Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Натиҷагирӣ аз фаъолияти Шуроҳои ҷамъиятӣ

635Рӯзи 3 май дар толори хурди меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд дар доираи Барномаи давлатии ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025 мизи мудаввар дар мавзӯи «Густариши ҳамкории милитсия бо ҷомеа» баргузор гашт. Чорабинии мазкур дар асоси Нақша-чорабиниҳои муштараки ВКД ва Дафтари барномавии САҲА роҳандозӣ карда шуд. Дар мизи мудаввар муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд полковники милитсия Суҳроб Қурбонзода, иҷрокунандаи вазифаи Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия полковники милитсия Шоҳусайн Шонадирзода, намояндаи дафтари САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шуроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, муовинони сардорони шуъбаҳои ВКД, масъулини шуъбачаву гурӯҳҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва намояндагони ВАО иштирок доштанд.636

Натиҷагирӣ аз татбиқи нақшаҳои ислоҳот, фаъолияти Шуроҳои ҷамъиятӣ дар самти мустаҳкамсозии робитаи милитсия бо ҷомеа, боварию эътимоди аҳолӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳамкорӣ ба он, иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояту ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонон, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ ва ҷараёни хизматрасонии Нуқтаҳои сайёри милитсия маҳаки асосии мавзӯи мизи мудавварро ташкил медоданд.
637Раиси Шурои ҷамъиятии назди Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Наим Маликисломӣ чорабиниро оғоз бахшида, вобаста ба фаъолият ва бурду бохти шуроҳои ҷамъиятии минтақа ҳисоботи мушахас дод. Зикр гардид, ки баҳри пешгирии амалҳои номатлуби халалдоркунандаи тартиботу осоиштагӣ, баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба милитсия фаъолияти дуруст ба роҳ монда шуда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ ва қишрҳои фаъоли ҷомеа аъзоёни Шуро аз ҳисоби шаҳрвандони гуногункасб сарҷамъ гардида, дар ислоҳоти милитсияи тоҷик ҳиссагузорӣ менамоянд. Бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташкили чорабиниҳои гуногуни маърифативу варзишӣ, ташкили ҳисоботи нозирони минтақавии милитсия дар назди аҳолӣ, паҳн намудани видеолавҳаҳои тарғиботӣ, нашри мақолаҳо дар матбуоти даврӣ дар доираи Барномаи давлатии ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025 яке аз самтҳои асосии милитсия маҳсуб меёбанд.
Муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд полковники милитсия Суҳроб Қурбонзода ва иҷрокунандаи вазифаи Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия, полковники милитсия Шоҳусайн Шонадирзода зимни баромад таъкид намуданд, ки иштироки мустақими шаҳрвандони касбу кори гуногун дар ҷараёни ислоҳот хело муҳим буда, чунин имконият барои боз ҳам такмил ёфтани сохтори мақомоти корҳои дохилӣ, хубу самаранок гардидани самтҳои фаъолияти сохтори мазкур мусоидат менамояд. Имрӯзҳо бо ҳамин мақсад бо дастури роҳбарияти ВКД дар мақомоти корҳои дохилӣ «Телефони боварӣ», «Сомонаи ВКД», «Телефони мадад 1919», телеграмм-канали «Рӯзноманигори мобилӣ», дар сомонаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои тарғиботӣ ва қабули муроҷиатҳои электронӣ ташкил карда шудааст.
Дар мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд низ чораҳои зарурӣ ҷиҳати густариш додани ҳамкории милитсия бо ҷомеа дида шуда, баҳри таъмини осоиштагӣ ва пешгирӣ аз унсурҳои халалдоркунандаи амнияту тартибот ба таклифу пешниҳод ва муроҷиати шаҳрвандон саривақт таваҷҷӯҳ карда мешавад. Мавриди зикр аст, ки айни ҳол милитсияи Суғд дар баробари ташкили «Телефони боварӣ» таҳти рақами 6 22 22, ба роҳ мондани «Рӯзи қабули шаҳрвандон», боз 2-адад автомашинаи хизматии «Нуқтаи сайёри милитсия»-ро дар ихтиёр дорад, ки ба минтақаҳои аҳолинишини дурдаст сафарбар гардида, арзу шикояти аҳолиро қабулу баррасӣ менамоянд.
Дар идомаи мизи мудаввар гузориши роҳбари гурӯҳи Шурои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Маҳмадсалим Ҳаитов дар бораи натиҷаи даври аввали вохӯриҳо бо аъзоёни шуроҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят, ахбороти нозири калони Шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Раёсати мазкур майори милитсия Абубакр Бобоев вобаста ба фаъолияти «Нуқтаи сайёри милитсия», гузориши раисони Шурои ҷамъиятӣ дар шаҳри Истаравшан Некрӯз Юсуфҷонов, шаҳри Конибодом Давронҷон Абдуллоев, шаҳри Исфара Дилмурод Азизов оид ба фаъолияти корӣ дар давоми соли 2023 ва семоҳаи аввали соли 2024 шунида шуд.
Ҳамзамон ҷиҳати самаранокии фаъолият, истифодабарӣ аз таҷрибаи пешрафтаи якдигар, минбари ВАО, технологияҳои пешрафтаи паҳн кардани иттилоот ва сомонаҳои иҷтимоӣ ба ҳозирин дастур дода шуд.
Иштирокдорони мизи мудаввар дар баробари баррасии барномаи кори Шуро, дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ВКД дар вилояти Суғдро мавриди омӯзиш ва иҷро қарор дода, дар рафти чорабинӣ фикру андешаҳои худро баён доштанд.
Дар хотима, нақшаҳои навбатии фаъолият дар доираи Барномаи давлатии ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025 муайян ва қабул карда шуд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия




Рӯйдодҳо

  • Ҳалокати ронандаи мототсикл ва дучархарон дар садама

    22-юми майи соли 2024, тахминан соати 13:30-дақиқа, ронандаи мототсикли тамғаи ....

    23.05.2024 15:05
  • Ошкор шудани ҳодисаи ғоратгарӣ нисбати зани 67-сола

    Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза зани 67-солаи сокини ....

    23.05.2024 14:58
  • Бо санг расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ ба бародар

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    23.05.2024 14:49
  • Содир гардидани якчанд ҳолати қаллобӣ бо истифода аз боварӣ

    Ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав аризаи марди 37-солаи сокини ноҳияи ....

    22.05.2024 10:35
  • Ҳалокати мусофир дар садамаи нақлиётӣ

    9-уми майи соли 2024 тахминан соати 12:00 ронандаи автомашинаи боркаши ....

    21.05.2024 16:22
  • Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати ду нафар қаллоб

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян ....

    21.05.2024 16:10
  • Ифшо шудани дуздии 30 ҳазор сомонӣ

    Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат аризаи пиразани 71-солаи сокини шаҳри ....

    21.05.2024 15:58
  • Дастгир гардидани ду нафар бо ҷурми ғоратгарӣ

    Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза марди 36-солаи сокини ....

    21.05.2024 15:54
  • Ҳалокати ду нафар бар асари ҳодисаҳои нақлиётӣ

    17-уми майи соли 2024, тахминан соати 21:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи ....

    20.05.2024 14:28
  • Содир гардидани ҳодисаи қаллобӣ ба воситаи шабакаи интернетии “Ватсап”

    Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ аризаи ду ҷавонзани 20, 25 ....

    20.05.2024 14:25
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон! Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ дар фазои ....

    10 майи соли 2024 бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии ....

    07.05.2024 16:11
  • ЭЪЛОН

    Озмуни "Беҳтарин тарғибгарони маърифати ҳуқуқӣ" Ҳафтаномаи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии "Қонун ....

    22.02.2024 13:08
  • Эълон! Дар ВКД Нишасти матбуотӣ баргузор мегардад!

    15-уми феврали соли 2024, соати 11:00, дар толори Вазорати корҳои ....

    13.02.2024 17:16
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

    Qonun25

    © 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика