Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи «Шоҳмот» дар Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ

298-уми декабри соли 2023, дар Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ тибқи нақша чорабиниҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 115-солагии Академик Бобоҷон Ғафуров мусобиқаи шахсӣ-даставӣ аз намуди «Шоҳмот» байни ҳайати шахсии Сарраёсат ва ҷузъу томҳои гарнизоми шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Иширокчиён дар рафти мусобиқа аз худ маҳорати баланд нишон дода, ҷойи якум насиби дастаи Сарраёсати мазкур, ҷойи дуюм насиби дастаи қисми мустақили 15-уми ҲХДО ноҳияи Рӯдакӣ ва ҷойи сеюмро дастаи қисми 3-юми ҲХДО ноҳияи Исмоили Сомонӣ ишғол намуданд.
Ғолибони мусобиқа аз тарафи роҳбарияти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷом, Диплом, Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика