Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи касбии оташнишонӣ дар шаҳри Душанбе

249

Тавре ба ҳамагон маълум аст, варзиш дар ҳама давру замонҳо барои тандурустӣ, чолокиву далерӣ ва ҷасурии инсон омили асосӣ маҳсуб ёфта, дар ташаккули шахсияти ҷисман ва рӯҳан солим аҳамияти муҳим дорад.250
Вобаста ба ин, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ба масъалаи тайёрии ҷисмонии ҳайати шахсӣ ва омодагии рӯҳию равонии онҳо таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, тамоми шароитҳои зарурии барои ба варзиш машғул шудан ва ташкилу баргузор намудани мусобиқаҳои варзиширо муҳайё гардонидааст.
251Дар ин замина, бахшида ба рӯзи «Ваҳдати миллӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 19 ва 20-уми майи соли ҷорӣ дар Варзишгоҳи машқӣ-таълимии Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе мусобиқаи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба варзиши касбӣ-оташнишонӣ дар байни ҷузъу томҳои гарнизонҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ баргузор гардид.
Мусобиқаро бо суханони ифтитоҳӣ муовини аввали Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД палковники хизмати дохилӣ Маҳмудзода Маҳбуб кушода эълон намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки варзишгарони Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар мусобиқаҳои гуногуни Вазорати корҳои дохилӣ ва миёни сохторҳои қудратии мамлакат, инчунин корхонаю ташкилотҳо фаъолона баромад намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
Дар интиҳои баромади худ Маҳмудзода Маҳбуб ба ҳайати доварон шаффофияти рафти мусобиқа ва ба ҳамаи вазишгарон чусту чолокӣ ва сабқати ҷавонмардонаю ноил шудан ба натиҷаҳои беҳтарини варзиширо таманно намуд.252
Боиси тазаккур аст, ки дар мусобиқа 7 дастаи мунтахаби ҷузъу томҳои шаҳри Душанбе бо теъдоди 12 нафарӣ аз ноҳияҳои тобеи марказ аз ҷумла ҚММ СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҚМ-14 ҲХДО оид ба муҳофизати шаҳри Ваҳдат, ҚМ-15 ҲХДО оид ба муҳофизати шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ, ҚМ-27 ҲХДО оид ба муҳофизати ноҳияи Шаҳринав, ҚМ-17 ҲХДО оид ба муҳофизати шаҳри Ҳисор, ҚМ-18 оид ба муҳофизати ҶСК «Ширкати алюминийи Тоҷик»-и шаҳри Турсунзода, курсантони Академияи ВКД ва курсантони «Коллеҷи техникии оташнишонӣ»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара» ширкат варзиданд.
Дар мусобиқа варзишгарон аз рӯи намудҳои:
- Баромадан бо зинапояи муҳорибавӣ ба ошёнаи 4-уми манораи таълимӣ бо 2 кӯшиш (дар ҳайати 5 нафар варзишгарон);
- Давидан ба масофаи 100 метр бо монеаҳояш (дар ҳайати 5 нафар варзишгарон);
- Густариши муҳорибавӣ (дар ҳайати 1 даста бо 7 нафар варзишгарон)
- Эстафетаи оташнишонӣ 4х100 метр (дар ҳайати 1 даста бо 4 нафар варзишгарон) байни худ қувваозмоӣ намуданд.
Натиҷаҳои мусобиқа нишон дод, ки ҷойи якумро ҚМ-18 ҲХДО оид ба муҳофизати ҶСК «Ширкати алюминийи Тоҷик»-и шаҳри Турсунзода, ҷойи дуюмро ҚМ-27 ҲХДО оид ба ноҳияи Шаҳринав ва ҷойи сеюмро ҚМ-17 ҲХДО оид ба муҳофизати шаҳри Ҳисор ишғол намуданд.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ мушовири калони Вазири корҳои дохилӣ полковники милитися Ҷураев Ориф Олтинович барои ширкат дар мусобиқа ба варзишгарон изҳори миннатдорӣ баён намуда, дар якҷоягӣ бо собиқадорони соҳа онҳоро бо Ҷому медал, Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонид.
Тавре дар боло қайд кардем, вобаста ба натиҷаҳои нишондодаи беҳтарин дар мусобиқа, аз ҳисоби варзигарон дастаи мунтахаби хадамот ташкил карда мешавад, ки онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ давлату миллати моро муаррифӣ хоҳанд кард.

 

Билол Абдукаримзода
СХДО ВКД ҶТ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика