Ҳукумати мамлакат варзишро ҳамчун яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат эътироф намуда, барои пешрафти он, ҷалби васеи сокинони кишвар бо мақсади оммавигардонии варзиш, солимгардонӣ ва тарбияи ҷисму рӯҳи солим тадбирҳои муассирро амалӣ мегардонад.
Қобили зикр аст, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароити бештари мусоид барои рушду пешрафти варзиш дар кишвари мо пайваста чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Инчунин, баҳри омодасозии варзишгарон дар сатқатҳои гуногуни ҷаҳонӣ дар кишвар шароит муҳайё гардидааст. Ин аст, ки варзишгарони тоҷик ҳамеша дар мусобиқаҳои гуногуни байналмилалӣ муваффақ мегарданд.Иштироки фаъоли футболбозони навраси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Тоҷикистон ва мушарраф гардидан ба зинаи дуюми мусобиқаи байналмилалӣ, ки дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, гувоҳи равшани ин гуфтаҳост.
Лозим ба ёдоварист, ки чанде пеш дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол миёни наврасони солҳои таваллудашон 2014 бо иштироки 12 даста аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон баргузор гардид.
Футболбозони навраси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Тоҷикистон медалҳои нуқраи ин чорабинии варзишӣ соҳиб гардида, шарафи варзишии кишварро баланд бардоштанд.
Н. ҶОБИРОВ
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>