Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Диққат! Амалиёти «Бачаҳо»

Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати ҳамаи иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ мерасонад, ки аз 17 то 26 августи соли ҷорӣ дар қаламравӣ ҷумҳурӣ амалиёти «Бачаҳо» гузаронида мешавад. Мақсад аз гузаронидани ин амалиёт пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки кӯдакону наврасон, пешгирии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ва тарғиби риояи талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мебошад.

Аз ҳамаи ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш карда мешавад, ки талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, махсусан суръати муқарраршудаи ҳаракатро риоя намоянд.
Аз 17 августи соли ҷорӣ дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти умумӣ дарс оғоз мегардад ва дар кӯчаву роҳҳо гаштугузори кӯдакону наврасон зиёд мегардад ва нисбати кӯдакону наврасон боэҳтиёт бошед.
Муҳтарам падару модарон, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва мураббиёни муассисаҳои томактабӣ!
Ба кӯдакону наврасон қоидаҳои дурусти ҳаракат дар роҳро фаҳмонида, риояи ҳатмии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро аз онҳо талаб намоед.
Шаҳрвандони азиз!
Кудакону наврасонро дар роҳҳои автомобилгард бе назорат нагузоред, ҳаёт ва сломатии онҳоро ҳифз намоед.

Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика