Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо ҷавонони ноҳияи Рӯдакӣ

Бо мақсади баланд бардоштани маърифату маданияти ҷавонон, ифтихори миллию ҳисси ватандӯстӣ, саҳм гузоштан дар ободию пешрафти диёр, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳ ва ҳаракатҳои ғайриқонунии хусусияти террористию экстремистидошта, дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъомади васеъ баргузор гардид.
Дар ин ҷамъомад сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ полковники милитсия Саидаҳмад Маҳмадҷонзода, муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Фирӯза Камолова, Прокурори ноҳия Муҳаммадвалӣ Шаҳидуллозода, аъзоёни гурӯҳи «Пешоҳанг» ва ҷавонони фаъоли ноҳия иштирок намуданд.


Зимни суханронӣ, аз ҷониби баромадкунандагон қайд карда шуд, ки дар ҷаҳони муосир таҳдиди хатарҳои гуногуни глобалӣ пайдо гардидааст. Кишварҳои зиёд, аз қабили Афғонистон, Ливия, Сурия, Судон, Ироқ ва дигарон гирифтори бозиҳои давлатҳои абарқудрат гардида, ҷангу низоъҳо боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳу қашшоқию вазъи беҳуқуқӣ гардидаанд. Боиси таассуф аст, ки бархе аз ҷавонони ноогоҳи Ватани азизи мо низ ба доми фиреби тарғиботчиёни гурӯҳҳои ифротию ҷангҷӯ афтода, ҳаёти худу наздиконашонро ба хатар мегузоранд. Сабабу омилҳои асосии шомилшавии ҷавононро коршиносон дар бемаърифатӣ, зудбоварӣ ва ноогоҳии сиёсӣ медонанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ҳамеша диққати махсус зоҳир намуда, дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ соли 2017-ро «Соли ҷавонон» эълон намуданд, ки ин иқдом аз тарафи ҷомеаи кишвар ҷонибдорӣ ёфт.


Ҷавонон ояндасози давлату миллати хеш буда, онҳоро зарур аст, ки дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия ва инкишоф ёфта, арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти Ватани хешро ҳифз намоянд.
Дар хотима, миёни иштирокчиён сӯҳбати озоду самимӣ баргузор гардида, ҷавонон оид ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта, саҳм гузоштан ба пешрафт ва рушди ҷомеа, расидан ба қадри обу хоки Ватани азиз ибрози назар намуданд.
Хусрав Солеҳов, Низомиддин Ҷумаев.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика