7-уми марти соли 2023 дар толори варзишии Шӯрои ҷиумҳуриявии "Динамо"-и ВКД маросими ҷамъбастии мусобиқаҳои кушод аз намуди футболи хурд, гӯштини ДЗЮ-ДО, шашка ва шоҳмот миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаю идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти "Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ" бахшида ба 30 солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Бояд ёдовар шуд, ки мусобиқаи мазкур аз 6 феврал то 7 март идома ёфт, ки дар он футболбозон ба ду гурӯҳ - ҷавонон ва собиқадорон дар маҷмӯъ 32 даста ба ҳам рақобат карданд.Ҳамин тавр, дар ҷамъбасти мусобиқаи футболи хурд миёни ҷавонон ҷойи аввалро дастаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиб гардида "Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ"-ро ба даст оварданд. Зинаи дуюм ба дастаи "Динамо"-и ВКД ва ҷойи сеюм бошад насиби дастаи 1M GROUP гардид.
Дар ин намуд, инчунин миёни собиқадорон ҷойи аввалро дастаи "Вавилон", ҷойи дуюм ба дастаи Фирдавс-40 ва дар ҷойи сеюм тими "Испечак" қарор гирифт.
Дар маросими ҷоизасупорӣ ғолибони мусобиқаи футболи хурд ва варзишгарон аз номи Вазири корҳои дохилӣ бо Ҷом, медал ва Сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Тоҷиддин ЛАТИПОВ
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>