Тибқи нақшаи кории Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилӣ ҳар сол дар ҷумҳурӣ Чемпионати кушод оид ба шиноварӣ бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор мегардад
Рӯзи 15-уми ноябри соли 2022 дар толори "Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ"-и шаҳри Душанбе бо иштироки зиёда аз 100 шиновар аз ҳама гӯшаю канори ҷумҳурӣ мусобиқаи кушоди шахсӣ ва даставӣ баргузор гардид. Бояд қайд намуд, ки варзишгарони иштирокчӣ аз рӯи намудҳои варзиши шиноварии тарзи озод, баттерфлай, брасс, пуштнокӣ ба масофаҳои 50 метр, 100 метр, маҷмуавӣ ба масофаи 200 метр ва эстафетаи даставӣ дар масофаи 4х50 метр байни занҳо ва мардҳо дар алоҳидагӣ бо ҳам рақобат намуданд.
Дар маросими кушодашавии мусобиқаи мазкур Котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки мусобиқаи мазкур бо дастгирии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ки ҳамзамон Раиси Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, тайи ду рӯз идома ёфта, дар анҷоми мусобиқа ба ғолибон Ҷом, медал ва туҳфаҳои арзишнок тақдим карда мешавад.
Гул Маҳбуба, полковники милитсия
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>