Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибони озмуни «Шаҳри бехатар аз нигоҳи кӯдак-2016»

Бо мақсади тарғибу ташвиқоти Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар байни кӯдакону наврасон ва пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ бо иштироки онҳо, ҳавасмандкунии мактаббачагон дар омӯзиши Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, мутобиқи «Барномаи беҳдошти таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016 аз 15 ноябр то 24 декабри соли равон озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Шаҳри бехатар аз нигоҳи кӯдак-2016» доир гардид.

 

Дар толори РБДА Вазорати корҳои дохилӣ даври ниҳоии озмуни мазкур ҷамъбаст гардида, дар он муовини сардори РБДА полковники милитсия Салимов Шералӣ Фозилович, корманди масъули Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Бобомуродов, корманди Ташкилоти ҷамъиятии “Насли ҷавон” Ҳабибулло Мунавваров ва ғолиби озмуни “Шаҳри бехатар аз нигоҳи кӯдак дар соли 2015” - Шукронаи Маҳмадшариф ширкат варзида перомуни ҳадаф ва мақсаду мароми озмун андешаҳои худро иброз намуданд.
Боиси хурсандист, ки сол аз сол теъдоди дӯстдорон ва иштирокчиёни озмун зиёд мегардад. Танҳо дар соли 2016 зиёда аз 600 расмҳои гуногун ба озмун ворид гардиданд, ки аз байни онҳо ҳайати кумитаи тадорукот баъди аз назар гузаронидан 30 расми беҳтаринро интихоб намуданд. Ва 30 нафар аз беҳтаринҳо аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳуриамон муайян карда шуда, ба даври ниҳоӣ таклиф карда шуданд.

Ҳамин тавр, ҷойи сеюм насиби хонандаи синфи якуми литсейи Президентӣ аз шаҳри Душанбе Саркор Саидов, хонандаи синфи 9-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 101-уми шаҳри Турсунзода Умар Қосимов ва хонандаи синфи панҷ Ҷураева Робия аз ВМКБ гардиданд.

Хонандагони синфи панҷуми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 35-и ноҳияи Файзобод Фарзона Солеҳова ва хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17-и ноҳияи Ҷайҳуни Вилояти Хатлон Далер Маҳмудов сазовори ҷойи дуюм гардиданд.

Ҷойи аввал насиби Манижа Ашурова - хонандаи синфи 7-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 13-и шаҳри Ҳисор ва Азизбек Умаров хонандаи синфи 6-уми ноҳияи Спитамени вилояти Суғд гардид.

Ҳамаи ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва дипломҳо аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Ҳамчунин ба 24 нафар иштирокчиёни фаъоли озмун, ки бо ҳунару эҷоди хеш дар кашидани расмҳои беҳтарин саҳм гузоштаанд бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дастаи Нозирони навраси ҳаракати ҷумҳурӣ барои иштирокчиёни озмун ва меҳмонон барномаи омодакардаи худро намоиш доданд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика