Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаҳои гӯштин ва аспдавонӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии футбол дар ноҳияи Ховалинг

740Бояд қайд кард, ки мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи байналмилаии футбол, ки бо пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ, (CAFA), Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҷонибдории давлатҳои аъзои Созмони Милали Мутаҳид 25-уми май Рӯзи байналмилалии футбол эълон гардидааст, бо ибтикори Вазорати корҳои дохилӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ва соҳибкорони ватанӣ идома дошта, дар ҳошияи ин ҷашнвора дар ноҳияи мазкур мусобиқаи пойгаҳи аспдавонӣ ва мусобиқаи тарзи озод (волный) оғоз гардид.

741Сараввал дар деҳоти Навроҳои ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ бо иштироки раиси ноҳияи мазкур Набизода Фаррух, намояндагони ВКД, васоити ахбори омма ва шумораи зиёди ҳаводорони ин намуди варзиш оғоз гардида, дар он зиёда аз 50 нафар шаҳрвандон, ки ба ин намуди варзиш шуғл доранд иштирок намуданд.
742Мусобиқа дар се давр доир гардида, варзишгарон масофаи 5000 метрро бо як маҳорати баланди варзишӣ тай намуданд ва кӯшиш карданд аз ҳарифи худ пештар ба марра расаида, ҷойҳои ифтихориро сазовор шаванд.
743Дар қисмати ниҳоии мусобиқа муайян гардид, ки дар даври якум ҷойи аввал ба Ҳасанов Шаҳобиддин, истиқоматкунандаи деҳоти Утонқалъаи ҷамоати Сайф Раҳими ноҳияи Балҷувон, бо аспи лақаби «Номус» насиб гардид, ҷойи дувум насиби истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Сайф Раҳими ноҳияи Балҷувон, бо аспи лақабаш «Парвоз» ва ҷойи сеюм ба Саидов Ҷумахон истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг бо аспи лақабаш «Кранги сарбаланд» сазовор гардид.
Дар даври дуюми мусобиқа бошад, Олимзода Суҳроб истиқоматкунандаи деҳаи Лоҳутии ҷамоати Лоҳутии ноҳияи Ховалинг бо аспи лақабаш «Кобра» ҷойи аввалро ишғол намуд.
Ҷойи дуюм насиби Раҷабов Умедҷон, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг бо аспи лақабаш «Пикас» гардид ва ҷойи сеюм ба Шарипов Тоирхон истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг бо аспи лақабаш «Дилдил» насиб гардид.
Дар даври сеюми мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ ҷойи аввалро Рустамов Саидҷон, истиқоматкунандаи деҳоти Садбаргҷои ҷамоати Лоҳутии ноҳияи Ховалинг бо аспи лақабаш «Ҷеран», ҷойи дуюмро бошад Зулфиқори Шер, истиқоматкунандаи деҳоти Сайф Раҳими ноҳияи Балҷувон, бо аспи лақабаш «Богатий» ва ҷойи сеюмро бошад Эмомалии Рамазон, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Сайф Раҳими ноҳияи Балҷувон, бо аспи лақабаш «Месси» ишғол намуданд.
Дар интиҳои мусобиқаи баргузоргардида раиси ноҳияи Ховалинг Набизода Фаррух иштирокчиёни мусобиқаро бо Рӯзи байналмилалии Футбол ва моҳвораи Рӯзи ҷавонон табрику муборакбод гуфта, ба ғолибони мусобиқа туҳфаҳои хотирмону арзишнок тақдим намуд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика