Бо ташаббуси сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич бахшида ба «Рӯзи Модар» дар толори варзишии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд мусобиқаи варзишӣ аз рӯйи намудҳои тениси рӯйи миз ва шашка байни корманд-занони мақомот баргузор гардид.
Ташкил ва гузаронидани мусобиқаи варзиширо масъулини Шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Раёсати мазкур ва кормандони Шӯрои ҷумҳуриявии варзишии «Динамо»-и ВКД дар минтақаи Суғд ба зимма доштанд.
Дар маросими кушодашавии мусобиқа рӯзи 4 март роҳбарияти Раёсат ба иштирокчиёни мусобиқа нишондиҳандаҳои хуби варзишӣ таманно намуда, мақсади чорабинии варзиширо пеш аз ҳама арҷ гузоштан ба бузургии Зан-Модар, эҳтиром ба ҷинси латиф ва байни бонувон тарғиби дӯстдории варзиш, ки ҳифзкунандаи саломатӣ ва бақои умри инсон аст, унвон карданд.Тениси рӯи миз бо иштироки 14 нафар бо сабқат дар ду мизи тенисбозӣ, мусобиқаи шашка бо ҳузури 18 нафар корманд-занони шуъбаву хадамотҳои дастгоҳи марказии Раёсат ва шуъбаҳои ВКД дар вилояти Суғд, ки қобилият ва таҷрибаи бозӣ дар ин намудҳои варзиш доштанд, ҷараён гирифт.
Мусобиқаҳо аз рӯи намуди олимпӣ таҳти назорати масъулини Шӯрои ҷумҳуриявии варзишии «Динамо»-и ВКД бо доварии устодони варзиш ва мураббиёни соҳа сурат гирифта ҳар нафари аз ҳарифи худ шикастхӯрда аз идома додани бозӣ маҳрум мегардид.
Ҳамин тавр, дар намуди тенис бо нишон додани маҳорати хуби тенисбозӣ подполковники милитсия Воҳидзода Моҳрӯ Абдуғаффор - ваколатдори оперативии Раёсати мазкур ғолиби мусобиқа ва сазовори ҷойи аввал гашт. Мақоми дуюмро капитани милитсия Мутриба Раҳмонова корманди Шуъбаи молиявӣ-иқтисодӣ ва ҷойи сеюмро лейтенанти калони милитсия Мадина Негматзода корманди Маркази иттилоотии Раёсат ишғол намуданд.
Дар намуди бозии зеҳнии шашка низ ҷоизадорони мусобиқа муайян шуданд. Маҳорати инфиродии лейтенанти милитсия Дилноза Ғафурӣ нозири Шуъбаи нозиротӣ-ташкилӣ имкон дод, ӯ нисбати дигарон бартарият нишон дода мақоми ифтихорӣ - ҷойи якумро гирад. Майорони милитсия Матлуба Азизбоева ва Назармо Мамадамонзода кормандони Маркази иттилоотии Раёсат мутаносибан зинаҳои дуюм ва сеюмро сазовор гаштанд.
Тавре аз кумитаи тадорукоти чорабинӣ иттилоъ доданд ғолибони мусобиқа дар рафти чорабинии тантанавии идона ба муносибати «Рӯзи Модар», ки дар Раёсат ҷашн гирифта мешавад бо туҳфаҳо қадршиносӣ мегарданд.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>