Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози мусобиқа барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ»

342

Рӯзи 14-уми феврал дар маҷмааи варзишии Шурои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД маросими кушодашавии мусобиқаи варзишии гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ байни корхонаву идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори «Варзиш - бар зидди нашъамандӣ» баргузор гардид.
Дар он муовини Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Муборакшозода Ғайратшо Ғуломшо, муовини аввали Раиси Шурои ҷумҳуриявии «Динамо» полковники милитсия Аслиддин Шоҳиён ва муовини ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов, Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикматулло Хайруллоев иштирок намуданд.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Ғайратшо Муборакшозода оғоз намуда, зикр кард, ки имрӯз дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба оммавӣ гардонидани варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, мусобиқаҳо байни кормандони ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар корхонаву идораҳои давлатӣ барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» гузаронида мешавад.

343344

Ҳамчунин, мавсуф илова кард, ки «мояи ифтихор ва сарфарозист, ки дар ВКД бо иштироки намояндагони корхонаву идораҳои давлатӣ баргузор гардидани чунин мусобиқаи варзишӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Мо ниҳоят хушҳолем, ки солҳои охир мусобиқаҳои варзишӣ дар кишвар рушд ёфта, дар сатҳи баланд доир гардида истодаанд. Боварӣ дорам, ки минбаъд низ ташкил ва баргузории чунин мусобиқаҳои варзишӣ ҷолибу дидани идома ёфта, баҳри таҳкими робитаҳои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, ягонагиву муттаҳидии қишрҳои мухталифи ҷомеа нақши босазо мегузорад».
Дар охир ба ҳамаи онҳое, ки барои ҷолибу шавқовар гузаштани мусобиқаҳо саҳми худро мегузоранд, миннатдории роҳбарияти ВКД расонида шуд: Бигзор, қувваозмоиҳо шаффофу одилона доир гардида, ғолибият насиби варзишгарони беҳтарин гардад!
Тоҷиддин ЛАТИПОВ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика