3-юми апрели соли 2023, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ки ҳамзамон Раиси Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ба Кумитаи миллии олимпӣ ва Маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе ташриф оварда, бо варзишгарону намояндагони дастаи мунтахаби мамлакат оид ба шиноварӣ вохӯрӣ доир намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Р.Ҳ. зикр кард, ки маҷмааи варзиши обӣ ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, варзишгарон бояд пайваста ба машқу тамрин машғул гардида, ҷиҳати дар сатҳи баланд нишон додани маҳорату малакаи касбӣ ва иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ба таври ҷиддӣ омода бошанд.
Маҳз, дастгирию ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат ба варзиш боиси устувор гардидани базаи моддию техникӣ барои оммавигардонии варзиш ва омода намудани варзишгарони касбии сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ гардидааст.Изҳори боварӣ карда шуд, ки варзишгарони шиновари кишварамон дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ баромад намуда, бо ишғоли мақомҳои ифтихорӣ нуфузу эътибор ва парчами Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардоранд.
Гул Маҳбуба, полковники милитсия
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>