Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Таъиноти кадрӣ

260

Имрӯз (30.10.с.2019), Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунандаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни сӯҳбат бо кадрҳои ин ниҳодҳои давлатӣ Пешвои миллат асосан оид ба таъмини суботу амният, таҳкими волоияти қонун, мубориза алайҳи ҳамагуна ҷинояткорӣ, бахусус терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳое, ки дар шароити авзои мураккабу печидаи минтақа ба амнияту субот ва зиндагии осудаи мардум хатар доранд, таъкид намуданд.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони Раёсатҳои мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон, сардорони шуъбаҳои рақами 2-и Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Фирдавсӣ, шуъбаҳои якуму дуюм дар ноҳияи Сино ва шуъбаи дуюми Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ҳамчунин ба вазифаи сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Қубодиён, Балҷувон, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Дӯстии вилояти Хатлон, ноҳияҳои Лахш ва шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд кормандони соҳибтаҷриба, кордону болаёқат таъин гардиданд.
Аз он ҷумла:

268261

- генерал-майори хизмати дохилӣ Раҳмонзода Алихон Футур ба вазифаи сардори Раёсати экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- генерал-майори милитсия Шафизода Рустам Исмоил ба вазифаи муовини аввали сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд;
- полковники милитсия Носиров Анвар Дурманович ба вазифаи сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- полковники милитсия Машрабзода Ҷамшед Хол ба вазифаи сардори Раёсати амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- полковники милитсия Ализода Анварҷон Ҷума ба вазифаи сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб ба вазифаи сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- полковники милитсия Назарзода Бахтиёр Бобо ба вазифаи сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- полковники милитсия Ҳамдамзода Валихон Ҳамдам ба вазифаи Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия;
- полковники милитсия Раҷабзода Ҳасан Ҷамил ба вазифаи сардори Раёсати таҳқиқи Вазорати корҳои дохилӣ;
- полковники милитсия Зуҳурзода Шамсиддин Боймурод ба вазифаи сардори Шуъбаи №2 Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе;
- полковники милитсия Қаҳҳорӣ Ҳабиб Абдураҳим ба вазифаи муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилӣ;
- полковники милитсия Файзуллозода Илҳомҷон Файзулло ба вазифаи сардори Шуъбаи №1 Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе;
- полковники милитсия Ваҳобзода Баҳодур Барот ба вазифаи сардори Шуъбаи№2 Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе;
- подполковники милитсия Исмоилзода Зафар Исмоил ба вазифаи сардори Шуъбаи №2 Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе;
- полковники милитсия Зубайзода Хайрулло Маҳмуд ба вазифаи сардори Шуъбаи №2 Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ;
- полковники милитсия Давлатзода Абдусамад Ҳаким ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Лахш;
- полковники милитсия Саидзода Қосим Шариф ба вазифаи сардори ШВКД оид ба хизматрасонии деҳоти «Навобод»;
- полковники милитсия Сайфуллозода Зафар Доранда ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корхои дохилӣ дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон;
- полполковники милитсия Ҷумъазода Ҳабиб Раҳим ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корхои дохилӣ дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон;
- подполковники милитсия Муҳиддинзода Даврон Ҳакимҷон ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон;
- подполковники милитсия Усмонзода Анис Карим ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ;
- подполковники милитсия Азиззода Авазхон Зайдулло ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корхои дохилӣ дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд;
- полковники милитсия Абдурасулзода Аскарҷон Абдурасул ба вазифаи муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалиии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

262263264265266267

Пешвои миллат дар роҳи расидан ба ҳадафҳои созандаи Ҳукумат - рушди устувор ва таъмини зиндагии шоистаи мардум ба роҳбарону масъулини сохторҳои таъминкунандаи амнияту тартибот супоришҳои машаххас дода, таъкид намуданд, ки тарбияи кадрҳои ҷавону умедбахш вазифаи асосии ҳар як роҳбар ба ҳисоб меравад.

«Ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои давлату миллат, шаҳрвандон, пешгирии амалҳои номатлуб, бахусус зӯроварӣ ва ришваситонӣ аз масъалаҳоеанд, ки бояд дар ин самт муборизаро пурзӯр намуд», - таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.




Рӯйдодҳо

  • Ҳалокати ду нафар дар пайи садамаи нақлиётӣ

    23-юми июни соли 2022, тахминан соати 16:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи ....

    25.06.2022 10:09
  • Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатиро сазовор истиқбол мугирем!

    Бо мақсади сазовор ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни ....

    25.06.2022 10:05
  • Даст ба дуздӣ задани ноболиғи 17-сола

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур, бо ариза марди 33-солаи сокини ....

    24.06.2022 14:50
  • Ба даст овардани маблағ бо роҳи қаллобӣ

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 48-солаи сокини ....

    22.06.2022 11:04
  • Дастгир гардидани ҷавонон бо ҷурми дуздӣ

    Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза марди 58-солаи сокини ....

    22.06.2022 11:03
  • Ҳалокати ду ноболиғ дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ

    19-уми июни соли 2022, тахминан соати 11.50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи ....

    21.06.2022 14:58
  • Таркиши зарфи гази моеъ дар Қаҳвахонаи «Лола»

    Бар асари риоя накардани талаботи қоидаҳои бехатарӣ соати 09:20 дақиқаи ....

    20.06.2022 11:21
  • Рух додани якчанд садамаи нақлиётии марговар

    18-уми июни соли 2022, тахминан соати 18:00, ронандаи автомашинаи боркаши ....

    20.06.2022 09:29
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар

    17-уми июни соли 2022, тахминан соати 11:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи ....

    18.06.2022 10:09
  • Дастгир гардидани зани қаллоб

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 51-солаи сокини ....

    18.06.2022 10:08
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Диққат! Амалиёти "Бачаҳо"

    Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии ҳодисаҳои ....

    24.05.2022 11:00
  • Э ъ л о н!

    Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аъзо шудан ба Шӯрои ....

    24.09.2021 17:41
  • Эълон!

    Ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон расонида мешавад, ки рӯзҳои 15-18-уми сентябри соли ....

    11.09.2021 14:48
  • 

      Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

    qonun1006

    © 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика