Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эълон: Амалиёти «Бачаҳо»

Бо мақсади баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, махсусан кӯдакону наврасон ва коҳиш додани сатҳи садаманокӣ бо иштироки онҳо, Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 май то 10 июни соли 2017 дар қаламрави ҷумҳурӣ гузаронидани амалиёти мақсадноки «Бачаҳо»-ро эълон менамояд.

Ҳадаф аз гузаронидани ин амалиёт пешгирии фалокатҳои нақлиётӣ бо иштироки кӯдакону наврасон ва баланд бардоштани маданияти иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ мебошад.
Муҳтарам пиёдагардон, падару модарон, омӯзгорон ва ронандагони азиз! Ба кӯдакону наврасон таваҷҷӯҳ зоҳир намоед. Онҳоро дар кӯчаву роҳҳои автомобилгард бе назорат нагузоред, ба онҳо талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро омӯзонед.
Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон  


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика