Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории мусобиқаи гуштин байни кормандони МКД

27

Бо ташаббуси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД ва Раёсати ВКД дар вилояти Суғд аз 21 то 22 июл дар доираи чорабиниҳо бахшида ба идҳои давлатӣ - Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва таҷлил аз 32-юмин солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани мусобиқаи кушоди варзишии ҷумҳуриявӣ аз намуди гӯштини «Самбо» байни кормандон ва хизматчиёни ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд баргузор гардид. Чорабинии варзишӣ дар Маҷмааи варзишии Устопириён ташкил карда шуда, барои баргузории он дар баробари кормандони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД мураббиён ва устодони варзиши ин риштаи варзиш саҳм гузоштанд.28
Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ Усто Устопиров пеш аз оғози сабқат тартиб ва қоидаи гуштингириро фаҳмонида ба ҳама иштирокчиёни мусобиқа барори варзишӣ таманно намуд.
31Дар мусобиқаи мазкур 160 нафар паҳлавонон-кормандону хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ аз шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилоятҳои Суғду Хатлон аз рӯйи 8 дараҷаи вазнӣ 53 кг, 58 кг, 64 кг, 71 кг, 79 кг, 88 кг, 98 кг ва +98 кг иштирок ва байни ҳам нерӯсанҷӣ намуданд. Чорабинии варзишц аз рӯи системаи олимпӣ сурат гирифта, ҳар нафари мағлубгардида, аз идомаи сабқат маҳрум мегардид. Рафти мусобиқаро мураббиёни толори варзишии Устопириён ва масъулини Шӯрои ҷумҳуриявии варзишии «Динамо»-и ВКД доварӣ намуда беҳтарин самбочиёнро муайян карданд.32
Аз ҳама бештар қобилият ва маҳорати гуштингирии самбочиён аз қисмҳои ҳарбии Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД ба мушоҳида мерасид. Омодагии хуб ва таҳкурсии варзишӣ доштан имкон медод, ки онҳо бештар сазовори зинаҳои ифтихорӣ шаванд. Ҳамчунин маҳорати гуштингирии кормандони Дастаи таъиноти махсуси милитсия дар вилояти Суғд, намояндагони шуъбаҳои ВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов ва шаҳри Гулистон натиҷабахш буд. Зеро онҳо низ ба гирифтани мақомҳои фахрии мусобиқа шарафёб шуданд.
Дар қисмати ҷамъбастии чорабинии варзишӣ сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич суханронӣ намуда, зикр дошт, ки варзиш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ ҷузъи муҳим ба шумор меравад. Хосатан роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ барои солимию нерумандии ҳайати шахсӣ пайваста мусобиқаҳои варзишӣ ташкил менамоянд, то ин ки дар баробари саломатии бардавом маҳорати варзишии ҳайати шахсӣ сайқал ёбад. Сардори раёсат таъкид намуд, ки бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат майдонҳо, толорҳои варзишӣ ва дигар шароитҳои зарурӣ барои гузаронидани машқҳои тактикӣ ва варзишӣ муҷҷаҳаз гардонида, баҳри дар ҳолати омодабошии доимӣ қарор доштани ҳайати шахсӣ дар намудҳои гуногуни варзиш машқҳо ва тамринҳои инфиродиву дастаҷамъона мунтазам гузаронида мешавад.
Дар анҷоми мусобиқа ба ғолибон медал, Ифтихорнома, Сипоснома, ҷом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. Дар баробари қадршиносии маҳорати инфиродӣ, ҳамзамон дастоварди даставии иштирокчиёни мусобиқа қадршиносӣ карда шуд. Ҳамин тариқ аз ҳисоби даставӣ ҷойи аввал насиби дастаи Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД, мақоми дуюм ба Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ва зинаи сеюми ифтихориро самбочиёни Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон сазовор гаштанд.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика