Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Варзишгарони СХДО ВКД дар мусобиқаи ҷашнӣ ҷойҳои ифтихориро ишғол намуданд

20220906 172106

Дастаи варзишгарони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ аз 4 август то 6 сентябри соли 2022 дар мусобиқаи кушоди шахсӣ-даставии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намудҳои «Футболи хурд», «Волейбол» ва «Гӯштини миллӣ» барои дарёфти Ҷоми Фармондеҳи Қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, бахшида ба таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қисми низомии №3502 баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд.

Дар чорабинии варзишӣ 13 дастаи воҳидҳои сохтории Вазорати корҳои дохилӣ байни худ сабқат намуданд. Бояд қайд кард, ки мусобиқаи волейбол хеле ҷолиб ва хотирмон ҷараён гирифта, дастаи волейболбозони Хадамоти давлатии оташнишонӣ аз худ таёрии ҷисмонии хуб ва маҳорати баланди варзишӣ нишон доданд. Тавре, мураббиӣ даста-сардори Шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии СХДО ВКД полковники милитсия Соҳибназар Маҳмуд Сафаралӣ иброз дошт, варзишгарон лейтенантони калони хизмати дохилӣ Ҷамшедӣ Ҷовидон Озодбахтзода, Шарипов Мансур Наимжонович, Сафаров Шӯҳрат ва Чоршанбиев Наҷиб дар қатори дигар бозингарони даста бозии хеле хуб нишон доданд ва даста ҷойи якумро сазовор гардида,бо медалу Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Боиси хуррсандист, ки дастаи варзишгарони Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар мусобиқаи намуди «Гӯштини миллӣ» низ натиҷаи хуб нишон дода, ҷойҳои ифтихориро ишғол намуданд.

20220906 173148

Аз он ҷумла, дар вазни 65 кг ронандаи шартномавии басти навбатдории қисми мустақили 16-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ҷаъфар Арафат Ризо ҷойи якум ва дар вазни 86 кг муҳандиси калони Шуъбаи хизмат ва омодагии СХДО ВКД подполковники милитсия Шарифзода Шариф Мирсаид ҷойи сеюмро ишғол намуда, бо Ҷому Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Қобили қайд аст, ки аз рӯи натиҷаҳои умумидаставӣ дастаи яккачинӣ СХДО ВКД дар мусобиқа ҷойи дуюмро ишғол намуд.
Тибқи иттилои сармураббиӣ дастаи варзишгарони СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистом-муҳандиси калони Шуъбаи хизмат ва омодагии сарраёсат подполковники милитсия Шарифзода Шариф Мирсаид сабаби асосии ишгғол намудани ҷойҳои ифтихорӣ аз тарафи варзишгарони хадамот дар мусобиқа маҳз аз тайёрии ҷиддӣ дидани ҳар яки онҳо ба чорабинии варзишӣ мебошад. Ғолибияти варзишгарон дар мусобиқа ва соҳиби Ҷоиза гардидани дастаи варзишгарони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо боиси шодию хурсандии худи варзишгарон, балки ҳамчунин сабаби хушрӯзию хушҳолии ҳар як корманди Хадамоти давлатии оташнишонӣ гардида аст.
Тавре, сардори Шуъбаи хизмат ва омодагии СХДО ВКД полковники хизмати дохилӣ Давлатмурод Сангов иброз дошт, варзиш ҳамчун гарави саломатӣ, қосиди сулҳ ва василаи дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кардани давлату миллат дар ҷаҳон эътироф гардидааст. Аз ин лиҳоз, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ҷиҳати ба варзиш машғул шудани ҳайати шахсӣ ҳамаи шароитҳои заруриро муҳайё намуда, барои дар сатҳи баланд ташкилу баргузор намудани мусобиқаҳои варзишӣ дар байни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар вазорату идораҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, бобати иштироки варзишгарони муваффақи мақомот дар мусобиқаҳои байналмилалӣ саъю кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд. Бояд гуфт, ки дар охири моҳи сентябри соли ҷорӣ баргузории мусобиқаи байналмилалии касбӣ-оташнишонӣ дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузаронида мешавад, ки дастаи варзишгарони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ низ дар он иштирок менамоянд ва мо умедворем, ки варзишгарони мо дар ин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ низ ҷойҳои ифтихориро ишғол намуда, давлату миллати моро дар арсаи байналмилалӣ сазовор муаррифӣ хоҳанд намуд.
Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД ҶТ




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика