Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба диққати дӯстдорони каломи бадеъ!

Ҳафтаномаи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии «Қонун ва ҷомеа» бо мақсади пос доштани арзишҳои миллӣ, эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти давлатдорӣ ва хотирмон истиқбол гирифтани 20-умин солгарди Ҷашни Ваҳдати миллӣ, бахшида ба ин санаи таърихӣ озмуни шеър, ҳикоя ва маводи беҳтаринро дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ» эълон менамояд.

Иштирокчиён метавонанд навиштаҳои худро бевосита ба идораи «Қонун ва ҷомеа» ва ё тариқи почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. бо навиштаи «Ба озмун» ба мо ирсол намоянд.
Матолиби пешниҳоднамуда бояд инъикоскунандаи ҳисси баланди ватандӯстӣ, аҳамияти сулҳу оромӣ дар замони муосир ва дарки хештаншиносӣ бошад.
Озмуни шеъру ҳикоя ва маводи беҳтарин дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ» дар арафаи ин ҷашни умумиллӣ ҷамъбаст карда мешавад.
Ғолибон бо Сипоснома, Раҳматнома ва туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ карда мешаванд.


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика