Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эълон барои таҳсил ба Ҷумҳурии Туркия

Дар доираи ҳамкориҳо байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Туркия кишвари мазкур қабули довталабонро ба курсҳои омӯзишии соли таҳсили 2023-2024 ба Академияи Жандармерия ва ҳифзи соҳили Туркия бо мақсади омода намудани кадрҳои муҳофиз ҳамчун маълумоти миёнаи касбӣ 3 сол (1 сол омадагӣ ва 2 сол таҳсил) ва бакалаври Идоракунии бехатарӣ 5 сол (1 сол омодагӣ ва омӯхтани забони туркӣ ва 4 сол бакалавр) барои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамояд.

Шартҳои қабул:
- ҳадди ақали дастовардҳои таълимӣ на камтар аз 70% бошад;
- довталабон баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ то синни 21-сола қабул карда мешаванд;
- пешниҳоди Маълумотномаи тиббӣ оид ба ҳолати саломатӣ ва сатҳи мутобиқати ҷисмонии довталаб бояд ба талаботи мутобиқати ҷисмонии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон мувофиқ бошад;
- барои касоне, ки дар давраи бакалаврӣ таҳсил мекунанд, стипендияи ҳармоҳа ба маблағи 1,700 TL дода мешавад.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 24-уми июли соли 2023.
Маълумоти муфассал бо телефони 93 922 03 30




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика