Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди гӯштини юнонӣ-румӣ байни наврасон

49Бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳайати солим, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон, мустаҳкам намудани дӯстию рафоқат, муайян намудани беҳтарин варзишгарони дастаи яккачини «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон байни наврасон аз намуди гӯштини «юнону-румӣ», ҳамзамон омодагии дастаи «Динамо» ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ чораҳои мушаххас андешида мешавад.50

Рӯзҳои 13 то 15-уми октябри соли 2023 дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди гӯштини юнонӣ-румӣ байни наврасон барои дарёфти «Ҷоми Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ Тӯйчиев Муродҷон», ки дар Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишии шаҳри Истаравшан» баргузор гардид, 12 даста ва 100 нафар варзишгар аз шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Дар ин мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявӣ аз дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ 4 варзишгар фаъолона иштирок карда, Сироҷзода Фаррух дар вазни 55 кг сазовори чойи 3-юм гардид.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика