Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футзал дар Ҷумҳурии Беларус

65Рӯзҳои 5-6-уми январи соли 2024 дар Ҷумҳурии Беларус мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футзал баргузор гардид, ки бозингарони дастаи "Динамо"-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мусобиқаи бонуфуз фаъолона иштирок намуданд.66

Дар ҷараёни мусобиқа дастаи бозингарони "Динамо"-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон дода, ба гирифтани Ҷом, медалҳои нуқра ва дигар мукофотҳои пулию молӣ сарфароз гардонида шуданд.
67Мавриди қайд аст, ки дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозии аввали худ бо дастаи наврасони «Динамо»-и шаҳри Гроднои Ҷумҳурии Беларус бар ҳисоби 4:2 ғолиб баромада, ба бозиҳои финалӣ роххат гирифт.68
Дар бозии ниҳоӣ дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дихилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастаи «Динамо»-и Ҷумҳурии Беларус бозиро бар ҳисоби 1:0 бохта, соҳиби ҷойи дуюм гардиданд.
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футзал дар Ҷумҳурии Беларус дар сатҳи баланд баргузор гардида, барои боз ҳам мустаҳкам гардидани ҳамкориҳо ва дӯстиву рафоқат мусоидат намуд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика