Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Спартакиадаи варзишӣ бахшида ба 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

203

Тибқи нақшаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 18-22-юми феврали соли 2023 аз ҷониби кафедраи тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонии Академияи ВКД, ки роҳбарии онро довари дараҷаи байналмилалӣ, подполковники милитсия Латиф Муҳиб Лоҷварбек ба уҳда дорад, як қатор чорабиниҳои ҳарбӣ-варзишӣ бахшида ба 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гаардид.204
Мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишӣ байни Муассисаҳои таълимии низомии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пойгоҳи низомии 201-и Федератсияи Россия дар Тоҷикистон, аз намудҳои варзиши "Волейбол, футболи хурд, шоҳмот, шашка, ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ намудани таппончаи Макаров ва автомати Калашников» доир гардид.
205Дар ин чорабинӣ дастаи Мактаби олии КДАМ бо гиифтани 1 медали тилло ва як медали биринҷӣ сазовори ҷойи 3-юм гардид, Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ бо гирифтани 1 медали тилло, 1 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ сазовори ҷойи 2-юм гардид ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гирифтани 4 медали тилло ва 1 медали биринҷӣ сазовори ҷойи 1-ум гардид.
Маросими кушодашавӣ рӯзи 20-уми феврал бо иштироки мушовири Вазири корхои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Ҷураев Ориф Олтинович, намояндаи Пойгоҳи низомии 201-и Федератсияи Россия дар Тоҷикистон ва намояндагони муассисаҳои олии низомии кишвар сурат гирифт.
Дар маросими ҷамъбастӣ аз ҷониби муовинони сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия Ализода А.Ш. ва Шарифзода М.С., ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои варзишии мазкур бо Ҷом, медал, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ дар маросими тантанавӣ қадрдонӣ гардиданд.
Убайдуллоев Ш.Э.
Нурализода А.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика