Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастовардҳои назарраси дастпарварони ШҶ «Динамо»

43

Рӯзҳои 23-24-уми сентябри соли 2023 бахшида ба таҷлили 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи шаҳрӣ оид ба таэквондо ВТ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» байни наврасону ҷавонон баргузор гардид.44

Дар ин чорабинии сатҳи баланд мураббиёни Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳиён Аслиддин Назрӣ ва Ғиёсов Рамазон бо 16 нафар дастпарваронашон иштирок намуда, ба гирифтани зинаҳои ифтихорӣ ноил гардиданд.
45Дар умум дастапарварони ШҶ «Динамо» соҳиби 5 медали тилло, 2 медали нуқра ва 6 медали биринҷӣ гардиданд. Варзишгарони зерин ғолибони мусобиқаи мазкур мебошанд:
- Мирзоев Абубакр дар вазни 57 кг ҷоий 1,
- Фаҳриддинов Маҳмадюсуф дар вазни 45 кг ҷоий 3,
- Раҷабов Субҳон дар вазни 48 кг ҷоий 1,
- Мусоев Анушервон дар вазни 45 кг ҷоий 1,
- Фахриддинов Юсуф дар вазни 37 кг ҷоий 1,
- Ҳамидов Иброҳим дар вазни 63 кг ҷоий 2,
- Собиров Муҳаммадрасул дар вазни 41 кг ҷоий 1,
- Шоҳиён Фахриддин дар вазни 45 кг ҷоий 3,
- Асроров Хуршед дар вазни 77 кг ҷоий 3,
- Миралиев Маъруф дар вазни 68 кг ҷоий 3,
- Шукуров Абубакр дар вазни 41 кг ҷоий 3,
- Очилов Мухаммадрасул дар вазни 33 кг ҷоий 3,
- Мирзоев Абдулло дар вазни 63 кг ҷоий 3.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика