Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи бандкашӣ бахшида ба ҷашни “Наврӯзи байналмилалӣ-2023”

 103_IMG

Варзиш қисми муҳими фарҳанги умумибашарӣ ва қосиди сулҳу амонӣ буда, ба таҳкими саломатӣ ва инкишофи қобилияти ҷисмониву маънавии инсон мусоидат мекунад. Бинобар ин, имрӯз рушд ва пешрафти ҷаҳони муосир ба ду ҷанбаи асосӣ: яке ба илму техника ва технология, дигаре ба солимии афроди ҷомеа сахт марбут аст. Зеро, тани солиму ақли солим кори солимро анҷом медиҳад. Дар воқеъ, шахс тавоноии ҷисмониашро бо хирад пайваста, ҳамеша соҳиби обрӯву эҳтиром мегардад, ки намунаи пайравист. 101_IMG
Боиси шукргузориву фараҳмандист, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ бо талошҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти варзишу тарбияи ҷисмонӣ, ки самти муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ва дар ин замина афзалиятнок ба шумор меравад, пешравиҳои зиёде ба вуқуъ омада, ба мардуми кишвар тамоми шароитҳоро барои тараққӣ додани тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш муҳайё намудааст. Оре, миллате, ки варзишист-миллати солим аст ва саломатии миллат боигарии давлат маҳсуб меёбад.
 102_IMGДар робита ба ин, бо ибтикори Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар тамоми сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ иншоотҳои зиёди варзишӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки дар баробари гузаронидани машғулиятҳои ҷисмонӣ бо ҳайати шахсӣ, инчунин пайваста дар онҳо чорабиниҳои гуногуни варзишӣ низ дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида мешаванд.
Аз ҷумла, дар Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ҷузъу томҳои он ҳам майдонҳову толорҳои варзишии замонавӣ барои ба варзиш машғул шудани кормандон бо тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё буда, мувофиқи фармоишу нақшаи чорабиниҳои варзишии тасдиқнамудаи сардори СХДО ВКД генерал-майори хизмати дохилӣ Бахтиёр Умарзода мунтазам дар онҳо мусобиқаҳои бонуфузи мухталифи варзишӣ байни сохторҳои хадамот ва бо дигар хадамоту мақомотҳо дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуда, ҷиҳати ҳавасмандгардонии вазишгарон тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. 104_IMG
Дар ин замина, бо мақсади тарғиби ҳаёти солим, ҷалби бештари кормандон ба намудҳои гуногуни варзиш ва муайян намудани варзишгарони болаёқат барои дастаи мунтахаби Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бахшида ба Иди байналмиллалии «Наврӯз-2023» дар варзишгоҳи машқи-таълимии Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе 15-уми марти соли равон мусобиқаи шахсӣ-даставии СХДО ВКД оид ба «Бандкашӣ» байни дастаҳои ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии оташнишонии гарнизони Душанбе баргузор гардид.
000002Мусобиқаро бо суханони ифтитоҳи ёрдамчии сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ полковники милитсия Аслиддин Шоҳиён кушода эълон намуда, ба ҳамаи варзишгарон комёбиҳои назарраси варзиширо таманно намуд.
Дар мусобиқаи намуди «Бандкашӣ» 16 дастаи варзишгарони Хадамоти давлатии оташнишонӣ байни худ қувваозмоӣ намуданд. Тавре саркотиби мусобиқа-муҳандиси калони Шуъбаи хизмат ва омодагии СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники хизмати дохилӣ Шарифзода Шариф Мирсаид иттилоъ дод, мусобиқаи шахсӣ-даставии мазкур мутобиқи қоидаҳои Федератсияи байналмиллалии TWIF (бо анъанаҳои миллӣ) таври олимпӣ яъне хориҷ шудан баъди бохт, гузаронида мешаванд. Ҳайати дастаҳо аз 6 нафар варзишгар ва 1 нафар мураббӣ иборат мебошанд. Дастаҳои варзишгарон мувофиқи қуръапартои бо якдигар рақобат карданд ки ғолибони мусобиқа бошанд, аз рӯи шумораи зиёди ғолибият муайян карда шуд. Ҷойи аввал
Бисёр ҳам ҷолиб ҷараён гирифтани рақобат байни дастаҳои варзишӣ ҳайати доварону мухлисони ин намуди варзиш ва тамошобинонро хеле шоду хурсанд намуда, аз тайёрии ҷиддӣ дидани дастаҳои варзишшӣ ба мусобиқаи ҷашнӣ шаҳодат медод.
Сардовари мусобиқа-сардори Шуъбаи хизмат ва омодагии Сарраёсат полковники хизмати дохилӣ Давлатмурод Сангов натиҷаҳои чорабинии варзиширо ҷамъбаст намуда иброз намуд, ки ҷойи аввалро
ба дастаи ҚМ-13 ҲХДО оид ба муҳофизати шаҳри Турсунзода, ҷойи дуюм ба дастаи РХДО-и шаҳри Душанбе ва ҷойи сеюм ба дастаи ҚМ-2 ҲХДО оид ба муҳофизати ноҳияи Фирдавсӣ ишғол намуданд.000001
Дар интиҳои чорабинӣ ёрдамчии сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ полковники милитсия Аслиддин Шоҳиён ба ғолибони мусобиқа Ҷому Диплом ва Ифтихорномаву тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда, барои иштироки фаъолона ва омодагии хубашон ба чорабинии варзишӣ изҳори сипосу минатдории самимӣ баён намуд.
Воқеанҳам, саломатӣ барои ҳар як инсон ва ҷомеа беҳтарин неъмат ба шумор меравад, агар тарзи ҳаёти солим ба ҳар хонадон наздик бошад, бешубҳа онҳоро аз амалҳои зишту ношоям дур ва дар байни ҷомеа сарбаланду накӯном мегардонад. Зеро, руҳи солим дар ҷисми солим буда метавонад.
Билол Абдукаримзода, корманди СХДО ВКД ҶТ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика