Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибияти собиқадорони ВКД дар Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо

560Рӯзҳои 11-12-уми майи соли 2024 дар шаҳри Тбилисии пойтахти Ҷумҳурии Гурҷистон Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни собиқадорон баргузор гардид, ки дар он собиқадорони соҳа аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон иштирок карданд.

658Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинии сатҳи баланд 4 нафар фиристодагон - собиқадорони Вазорати корҳои дохилӣ намояндагӣ карданд.
561Аз ҷумла, ҳар яке дар вазнҳои худ, генерал - майори мустаъфии милитсия, Қаҳрамони ҷудои Тоҷикистон ва арсаи байналмилалӣ Ҳабибулло Маҷидов ва полковники мустаъфии хизмати дохилӣ, Қаҳрамони ҷудои ҷаҳон Хайрулло Назриев тавонистанд дар ҳама рақобатҳо ва давраҳо ба рақибонашон ғолиб омада, соҳиби ҷойҳои аввал ва медалҳои тилло гарданд.
562Чемпионҳои ҷудои тоҷик шарафи варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистонро далерона дифоъ намуда, парчаму Суруди миллии Тоҷикистонро дар толор партавафшон ва зам-зама намуданд.
Шурои собиқадорони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Маҷидов ва Хайрулло Назриевро бо ин дастоварди муҳим самимона табрик намуда, барояшон барору комёбиҳо таманно доранд.
659Аҳсан ва шараф ба ҷудоистони тоҷик!
Назарзода Носир




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика