Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак

15-уми августи соли ҷорӣ вохӯрии сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД полковники милитсия Мансур Бухоризода ва сардори Раёсати тафтишотӣ подполковники милитсия Маҳмадализода Алишер Маҳмадалӣ бо намояндагони барномаҳои САҲА дар Душанбе доир гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ мавзӯъ ва масъалаҳои «Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати кӯдакон барои солҳои 2017-2021», омӯзонидани кормандони ВКД, аз ҷумла нозирони минтақавӣ, муфаттишон ва ваколатдорони оперативӣ вобаста ба адолати судӣ нисбати кӯдакон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Намояндагони ВКД иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва адолат барои кӯдакон корҳои зиёдеро амалӣ карда истодааст. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» аз 18-уми марти соли 2015 ва нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти шарҳи унверсалии даврӣ (даври дуюм) барои солҳои 2017-2020, ки дар он «Амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар ҷодаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон» махсусан дарҷ гардидааст, гувоҳи баръалои он аст. Ҳамчунин, ба тасвиб расидани Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати кӯдакон барои солҳои 2017-2021 аз 29 июни соли 2017 иқдоми неки дигар мебошад.
Сардори раёсати ченаки инсонӣ Скот Кирин ва мушовири барнома оид ба волоияти қонун Чарлз Боланд изҳор намуданд, ки Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар доираи мандати худ омодааст барои амалигардонии «Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати кӯдакон барои солҳои 2017-2021» мусоидат намояд. Аз ин рӯ, Дафтар мехоҳад бо ВКД ҳамкориро дар ин ҷода ба роҳ монда, якҷоя самтҳои афзалиятноки фаъолият дар ин соҳаро муайян ва онро дар барномаҳояш барои солҳои 2017-2018 ворид намояд.
Пас аз вохӯрии судманд гурӯҳи намояндагони Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе аз Қабулгоҳ-таҳвилгоҳи Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД дидан намуда, бо шароит ва зисти ноболиғони ҳуқуқвайронкунанда шинос шуданд.

Инчунин, қайд карда шуд, ки Қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғон барои баланд бардоштани рӯҳияи кӯдакон ба техникаву таҷҳизоти наву замонавӣ ниёз дорад.
Абдулло ШОЕВ, Тоҷиддин ЛАТИПОВ 


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика