Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Э ъ л о н!

1964

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аъзо шудан ба Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 3 соли минбаъда озмун эълон мекунад.

Чунин Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар назди ВКД, РВКД дар вилоятҳои МКБ, Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, минтақа ва ноҳияи Рашт ва Қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон оиди гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб таъсис дода мешавад.
Барои аъзо шудан ба Шӯрои ҷамъиятӣ шаҳрвандон, намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё шахси ҳуқуқӣ метавонанд номзадии худро пешбарӣ намоянд.
Талабот ба номзадҳо:
- шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 21 расидааст, доғи судӣ надорад, истиқоматкунандаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ ва таҷрибаи фаъолияти ҷамъиятӣ, эҷодӣ ва илмӣ дошта бошад.
Шаҳрвандон барои номзад шудан ба аъзогии Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия бояд ҳуҷҷатҳои зеринро ба ВКД пешниҳод намоянд:
1) ариза дар бораи аъзо шудан ба номи Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) нусхаи шиноснома;
3) нусхаи ҳуҷҷат оид ба таҳсилот;
4) тарҷумаи ҳол (дастнавис);
5) нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
6) ду дона расми 3x4 см.
Барои аъзо шудан ба Шӯрои ҷамъиятӣ намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё шахси ҳуқуқӣ ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои дар боло номбаршуда, инчунин ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намоянд:
1) қарори роҳбарияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё шахси ҳуқуқӣ оид ба пешбарӣ намудани номзад ба аъзогии Шӯрои ҷамъиятӣ;
2) нусхаи шаҳодатнома оиди бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ ё шахси ҳуқуқӣ;
3) ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунандаи шахси ҳуқуқӣ (оиннома ё низомнома).
Ҳуҷҷатҳои номбаршуда аз ҷониби довталабон шахсан бо шиноснома пешниҳод карда мешаванд.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо: то 10 ноябри соли 2021
Маълумоти иловагиро вобаста ба фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ аз сомонаи интернетии Вазорати корҳои дохилӣ (www.vkd.tj) ё аз Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтан мумкин аст: тел.987-88-87-00; 93-992-35-35; Шарифзода Хушбахт; Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика