Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Далерӣ кун, ки майдон аз далер аст...

69Бо дастгирӣ ва ғамхориҳои ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои варзишгарони тоҷик ва ҳар як шаҳрванде, ки хоҳиши ба варзиш машғул шуданро дорад, тамоми шароиту имкониятҳо муҳайё гардидааст.70

Роҳбарияти Ҳукумати мамлакат баҳри солимии ҷомеа, тарбия намудани варзишгарони касбӣ, ки дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ миёни дигар кишварҳои ҷаҳон бо гирифтани ҷойҳои намоён парчамбардорони Ҷумҳурии Тоҷикистон мегарданд, тамоми имкониятҳоро фароҳам овардаанд. Ин аст, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар партави сиёсати пешанамудаи Ҳукумати мамлакат баҳри рушду нумӯи соҳаи варзиш диққати махсус зоҳир намуда, пайваста дар ин самт чорабиниҳои гуногунро дар сатҳи баланд роҳандозӣ менамоянд.
71Дар ин асно, бо ташаббуси роҳбарияти ВКД ва саҳмгузории Федератсияи каратэ-кёкшинкайи Тоҷикистон рӯзҳои 3-4-уми феврали соли равон дар толори Маҷмааи варзишии Шурои ҷумҳуриявии "Динамо"-и ВКД мусобиқаи байналмилалӣ оид ба каратэ-кёкушинкай дар байни ҷавонону наврасон барои дарёфти "Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ" миёни дастаҳои "Динамо"-и ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон баргузор гардид.73
Дар маросими мазкур мушовири Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Ориф Ҷӯраев, раиси Федератсияи каратэ-кёкшинкайи Тоҷикистон Ҳикматулло Кароматов, муовини аввали раиси Шурои ҷумҳуриявии "Динамо"-и ВКД полковники милитсия Аслидин Шоҳиён, намояндагони шуроҳои "Динамо"-и ҷумҳуриҳои иштирокчӣ, инчунин зиёда аз 150 нафар варзишгарони ин риштаи варзиш ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.
Чорабиниро мушовири Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Ориф Ҷӯраев оғоз намуда, аввалан аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба варзишгарон, меҳмонон ва саҳмгузорони ин мусобиқа барои иштирокашон арзи сипос намуд.
Мавсуф қайд кард, ки роҳбарияти ВКД ба масъалаи рушду пешрафти соҳаи варзиш диққати масус зоҳир намуда, барои ноил шудан ба дастовардҳои нав ба нав тамоми имкониятҳоро истифода менамоянд. Баргузории ин мусобиқаи варзишӣ миёни ҳар як варзишгар дӯстиву рафоқатро устувор, сулҳу суботро поянда ва бародариро мустаҳкаму қавӣ менамояд.
Мавсуф ба варзишгарони ҷавону наврас барору комёбӣ ва соҳиб гардидан ба ҷойҳои намоёнро таманно намуд.
Сипас, аз ҷониби оркестри нафасии Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД Суруди миллӣ сароида шуда, таҳти парафшонии Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ расман оғоз ёфт.
Бояд қайд кард, ки мусобиқаи байналмилалӣ оид ба каратэ-кёкшинкай миёни ҷавонону наврасон барои дарёфти "Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ" тайи ду рӯз идома ёфта, дар он динамочиёни наврасу ҷавони тоҷик аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, ба гирифтани 4 медали тилло, 6 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ мушарраф гардиданд.
Раҷаббек ИЛЁСОВ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика