Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фаъолнокии динамочиён дар "Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе»

377

Дар давраи соҳибистиқлолӣ соҳаи варзиш ба таври бесобиқа рушд намуда, барои таҳсилу тамрини варзишгарон шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Ин аст, ки рӯзҳои 5-7-уми ноябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи якуми байналмилалӣ оид ба таэквондо WT барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор гардид.378

Дар ин чорабинии варзишӣ дастпарварони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» ба гирифтани зинаҳои ифтихорӣ ноил гардиданд. Аз ҷумла, динамочиён 5 медали тилло, 2 медали нуқра ва 2 медали биринҷиро ба даст оварданд.
379Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи байналмилалӣ зиёда аз 300 варзишгар иштирок намуданд, ки аз ин шумора 120 нафар аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Узбекистон ва Муғулистон буданд.
Тоҷикистон байни онҳо дар рақобатҳои даставӣ мақоми аввалро соҳиб шуд.
Ғолибони мусобиқа аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинӣ бо Ҷом, медалу Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Н. ҶОБИРОВ




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика