Дар партави чорабиниҳо бахшида ба «Рӯзи ваҳдати миллӣ» байни шуъбаву хадамотҳои Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо иштироки 16 даста барои дарёфти "Ҷоми сардори РВКД дар вилояти Суғд" мусобиқаи футболи хурд доир гардид. Ҳадафи мусобиқаи варзишӣ ҷалби ҳайати шахсӣ ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим гуфта шуд, ки чун анъана ҳамасола ба муносибати ҷашнвораҳои миллӣ ва соҳавӣ баргузор мешавад.
Мусобиқа дар ду майдончаи варзишии «Лочин»-и шаҳри Хуҷанд бо ҷалби мураббиёни дастаи футзали «Сипар» ҷараён гирифт. Ҳамзамон масъулини Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД дар вилояти Суғд ва Шуъбаи кадрҳои Раёсат ҷиҳати ташкили сифатнокии мусобиқа вазифадор шудаанд. Дар ду зергуруҳ, ки ҳар кадом аз 8 даста иборат буд ҳамарӯза дастаҳо вориди майдони сабз гардида аз чор то шаш бозӣ ташкил мешуд. Мусобиқа аз рӯи реҷаи системаи даврӣ ҷараён гирифт. Ҳамин тавр чор дастаи беҳтарину муваффақи мусобиқа дастаҳои Шуъбаи кофтукови ҷиноятӣ, Шуъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ва Шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Раёсат ба давраи ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд.
Дар натиҷа, дастаи Шуъбаи кофтукови ҷиноятӣ дастаи Шуъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро бо ҳисоби 5-1 шикаст дода пайроҳаи худро ба давраи ниҳоӣ кушод. Бозии дастаҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ бо Шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ дар даври асоси мусовӣ 2 бар 2 анҷом пазируфта барои муайян кардани ғолиб довари мусобиқа зарбаҳои 11 метра таъин намуд. Дар ин марҳилаи ҳассосу ҳалкунанда омади варзишӣ насиби футболбозони дастаи Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ гашт, ки дуюмин иштирокчии давраи ниҳоӣ шуданд.
Бозии финалии мусобиқа байни дастаҳои Шуъбаи кофтукови ҷиноятӣ ва Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ҳарчанд хубу шавқовар ҷараён гирифта бошад ҳам, дар ду давраи асосӣ бе гол хотима ёфт. Натиҷаи ҳалкунандаи мусобиқа бо таъин намудани зарбаҳои 11 метра муайян шуд. Ҳарчанд баробарии қувваҳо дар рафти задани ҷаримазарбаҳо ба назар мерасид аммо дар ниҳоят дастаи Шуъбаи кофтуковӣ чиноятӣ аз болои ҳариф бартарӣ нишон дода ғолиби мутлақи мусобиқа гашт. Зинаҳои баъдии ифтихориро дастаҳо ба таври зайл соҳиб шуданд. Дастаи Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ҷойи дуюм ва дастаи Шуъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мақоми сеюмро ба номи худ сабт карда, ғолибони мусобиқа эътироф шуданд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич иштирок намуда бори дигар аз мавқеи варзиш дар ҳаёти шахс, солимгардонии руҳу ҷисм, ташкили мусобиқаҳо барои тарғиби тарзи ҳаёти солим ёдоварӣ кард. Гуфта шуд, ки ҳар як мусобиқаи варзишӣ бояд ғолиб дошта бошад ва ғолибият насиби касе мешавад, ки дар ҳақиқат бо тамринҳои доимӣ ба мусобиқа омодагӣ мебинад.
Дар вазъияти тантанавӣ аз тарафи роҳбарияти Раёсат ба ғолибон медалу Сипоснома ва Ҷоми мусобиқа супорида шуд. Ҳамчунин маҳорати варзишии аъзоёни дастаҳо дар алоҳидагӣ қадршиносӣ шуда ба дарвазабон, ҳимоятгар, нимҳимоятгар, ҳамлагар ва футболбози беҳтарин Сипосномаи сардори Раёсат ва туҳфа тақдим гардид.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>