Рӯзҳои 11-12-уми ноябри соли 2023 бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Федератсияи гӯштини Тоҷикистон, тибқи Тақвими чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини юнону румӣ доир гардид. Сабқати мазкур байни ҷавонони 20-сола боло барои дарёфти «Ҷоми Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Муҳтоҷов» бо иштироки варзишгарон аз манотиқи гуногуни кишвар баргузор гардид.
Ин сабқат бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон, мустаҳкам намудани дӯстию рафоқат ва муайян намудани беҳтарин варзишгарон доир шуд.Дар мусобиқаи мазкур 12 дастаи мактабҳои варзишии шаҳри Душанбе бо теъдоди беш аз 50 нафар варзишгар ширкат доштанд.
Дар ин мусобиқа, ки дар Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД доир гашт, дастаи гӯштингирони навраси “Динамо” иштирок ва ғолибиятро ба даст оварданд.
Ҳамин тавр, аз дастаи «Динамо»-и ВКД, ки таҳти дастпарварии мураббии ботаҷриба Наврӯз Назарзода машқу тамрин менамоянд, ҷойҳои аввалро Шукрулло Назаров дар вазни 67 кг ва Амирҷон Аҳмадзода дар вазни 97 сазовор гардиданд.
Ғолибони мусобиқа бо медалу Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Наврӯз Ҷобиров
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>