Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эълон!

Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки бинобар ҷиҳати таъмири асосии кӯчаҳои шаҳри Душанбе санаи 28 апрели соли 2017 ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз соати 07:00 то соати 07:30 дақиқа дар кӯчаи Шероз аз кучаи Шотемур то кӯчаи Шевченко - Айнӣ, аз соати 07:30 дақиқа то соати 08:00 кӯчаҳои Айнӣ, А.Дониш, Мастонгулов то фурудгоҳ, аз 08:00 то 08:30 дақиқа кӯчаҳои А.Дониш, Дӯстии халқҳо, Беҳзод то кӯчаи Лоҳутӣ, аз 08:30 то 09:00 дақиқа кӯчаҳои Дӯстии Халқҳо, Шотемур, хиёбони Рӯдакӣ то хиёбони Сомонӣ, хиёбони Сомонӣ то хиёбони Сино, аз соати 09:00 то 09:30 дақиқа хиёбони Сино аз хиёбони И.Сомонӣ то кӯчаҳои Ҳувайдуллоев, М.Шерализода, аз соати 09:30 то 10:00 кӯчаи Бохтар аз кӯчаи Ф.Ниёзӣ то кӯчаи М.Миршакар маҳдуд карда мешавад.

Бинобар ин, аз шаҳрвандон, иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки талаботи танзимгарони Бозрасии давлатии автомобилӣ ва Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намуда, дар вақтҳои қайдгардида аз роҳҳои ҳамшафат истифода баранд. 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика