Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эълон барои қабул ба Коллеҷи милитсия аз ҳисоби фарзандони бепарастор ва ятимони кулл

Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон», воқеъ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон барои таҳсил дар соли хониши 2017-2018 озмуни довталабонро аз ҳисоби фарзандони бепарастор ва ятимони кулл эълон менамояд.

Омодакунии мутахассисон дар Коллеҷ барои воҳидҳои таъиноти махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо шаклҳои таҳсили рӯзона бо тариқи буҷавӣ, сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, вазъи иҷтимоӣ амалӣ гардонида мешавад.
Ба Коллеҷ довталабоне, ки синну солашон аз синфи 9 то 20 сола, дорои маълумоти миёнаи асосӣ барои таҳсили 4 сола ва довталабоне, ки синну солашон аз синфи 11 то 27 сола, дорои маълумоти миёнаи умумӣ барои таҳсили 3 сола, ки ба талаботи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ пешниҳодшаванда ҷавобгӯ мебошанд, қабул карда мешаванд.
Ҳангоми интихоби номзад пеш аз ҳама ба камолоти ғоявӣ-рӯҳӣ, сифатҳои шахсӣ, коршоямии касбӣ, вазъи саломатӣ ва омодагии ҷисмонии онҳо аҳамияти махсус дода мешавад.
Синну соли довталабон барои дохилшавӣ ба таҳсил, собиқаи хизматӣ ва вазифавии онҳо то 1-уми сентябри соли дохилшавӣ ҳисоб карда мешавад.
Довталабон барои таҳсил аз ҳисоби ятимони кулл ва бепарасторон аз ҷониби воҳидҳои кадрии мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷойи истиқомати довталаб интихоб карда шуда, тариқи имтиёзӣ қабул карда мешаванд.
Телефонҳо барои маълумот: 93-922-54-05, Қисми таълимӣ: (код 83322) – 23095, Қисми навбатдорӣ: (код 83322) – 23090.


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика