Тоҷикистони азизамон дар даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаи варзиш ба дастовардҳои намоён ноил гардида, варзишгарон пайваста кушиш ба харҷ медиҳанд, ки Парчами кишварамонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд.
Варзиш яке аз омилҳои асосии муаррифӣ намудани миллату давлат ба ҳисоб меравад. Варзишгарони тоҷик аз ҳама намуди варзиш дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд. Дар ин радиф 26 апрели соли 2023 дар Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ғалаба бар фашизм байни дастаҳои ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ футболи хурд ташкил ва гузаронида шуд.
СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>