Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пирӯзӣ муборак, Сомон Маҳмадбеков!

201Лейтенанти милитсия Маҳмадбеков Сомон Моёншоҳевич, дастурдеҳ оид ба гӯштини Ҷудои шуъбаи Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар вазни 81 кило) дар финали Бозиҳои Осиёӣ дар шаҳри Ханчжоуи Чин пас аз се пирӯзӣ бар ҳарифонаш аз Фаластин, Қирғизистон ва Қазоқистон дар қисмати ниҳоӣ (финал)-и Бозиҳои Осиёӣ-2023 бо Ли Ҷеован, намояндаи Кореяи ҷанубӣ рақобат карда, ӯро шикаст дод ва соҳиби медали тилло гардид.

Мавриди қайд аст, ки Сомон Маҳмадбеков дар соҳаи варзиши ҷудо ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, пайваста Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардорад.
Чунончи, 4 марти соли 2023 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон мусобиқаи байналмилалии Ҷудо «Taskent Grand Slam 2023» баргузор гардид, ки дар вазни 81кг Сомон Маҳмадбеков ба гирифтани медали нуқра ноил гардид.
Инчунин, аз 2 то 4 июни соли 2023 мусобиқаи байналмилалӣ Гран-При оид ба гуштини Ҷудо дар Муассисаи давлатии «Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» баргузор гардид, ки дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз 40 давлати дунё иштирок доштанд. Маҳмадбеков Сомон дар баробари 308 варзишгар дар вазни 81 кг дар ин мусобиқаи сатҳи баланд иштирок варзида, соҳиби чойи аввал ва медали тилло гардид.
Ба лейтенанти милитсия Сомон Маҳмадбеков дар ҷодаи варзиш ва фаъолияти хизматӣ барору комёбиҳои беназир таманно дорем.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика