Варзишгарон, ки муаррифигару парчамбардорони давлату миллатанд, аз ҷониби роҳбарияти олии кишвар пайваста дастгирӣ меёбанд. Махсусан солҳои охир бо талошҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади тамрини варзишгарон тамоми шароитҳои лозима муҳайё карда шудаанд.
Боиси хурсандист, ки муштзанбонуи тоҷик, корманди Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, лейтенанти милитсия Миҷгона Самадова дар Ҷоми ҷаҳонии бокс миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нефт сазовори медали тилло гардид.
Қобили зикр аст, ки мусобиқаи мазкур бо иштироки варзишгарон аз Озарбойҷон, Миср, Конго, Гурҷистон, Беларус, Тоҷикистон, Узбекистон аз 5-ум то 11-уми декабр дар минтақаи Белоярски Россия баргузор гардид.
Рақобатҳо аз рӯи 13 вазн миёни мардон ва 6 вазн миёни занон ҷараён гирифт.
Миҷгона Самадова дар вазни 57 кило сабқат намуда, то ба финал расидан бар намояндагони кишварҳои Беларус ва Россия дастболо шуд. Ӯ дар рақобати ниҳоӣ бар мизбони мусобиқа Евгения Лочканова ғалаба ба даст овард ва медали тиллоро соҳиб шуд.
16-уми декабр парчамбардори кишварро дар фурудгоҳи байналмилали шаҳри Душанбе роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, масъулини соҳаи варзиши кишвар, мураббиён ва хешону пайвандон самимона пешвоз гирифтанд.
Миҷгона Самадова соли дуюм аст, ки ба гирифтани медали тиллои Ҷоми ҷаҳон даст меёбад. Соли гузашта низ дар ин мусобиқа Миҷгона мақоми аввалро сазовор шуда буд.
Ҳамин тариқ, дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс дар 5-ум Ҷоми ҷаҳон миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нефт сазовори 6 медал – 2 тилло, 1 нуқра, 3 биринҷӣ – гардиданд.
Медали тиллои дуюмро дар ин чорабинии сатҳи баланд Шамшер Саидов дар вазни 67 килло ба даст овард.
Миҷгона яке аз беҳтарин кормандони милитсияи пойтахт ба ҳисоб рафта, бо донишу малакаи касбӣ ва хислатҳои ҳамидаи инсонии худ намунаи ибрати дигарон аст. Аз ҷониби роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт низ ҷиҳати ба варзиш машғул гардидани Миҷгона Самадова тамоми шароитҳои лозима таъмин карда шуда, пайваста мавриди таваҷҷӯҳ ва дастгирӣ қарор мегирад.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки минбаъд низ дар мусобиқаҳои сатҳи баланду байналмилалӣ иштирок намуда, парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нуфузу обрӯи миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардорад.
Сироҷиддин Шукурӣ, капитани милитсия
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>