои дигари њифзи иљтимоиро, ки Ќонуни мазкур пешбинї накардааст, муќаррар намоянд.
Моддаи 54. Таъмини кормандони политсия бо хизматрасонии тиббї
Кормандони политсия ва аъзоёни оилаи онњо, собиќадорон ва нафаќахўрони политсия, инчунин аъзоёни оилаи шањрвандони Љумњурии Тољикистон, ки дар рафти адои хизмат дар политсия њалок гардидаанд дар муассисањои тиббии маќомоти корњои дохилї ба хизматрасонии тиббии ройгон њуќуќ доранд.
Кормандони политсия ба тайёр ва таъмир кардани протезњо (ба истиснои протезњое, ки аз металлњои ќимматбањо ва дигар маводи гаронарзиш сохта шудаанд), хизматрасонї ва таъминоти тиббии ройгон њуќуќ доранд.
Аз муассисањои тиббии маќомоти корњои дохилї, аз рўи дорухат гирифтани маводњои доруворї, мањсулоти таъминоти тиббї ройгон мебошад.
Корманд ва нафаќахўри политсия дар осоишгоњњои маќомоти корњои дохилї ва осоишгоњњои Љумњурии Тољикистон бо истироњати ройгон таъмин карда мешавад.
Моддаи 55. Њимояи њуќуќии корманди политсия
1. Корманди политсия - шахси дахлнопазир мебошад ва тањти њимояи давлат ќарор дорад. Шахсият, шаъну шараф ва эътибори ў бо ќонун њифз карда мешавад.
2. Бо маќсади њифзи њуќуќ ва манфиатњояш корманди политсия њуќуќ дорад ба суд мурољиат намояд ва ба иттифоќњои касаба муттањид шавад.
3. Тањќири корманди политсия, ба ў муќобилият нишон додан, тањдид, зўроварї ё сўйќасд ба он, инчунин дигар кирдорњо, ки ба иљрои вазифањои хизматии корманди политсия монеањо эљод мекунанд, чунин амалњо фавран пешгирї карда мешавад ва тибќи муќаррароти ќонунгузории Љумњурии Тољикистон боиси ба љавобгарї кашидан мегарданд.
4. Кормандони политсия барои расонидани зарари моддї ва љисмонї ба њуќуќвайронкунанда, ки дар натиљаи итоат накардан ва муќобилият нишон додан расонида шудааст, ба љавобгарї кашида намешавад.
Хатар ба њаёт ва саломатии корманди политсия њамчун тањдид ба вазъияти муътадили љомеа ва амнияти кишвар арзёбї мегардад.
5. Кормандони политсия дар баробари дигар шањрвандони Тољикистон аз њуќуќњои шањрвандї ва сиёсии худ истифода мебаранд. Ба истиснои мањдудиятњои муќаррарнамудаи Ќонуни мазкур.
Мањдудият ба ин њуќуќњо танњо мутобиќи Ќонун ва тибќи меъёрњои эътирофшудаи байналмилалї дар соњаи њуќуќи инсон муќаррар карда мешаванд.
Моддаи 56. Уњдадории итоат намудан ба корманди политсия
1. Талаботи ќонунии корманди политсия барои иљроиш ба шањрванд ва шахсони мансабдор њатмї мебошад.
2. Иљро накардани талаботи ќонунии корманди политсия ва дигар амалњое, ки барои иљрои вазифањои ба зиммаи политсия гузошташуда монеъ мешаванд, боиси љавобгарии муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон мегардад ва њангоми монеъ шудан бо роњи зўроварї корманд метавонад тибќи муќаррароти ин ќонун силоњ истифода кунад.
3. Талаботи корманди политсия, ки ба шањрванд ва шахсони мансабдор нигаронида шудаанд ё дигар амалњои ў то он ваќт ќонунї њисобида мешаванд, ки агар аз љониби маќомот ё шахси мансабдори ба назорати фаъолияти ў ваколатдоршуда ва риояи ќонуниятро баамалбароваранда, баракси онро муайян накунад.
Моддаи 57. Эњтимолияти боварї ба корманди политсия
Ба нишондоди корманди политсия, ки ба сифати љабрдида ё шоњид пурсида мешавад, дар баробари дигар далелњое, ки мувофиќи тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузорї гирифта шудаанд, бањо дода мешавад.
Моддаи 58. Њуќуќњои корманди политсия ба њимояи судї
Политсия вазифадор аст, ба он корманди политсия, ки иштирокчии мурофиаи љиноятї ё гражданї мебошад, ёрии њуќуќї расонад.
Агар корманди политсия дар содир кардани љиноят гумонбар ё айбдор шуда, нисбати ў чораи пешгирї дар намуди ба њабс гирифтан интихоб шуда бошад, пардохти таъминоти пулї ба чунин корманд боздошта мешавад. Њангоми нисбати корманд ќатъ гаштани парвандаи љиноятї бо асосњои сафедкунанда ё баровардани њукми сафедкунанда, ба ў таъминоти пулї дар њаљми пурра барои тамоми давраи дар њабс буданаш пардохт карда мешавад, ки минбаъд ин маблағ аз шахсони дар айбдоркунии ғайриќонунї гунањкор, рўёнида мешавад.
Моддаи 59. Њуќуќи кормандони политсия оид ба аъзо шудан ба иттифоќњои касаба
Кормандони политсия бо маќсади намояндагї аз њимояи њуќуќу манфиатњои иљтимої ва мењнатии худ, тибќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи иттифоќњои касаба», њуќуќи таъсис додан ва аъзо шудан ба иттифоќњои касабаро доранд.
Моддаи 60. Дахлнопазирии фаъолияти корманди политсия
1. Корманди политсия њангоми иљрои вазифањои ба зиммааш гузошташуда танњо ба сардорони бевосита ва болоии худ тобеъ мебошад. Њељ шахси дигар њуќуќи ба фаъолияти ќонунии корманди политсия дахолат карданро надорад.
2. Таъсир расондан бо маќсади мамоният кардан ба иљрои вазифањои хизматии корманди политсия дар кадом шакле, ки набошад, боиси љавобгарии бо ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муќарраршуда мегардад.
3. Дар њолати аз тарафи сардор ва шахси ваколатдор додани фармон ё супориши ғайриќонунї, љавобгарї ба дўши шахси фармон ё супоришдода гузошта мешавад.
4. Фармон ё супориши бараъло ғайриќонунии сардор ва шахси ваколатдор аз тарафи корманди политсия иљро карда намешавад.
5. Дар њолати аз сардори бевоситаи худ ё дигар шахсони мансабдори ваколатдор гирифтани фармон, дастур ва супориши баръало ѓайриќонунї корманди политсия бояд мувофиќи талаботи ќонун амал намуда, дар ин бора ба роњбари болої хабар дињад.
6. Корманди политсия, ки аз рўи фармон ё супориши бараъло ѓайриќонунї ќасдона љиноят содир намудааст, инчунин шахси мансабдори фармон ё супориши ѓайриќонунї дода, њарду ба тариќї умумї ба љавобгарї кашида мешаванд. Иљро накардани фармон ё супоришоти ѓайриќонунии сардори бевоситаи худ ё дигар шахсони мансабдори ваколатдор, љавобгариро истисно мекунад.
7. Љалб намудани корманди политсия ба иљрои вазифањое, ки Ќонуни мазкур ба зиммаи политсия вогузор накардааст, манъ аст.
Моддаи 61. Њуќуќњои корманди политсия ба љуброни истифодаи воситаи наќлиёти шахсї бо маќсадњои хизматї
Ба корманди политсия, ки бинобар маќсадњои хизматї наќлиёти шахсиашро истифода мебарад, љубронпулї пардохт карда мешавад.
Моддаи 62. Њуќуќи корманди политсия њангоми дар сафари хизматї будан
Корманди политсия, ки дар сафари хизматї мебошад, аз рўи шањодатномаи сафари хизматї њуќуќи бе навбат гирифтани чипта ба њама гуна наќлиёт ва дар мењмонхона љойгир шуданро дорад.
Моддаи 63. Њифзи иљтимоии корманди политсия бинобар баромадан ба нафаќа
1. Корманди политсия, бинобар расидан ба синну соли муќарраргардида, бо сабаби беморї ё пурра гардидани собиќаи хизматї ба нафаќа меравад. Ба имтиёзњои барои кормандони политсия пешбининамудаи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъминоти нафаќаи хизматчиёни њарбї», аз љумла ба таъминоти тиббї дар муассисањои табобатие, ки дар он љо ба ќайд гирифта шудааст, њуќуќ дорад.
2. Андозаи нафаќаи корманди политсия, ки бинобар расидан ба синни муќарраршуда, бо сабаби беморї ё фарорасии муњлати собиќаи хизмат аз кор озод карда шудааст, бо тартиби муќаррарнамудаи Ќонуни ЉумњурииТољикистон «Дар бораи таъминоти нафаќаи хизматчиёни харбї» њисоб карда мешавад.
3. Ба шахсоне, ки аз хизмати политсия озод шудаанд, дар сурати тањдид ба њаёт, саломатї ва молу мулки онњо вобаста ба фаъолияти хизматии пештараашон мутобиќи Ќонуни мазкур, кафолатњои њимояи њуќуќї ва иљтимоии кормандони политсия пањн мегардад.
4. Њангоми ба хизмат дар политсия ќабул шудани мутахассисе, ки дорои тахассуси баланди касбї мебошад ва аз рўи ихтисоси асосї корро идома медињад, собиќаи мењнатиаш барои таъмини нафаќа ва илова намудани маоши изофавї ба собиќаи хизматї аз њисоби ду соли собиќаи умумии мењнатї ба як соли хизмат дар политсия њисоб карда мешавад.
БОБИ 9. ЊАМКОРИЊОИ БАЙНАЛМИЛАЛЇ
Моддаи 64. Њамкории байналмилалї
1. Политсия бо давлатњои хориљї, маќомоти њифзи њуќуќ ва дигар маќомоти салоњиятдори он, ташкилотњои байналмилалї, иттињодияњои љамъиятї ва дигар созмонњо дар масъалањои зерин њамкорї ба роњ мемонад:
- њимояи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд;
- мубориза бар зидди њуќуќвайронкунї ва љинояткорї;
- иштирок дар нигоњдорї ва барќарорсозии сулњу амнияти байналмилалї;
- расонидани ёрии њуќуќї дар пешбурди парвандањои љиноятї;
- ошкор ва тафтиш намудани љиноятњои муташаккили трансмиллї;
- муайян ва дастгир намудани шахсони дар љустуљў ќарор дошта;
- такмил додани ќонунгузории миллї;
- пурзўр намудани базаи моддї-техникї;
- фаъолияти илмї-тадќиќотї, мубодилаи таљриба;
- омода намудани мутахассисон;
- тањия ва амалисозии барномањои муштарак, наќша ва чорабинињо оид ба мубориза бар зидди љинояткорї;
- мукаммал намудани пойгоњи шартномавї-њуќуќии њамкорї дар самти мубориза бар зидди љинояткорї;
- ба роњ мондани самт ва усулњои нави њамкорї бо маќомотњои дахлдори давлатњои хориља;
- муайян намудани шахсони бедарак гумшуда.
2. Политсия дар доираи ваколати худ бо маќомоти њифзи њуќуќ ва дигар маќомоти салоњиятдори давлатњои хориљї, ташкилотњои байналмилалї, иттињодияњои љамъиятї робита менамояд, шартномањо мебандад, њамкорї мекунад, инчунин дар тањияи шартномањои байналмилалии Љумњурии Тољикистон иштирок мекунад.
3. Политсия бо давлатњои хориљї баргузории љаласа ва дигар чорабинињои якљояи байниидоравиро амалї менамояд.
4. Њамкорињои политсия бо субъектњои салоњиятдорї муборизабаранда бар зидди љинояткорї дар асоси меъёрњо ва принсипњои њуќуќи байналмилалї сурат мегирад.
5. Вазорати корњои дохилї метавонад дар дигар давлатњо мутобиќи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон ва санадњои њуќуќии байналмилалие, ки Љумњурии Тољикистон онњоро эътироф намудааст, намояндагии политсияро таъсис дињад ва намояндаи худро таъин намояд.
БОБИ 10. НАЗОРАТ АЗ БОЛОИ ФАЪОЛИЯТИ ПОЛИТСИЯ
Моддаи 65. Назорати давлатї аз болои фаъолияти политсия
1. Назорати давлатии фаъолияти политсияро Президенти Љумњурии Тољикистон ва Њукумати Љумњурии Тољикистон дар доираи ваколатњое, ки Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, ќонунњои конститутсионї ва ќонунњои Љумњурии Тољикистон муайян кардааст, амалї менамоянд.
2. Назорати идоравии фаъолияти политсия бо тартибе, ки Вазири корњои дохилї муайян менамояд, амалї карда мешавад.
Моддаи 66. Назорати ќонуният дар фаъолияти политсия
Назорати риояи даќиќ ва якхелаи ќонунњо дар фаъолияти политсия аз љониби Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон ва прокурорњои ваколатдори тобеи он амалї карда мешавад.
Маълумот дар бораи шахсоне, ки ба политсия пинњонї ёри мерасонанд ё расонидаанд, инчунин дар бораи ташкил, тактика, усул ва воситањои амалї намудани фаъолияти оперативї-љустуљўии политсия ба мавзўи назорати прокурорї дохил намешавад.
Моддаи 67. Назорати љамъиятї аз болои фаъолияти политсия
Шањрвандони Љумњурии Тољикистон, иттињодияњои љамъиятї назорати љамъиятии фаъолияти политсияро амалї менамоянд.
Назорати љамъиятии фаъолияти политсияро Шўрои љамъиятї оид ба мусоидати љомеаи шањрвандї ба ислоњоти милитсия дар назди Вазорати корњои дохилї ва Раёсатњои минтаќавии он мутобиќи Низомномаи Шўрои љамъиятии мазкур ба роњ мемонад.
Назорати љамъиятии фаъолияти политсия тавассути гузаронидани мониторинги љамъиятї, экспертизаи љамъиятии санадњои меъёрии њуќуќии маќомоти политсия ва Вазорати корњои дохилї, гузаронидани машваратњои гуногун байни љомеа ва давлат, инчунин њар се моњ њисоботдињии сардорони политсия дар назди ањолї, таъмин карда мешавад.
БОБИ 11. МУЌАРРАРОТИ ХОТИМАВЇ
Моддаи 68. Љавобгарї барои риоя накардани кафолатњои њимояи њуќуќї ва иљтимоии корманди политсия
Шахсони мансабдор барои риоя накардани кафолатњои њимояи њуќуќї ва иљтимоии корманди политсия, ки бо Ќонуни мазкур пешбинї шудаанд, тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба љавобгарї кашида мешаванд.
Њукумати Љумњурии Тољикистон, маќомоти иљроияи њокимияти давлатї ва маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї њуќуќ доранд барои кормандони политсия кафолатњои дигари њифзи иљтимоиро, ки бо Ќонуни мазкур пешбинї нашудаанд, муќаррар намоянд.
Моддаи 69. Љавобгарии кормандони политсия
1. Корманди политсия барои вайрон намудани ќонуният, интизоми хизматї сўиистифода аз мансаб, баромадан аз њадди Ваколати хизматї, иљро накардан ё иљрои номатлуби вазифањои ба зиммааш гузошташуда ба љавобгарии интизомї, моддї, маъмурї ва љиноятї кашида мешавад.
2. Њангоми аз љониби корманди политсия поймол кардани њуќуќ ва манфиатњои шањрвандон, ташкилотњо, ба онњо расонидани зарар, маќоми дахлдори политсия вазифадор аст, барои барќарор намудани ин њуќуќњо чораљўї намояд ва бо талаби шањрванд дар шакли дахлдор узр пурсад. Зарари моддии расонидашуда мутобиќи ќонунгузории граждании Љумњурии Тољикистон љуброн карда мешавад.
3. Аз тарафи корманди политсия пешнињод накардан ё пешнињод гардидани маълумотномаи нопурра ва ё бараъло бардурўѓ оид ба даромадњо ва молу мулк тибќи ќонунгузории амалкунанда ба љавобгарї кашида мешаванд.
Моддаи 71. Љавобгарї барои риоя накардани талаботи Ќонуни мазкур
Шахсони воќеї, њуќуќї ва шахсони мансабдор барои риоя накардани талаботи Ќонуни мазкур бо тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба љавобгарї кашида мешаванд.
Моддаи 72. Дар хусуси аз эътибор соќит кардани Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи милитсия»
Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи милитсия» аз 17 майи соли 2004 (Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, соли 2004, №5, мод. 352; соли 2006, №3, мод.148; соли 2007, №7, мод.663; соли 2008, №6, мод.450; соли 2009, №12, мод.820; соли 2011, №3, мод. 156; №6, мод. 438; №12,мод.835: соли 2012, №4, мод.251; №7, мод.692; №8, мод.821; №12 ќ1, мод.1023; соли 2013,№3, мод.183,184; №12, мод.884, мод.885) аз эътибор соќит дониста шавад.
Моддаи 73. Тартиби мавриди амал ќарор додани Ќонуни мазкур
Ќонуни мазкур пас аз интишори расмї мавриди амал ќарор дода шавад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>