Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЭЪЛОН!!!

Рӯзҳои 16-18-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе конференсияи сатҳи байналмилалӣ баргузор мегардад. 

Дар ин рӯзҳо эҳтимолияти маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути кӯчаву хиёбонҳои М.Мастонгулов, А.Дониш, С.Айнӣ, Рӯдакӣ, Сомонӣ, Теҳрон, Шероз, М.Турсунзода, У.Хайём ба роҳ монда мешавад.
Аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯзҳо тартиботи муқарраршударо риоя намуда, тавассути кӯчаҳои Зебуниссо, Нисор Муҳаммад, Лоҳутӣ, Адҳамов, Ғаффор Валаматзода, Моёншо Назаршоев, Бухоро, Бохтар, Академик Раҷабовҳо ҳаракат намоянд.
РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика