Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ваҳдати миллӣ – таҳкими суботи сиёсӣ

Имрӯз (02.06.с.2017), дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсии раёсатҳои Дастгоҳи марказии вазорат машғулияти хизматӣ доир гардид, ки тибқи нақшаи тасдиқгардида сардорони шӯъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ баромад намуданд.
Нахуст, сардори Шӯъбаи оперативии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники милитсия Фирӯз Файзуллозода дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ – таҳкими суботи сиёсӣ» баромад намуда, қабл аз суханронии хеш тамоми ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилиро бо фарорасии 20-умин солгарди ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ табрик гуфта, ба онҳо комёбию пешравиҳо дар хизмат ва хушбахтию хонаободиро таманно намуд.

Мавсуф зимни суханронӣ қайд кард, ки тайи 20 соли соҳибваҳдатӣ кишвари азизамон дар тамоми ҷанбаҳои фаъолияти сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои беназир ноил гардидааст. Маҳз натиҷаи заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми сарбаланди тоҷик буд, ки баъди чандин кӯшишҳо, 27 июни соли 1997 дар пойтахти Федератсияи Россия – шаҳри Москва Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва он Рӯзи ваҳдати миллӣ эълон гардид.
Таҷрибаи пешқадами «Сулҳи тоҷикон» барои ҷаҳониён ва насли имрӯз чун намунаи беҳтарини гуфтушуниди созанда дониста мешавад.
Мардуми Тоҷикистон Рӯзи ваҳдати миллиро ҳамчун рӯзи баҳамоӣ, ҳамгироӣ, сулҳу оштипазирӣ ва ваҳдату ҳамфикрӣ ҷашн мегиранд. Бояд тамоми мардуми кишвар, махсусан насли ҷавони ояндасоз аз он ифтихор кунанд, дар ободии Ватан, пешрафту гулгулшукуфоии он камари ҳиммат банданд. Боварӣ аст, ки ҳар як фарди бонагу номуси миллат дар остонаи 20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ рисолату асолати давлатдории миллӣ ва қарзи муқаддаси шаҳрвандии худро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсӣ, таъмини рушди иқтисодиёт ва пешрафти Ватани азиз нерӯю дониши худро дареғ намедорад ва дар атрофи Сарвари давлат муттаҳид хоҳанд гашт.

Дар идомаи машғулияти хизматӣ, сардори Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Роғун полковники милитсия Ашурзода Абдуҷалил Халил дар мавзӯи «Яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – расидан ба истиқлолияти комили эенергетикӣ» баромади пурмӯҳтаво намуд.
Қайд гардид, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани кишварамон – Тоҷикистон дар баробари баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амнияти озуқавории мамлакат, яке аз ҳадафҳо ва вазифаҳои муҳими дарпешистодаи роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ ин расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ маҳсуб меёбад. Бо ин мақсад аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, дар ин самт тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
29 октябри соли 2016 дар шаҳри Роғун бо иштироки Роҳбари давлат дар соҳили дарёи Вахш маросими оғози бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун доир гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ савори булдозери вазнин бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста, ба бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки барои мардуми Тоҷикистон ҳаёту мамоташ аст, ҳусни оғоз бахшиданд.
Зикр гардид, ки бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу оянда хизмат мерасонад. Он барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмуъ барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Баъди ба истифода додани нерӯгоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбад.

Тибқи нақша навбати аввали нерӯгоҳ, яъне агрегати якум охири соли 2018 ва агрегати дуюм моҳи апрели соли 2019 ба истифода дода шуда, нерӯи барқи истеҳсолшуда ба системаи энергетикии кишвар интиқол дода мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд қайд намудаанд, ки «Бунёди неругоҳи обӣ-барқии «Роғун» умри НОБ-и «Норак»-ро садсолаҳо дароз мекунад».
Оғози корҳои барқарорсозии Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, Бунёди нерӯгоҳҳои барқии обии “Сангтуда 1” ва “Сангтуда 2”, оғози татбиқи лоиҳаи КАСА - 1000, таҷдиди нерӯгоҳи Барқии обии Норак, бунёди зеристгоҳи барқии “Лолазор”, Хати интиқоли барқи баландшиддати 220 киловолтаи “Лолазор - Хатлон”, Зеристгоҳи барқии “Хатлон”, Хати интиқоли барқи баландшиддати 500 киловолтаи “Ҷануб Шимол”, ба истифодадиҳии навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии 2 - и Душанбе бо иқтидори 100 мегаватт, идомаи бунёди навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии 2 - и Душанбе бо иқтидори 300 мегаватт, аз ҷумлаи комёбиҳои бузурги Тоҷикистон дар самти расидан ба истиқлолияти комили энергетикист, ки миллати куҳанбунёди тоҷик бо роҳбарии Пешвои хирадманду дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он ноил гардидааст. Дар маҷмӯъ, дар зарфи бисту панҷ соли истиқлолият дар кишварамон зиёда аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нави энергетикӣ ба истифода дода шуданд.
Дар охири машғулияти хизматӣ, миёни баромадкунандагон ва ҳайати шахсӣ роҷеъ ба мавзӯҳои баррасигардида табодули афкор сурат гирифт.
Х. Солиҳов, Р. Илёсов 


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика