Бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик дар Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД мусобиқаи кушоди варзишӣ аз намуди гӯштини ҷудо миëни ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ, бо иштироки зиëда аз 50 нафар баргузор гардид.
Нахуст намояндагони кумитаи тадорукоти мусобиқа иштирокчиён ва дар симои онҳо, тамоми ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилиро, ки муҳофизони тартибу низом, ҳомиёни ҳуқуқ ва посдорони суботу оромии кишвар мебошанд, ба Рӯзи милитсияи тоҷик табрику таҳният гуфта, барояшон саломатӣ, хушбахтиву хонаободӣ ва дар ҷодаи кору фаъолияташон муваффақиятҳои нав ба нав таманно намуданд.Қайд гардид, ки боиси ифтихор аст, ки имрӯз кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар баробари кору фаъолият ва саҳмгузорӣ баҳри таъмини суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандон дар мусобиқаҳои гуногун фаъолона ширкат меварзанд. Баргузории чунин мусобиқаҳо рӯҳияи онҳоро болида ва иродаашонро боз ҳам қавӣ мегардонанд.
Дар ҳисоби даставӣ мақоми 1-умро дастаи Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ, ҷойи 2-юмро тими Академияи ВКД ва зинаи сеюми мусобиқаро дастаи ШВКД дар шаҳри Ваҳдат соҳиб гардиданд.
Дар охир ғолибон ва ҷоизадорон бо Ҷом, медал, диплом, Ифтихорнома ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Н. ҶОБИРОВ
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>