Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эълон оид ба қайди муҳоҷиратӣ аз 1-уми июн то 12-уми июли соли 2017

Ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон расонида мешавад, ки мутобиқи Амри Президенти Федератсияи Россия аз 9-уми майи соли 2017, таҳти рақами 202 «Дар бораи хусусиятҳои татбиқи чораҳои бехатарӣ дар давоми баргузории Ҷоми конфедератсияи ФИФА дар соли 2017 дар Федератсияи Россия» аз санаи 1-уми июн то 12-уми июли соли 2017 дар шаҳрҳои Қазон, Москва, Санкт-Петербург ва Сочи мӯҳлати ба қайди муҳоҷиратӣ дар мақомоти дахлдор гузоштани (регистратсияи) шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ 1 шабонарӯз муқаррар карда шудааст.

Бинобар ин, ба диққати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ, барои будубоши муваққатӣ, ё доимӣ дар давраи баргузории мусобиқаи Ҷоми конфедератсияи ФИФА дар соли 2017 ба шаҳрҳои номбурда рафтан мехоҳанд, мерасонем, ки бояд давоми 1 шабонарӯз худро ба қайди муҳоҷиратӣ гузоранд.
Дар сурати надоштани имконияти дар 1 шабонарӯз ба қайди муҳоҷиратӣ гузоштан, аз сафар ба шаҳрҳои мазкур худдорӣ намоянд. Зеро чорабиниҳои амниятӣ аз ҷониби мақомоти дахлдор дар давраи мусобиқот пурзӯр гардида, нисбати қоидавайронкунандагон чораҳои қатъӣ татбиқ карда мешавад.
Барои гирифтани маълумоти муфассал бо телефони 223-23-31 муроҷиат намоед.


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика