Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эълон!!!

Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар партави Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 ва бахшида ба «Соли ҷавонон» семинари илмӣ дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар рушди илми Тоҷикистон»-ро баргузор намояд.

Семинари илмӣ дар толори Шӯрои олимони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 5-уми майи соли 2017, соати 10:00 баргузор мегардад.
Ба семинари мазкур барои иштирок ҳайати профессорону омӯзгорон, адъюнктон, унвонҷӯён, шунавандагони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбиву илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.
Шахси баромадкунанда метавонад матни маърӯзаи худро бо забонҳои тоҷикӣ ва ё русӣ, дар шакли чопи компютерӣ ва ё электронӣ (ба суроғаи Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ) то санаи 3-юми майи соли ҷорӣ ба шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд. Телефонҳо барои тамос: 226-60-96, 93-4444-066 (Юсуфзода Акмал Ҳотам).


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика