Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи варзишӣ бахшида ба «Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

55

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Варзиш қисми муҳими фарҳанги умумибашарӣ ва қосиди сулҳу амонӣ буда, ба таҳкими саломатӣ ва инкишофи қобилияти ҷисмониву маънавии инсон, хусусан ҷавонон мусоидат мекунад».

53

Ин аст, ки рӯзҳои 21-22-юми октябри соли 2023 дар Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи шаҳри Душанбе оид ба Кикбоксинг байни кӯдакону наврасон ва ҷавонон бахшида ба «Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки 10 дастаи шаҳри Душанбе ва беш аз 140 варзишгар баргузор гардид.
52Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини якуми Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники хизмати дохилӣ Шоҳиён Аслиддин оғоз бахшида, ба варзишгарон барору комёбиҳо таманно намуд.56
Дар ҷараёни чорабинӣ аз Шӯрои ҷумҳуриявии "Динамо" 17 варзишгар иштирок намуда, барои гирифтани ҷойҳои намоён бо рақибони худ қувваозмоӣ намуданд.
51Дар умум, 6 нафар дастпарварони ШҶ «Динамо» соҳиби ҷойи якум, 6 нафар соҳиби ҷойи дуюм ва 5 нафар ҷойи 3-юмро сазовор гардиданд.
Варзишгарони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ на танҳо дар мусобиқаҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ, балки дар ҳайати дастаҳои яккачини ҷумҳурӣ дар сабқатҳои сатҳи байналмилалию ҷаҳонӣ бомуваффақият баромад намуда, парчами Тоҷикистони соҳибистиқлолро партавафшон намуда, шарафи кишвари азизамонро боло бардошта истодаанд.
Воқеан, варзиш дар ҳар давру замон қосиди сулҳу дӯстӣ ва муаррификунандаи ҳар миллату давлат буд ва минбаъд низ боқӣ хоҳад монд.
Гул Маҳбуба




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика