Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибони «Ҷоми Қӯшунҳои дохилии ВКД» муайян шуданд

IMG 2953

Рӯзи 6-уми сентябр дар варзишгоҳи қисми ҳарбии 3502-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД маросими пушидашавии мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти «Ҷоми Қӯшунҳои дохилии ВКД» баргузор гардид. Дар он Фармондеҳи ин раёсат генерал-майор Суҳроб Рауфзода, намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он иштирок намуданд.
Бояд зикр намуд, ки аз 4-уми август то 6-уми сентябр бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои кушоди шахсӣ-даставӣ байни сарраёсат, раёсатҳо ва ҷузъу томҳои ВКД аз намудҳои футболи хурд, волейбол ва гӯштини миллӣ гузаронида шуд.
Мусобиқаҳои мазкур бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва тайёрии ҷисмонии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ва дарёфти чеҳраҳои нави варзиш дар ВКД доир гардид. Яъне, бо ин восита, беҳтарин варзишгарон аз дохили ҷузъу томҳои ВКД пайдо ва дар оянда дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз он муаррифӣ мегарданд.
Мусобиқаҳои варзиширо нафарони пуртаҷрибаи федератсияҳои варзишии кишвар доварӣ намуданд. Пас аз рақобатҳои зиёд ғолибон муайян карда шуданд.
Ҳамин тавр, даври ҷамъбастии мусобиқаи футболи хурд байни дастаҳои Шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат ва РҚД ҷарайён гирифт. Дар натиҷа, бо ҳисоби 1 бар 0 ғолиби мусобиқаи футболи хурд дастаи ШВКД дар шаҳри Ваҳдат гардид. Зинаи дуюмро футболбозони дастаи РҚД ва дар зинаи баъдӣ тими РВКД дар шаҳри Душанбе қарор гирифтанд.

IMG 2921
Дар мусобиқаи футболи хурд дарвозабони беҳтарин - Эраҷ Ҳурматов аз дастаи РВКД дар шаҳри Душанбе, муҳофизатгари беҳтарин - Муҳаммад Холов аз дастаи ШВКД дар шаҳри Ваҳдат, ниммуҳофизатгари беҳтарин - Фаридун Тоҳирзода аз ҳамин даста, ҳамлагари беҳтарин - Ҷамшед Кӯчкаров аз дастаи РҚД ва беҳтарин бозингар - Дилшод Восиев аз ҳамин даста дониста шуданд.
Дар намуди волейбол бошад, дар ҳисоби даставӣ ҷойи аввалро дастаи СХДО ВКД, зинаи дуюмро РҚД ва ҷойи сеюм насиби волейболбозони Академияи ВКД гардид.
Дар намуди гӯштини миллӣ бошад, ҷойи аввал насиби гӯштингирони РҚД, дар ҷойи дуюм тими СХДО ва дар зинаи сеюм дастаи Академия ғолибият ба даст оварданд.
Ба ғолибон аз ҷониби роҳбарияти Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷом, медал, Ифтихорномаю Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

IMG 2846

Тоҷиддин ЛАТИПОВ




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика