Чи тавре қаблан хабар додем, аз 5-ум то 11-уми декабри соли равон дар минтақаи Белоярски Федератсияи Россия мусобиқаи варзишӣ барои дарёфти Ҷоми ҷаҳонии бокс миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нафт баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз Озарбойҷон, Миср, Конго, Гурҷистон, Беларус, Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд.
Рақобатҳо аз рӯи 13 вазн миёни мардон ва 6 вазн миёни занон ҷараён гирифт. Корманди Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, лейтенанти милитсия Миҷгона Самадова дар вазни 57 кг сазовори медали тилло гардида, ба Ватан баргашт.
Варзишгари дигари тоҷик тирандози калони ДТММ ВКД лейтененти хурди милитсия Музаффарзода Меҳриноз Баҳрихон, ки иштирокчии ин чорабинии варзишӣ буд, дар вазни 81 кг бо нишон додани маҳорати баланди варзишӣ сазовори ҷойи 3-юм гардид.
17-уми декабр дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Музаффарзода Меҳринозро кормандони ДТММ ВКД, намояндагони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД, мураббиён ва наздикону пайвандонаш самимона пешвоз гирифтанд.
Қайд кардан зарур аст, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс дар 5-ум Ҷоми ҷаҳон миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нафт сазовори 6 медал: 2 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ гардиданд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>