Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи байналмилалии «Гран Прии Душанбе – 2023»

21

Мусобиқаи сатҳи баланди байналмилалии Гран Прии Душанбе-2023, бори аввал аз тарафи Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар пойтахти мамлакат доир гардид, ки дар он 300 варзишгар аз 40 давлати ҷаҳон иштирок карда истодаанд. Дар маросими кушодашавии аввалин Гран Прии Душанбе, Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо Мариус Визер, президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир ширкат карданд.22
Пешвои муаззами миллат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо Президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо Мариус Визер мулоқот карданд, дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ва Федератсияи байналмилалии ҷудо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Изҳори итминон карда шуд, ки ин ҳамкорӣ дар оянда низ идома ёфта, ҷудои тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба натиҷаҳои баланди варзишӣ ноил хоҳад шуд. Ҷонибҳо ҳамзамон аз сатҳи имрӯзаи ҳамкории Тоҷикистон ва Федератсияи байналмилалии ҷудо изҳори қаноатмандӣ намудаанд.
Зикр шудааст, ки пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе барои баргузории ин ҳамоиши сатҳи баланди байналмилалии варзишӣ омода буда, барои рушди риштаи гуштини ҷудо тамоми тадбирҳо андешида мешаванд.
Баргузории як мусобиқаи бузург бо ташаббуси раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи байналмилалии дзюдо сурат гирифтааст.
Қобили қайд аст, ки Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон муҳтарам Исмоили Маҳмадзоир ҳамеша дар пайи дастгириҳои ҳамаҷиҳатии варзишгарони ватанӣ буда, барои рушди ин намуди варзиш дар Тоҷикистон, таблиғи арзишҳои маънавӣ ва фарҳангии он кӯшиш менамояд.
Тоҷикистонро дар сабқат варзишгарони зерин намояндагӣ мекунанд: Эмомалӣ Нуралӣ, Обид Ҷебов, Беҳрӯз Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков, Комроншоҳи Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов, Ҳақназар Назаров, Эмомризо Анварзода, Исроил Раҳимов, Раҳматулло Мирзоев, Абубакри Акобир, Темур Раҳимов, Шакармамад Мирмамадов.
Умедворем, ки мусобиқаи сатҳи баланди байналмилалии “Гран При Душанбе-2023”, ки бори аввал аз тарафи Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар пойтахти кишвар доир мегардад, натиҷаҳои хуб ба бор хоҳад овард.
Дастурдеҳи кафедраи ТМ ва ОҶ
Академияи ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
лейтенанти милитсия Саъдуллозода К.С.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика