Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эълон: Омӯзиши фанҳои дақиқ

992

Маркази таълимии «Баҳодур» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушду нумуи соҳаи маориф ва эълон намудани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» тасмим гирифтааст, ки барои фарзандони кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳалок ва ё маъюб шудаанд, омӯзиши курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати фанҳои дақиқро тариқи ройгон ба роҳ монад.

Ҳамчунин, барои фарзандони кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ҳаққи пардохти маблағи таҳсил 50% муқаррар карда шудааст.
Бинобар ин, хоҳишмандон метавонанд, барои омӯзиши курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати фанҳои дақиқ ба Маркази таълимии «Баҳодур», дар шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Ғуломов-29 ва дар шаҳри Турсунзода, кӯчаи И.Сомонӣ, тариқи телефонҳои 918-47-53-86 ва 907-00-80-81 муроҷиат намоянд.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика